logo

фарҳанг

КОРКАРДИ БАДЕӢ ДАР ЧӮБ. ЭҲЁИ ҲУНАРИ ҚАДИМӢ

Кандакорӣ дар чӯб навъи санъати нодири ороишиву пардозкорист, ки барои зинат додани ашёи рӯзгор, ҷузъҳои меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ ба кор меравад. Он қадимтарин ва маъмултарин навъи санъати ороишии амалист ва анвои гуногун дорад. Ба намуди санъати ороишӣ - амалӣ ҳунармандони бисёр машғуланд. Қурбон Мазбутов яке аз  устоҳои маъруф ва соҳибмактаби ин соҳа мебошад.

Ӯ дар оилаи дуредгар ба дунё омада, хатмкардаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 67 - и шаҳри Душанбе мебошад ва зиёда аз 17 сол инҷониб ба кандакорӣ машғул аст. Бо ташкил ёфтани коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ӯ ҳамчун мутахассиси болаёқат ба ин даргоҳи ҳунар ба кор даъват шуд ва то ҳол дар ин макони ҳунар фаъолона кор карда истодааст. Шогирдон аз устод нозукиҳои ин касбро бо шавқи том меомӯзанд. Маҳсули эҷоди усто ва шогирдони ӯ дар озмуну намоишгоҳҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, борҳо сазовори баҳои баланд гардидааст.
Намунаи беҳтарини асарҳои ба тариқи кандакорӣ эҷодкардаи Қурбон Мазбутов дар зебу зинати биноҳои муҳташам таҷассум ёфтааст, ки бинандаро ба ҳайрат меорад. Оро додани девору шифтҳои хонаю қасрҳо бо ҳар гуна тасвирҳо ҳунари хеле қадима аст. Одамон мехостанд, ки сутуну дару тирезаҳои хонаашонро бо нақшу нигорҳо зебо гардонанд. Ҳамчунин, дар корҳои эҷодии усто Қурбон нақшунигор, яъне ба воситаи гул, барг, навдаҳо биноҳоро зеб додан бо маҳорати баланд иҷро мешавад. Аз ин лиҳоз, Қурбон Мазбутов, дар ҳақиқат, ҳунарманди коркарди бадеӣ дар чӯб мебошад. Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи тасвири нозукиҳои табиати зинда - гул, барг, навда ва рустаниҳои диёри хешро ба ашёи кандакорӣ дохил кунад. Ҳар як машғулияти худро усто дар коллеҷ бо истифода аз аёниятҳои корӣ ва намоиши корҳои эҷодии худ мегузаронад ва ин амал дарсҳоро шавқовар ва пурсамару хотирмон мекунад.
Матонат ҲОҶИБОЕВ, унвонҷӯи ДДХ ба номи
академик Б. Ғафуров, омӯзгори ҳунари наққошии
КҲМ шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2019    №: 72    Мутолиа карданд: 952
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед