иқтисод
БАРҚ ЧАРО АЗ МЕЪЁР ЗИЁД ТАЛАФ МЕЁБАД?
Ҳангоми интиқоли барқ талафоти он дар ҳаҷми муайян ногузир аст. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта 15,5 дарсади барқи истеҳсолшуда талаф ёфтааст, ки ин нишондиҳанда аз меъёр хеле зиёд аст. Чаро дар Тоҷикистон барқ аз меъёр зиёдтар талаф меёбад?
Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, талафоти зиёди неруи барқ дар ширкат ду ҷанба дорад: талафоти техникӣ ҳангоми интиқол вобаста ба куҳна ва фарсуда будани хатҳо ва талафоти тиҷорати ғайриқонунӣ ҳангоми вайрон намудани қоидаҳои истифода ва дуздӣ.
Таҷрибаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, ки маҳз истифодаи дурусти воситаҳои ченак (ҳисобкунак) сабабгори асосии кам шудани талафоти неруи барқ мегардад. Аз ин рӯ, барои коҳиш додани талафоти аз ҳад зиёди неруи барқ дар кишвар ворид ва насби воситаҳои ҳозиразамони ченкунии ҳисобкунакҳо ва ҳисобкунакҳои пеширо муҳргузорӣ намудан зарур аст. Мутаассифона, аксари зеристгоҳҳои барқӣ ҳанӯз бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин нестанд. Истифодаи воситаҳои ченаки корношоям ва ба таври кофӣ таъмин набудани иншооти энергетикӣ талафоти барқро зиёдтар хоҳад намуд.
Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи тоҷик», гуфт, ки аз соли 2015 то имрӯз зиёда аз 400 ҳазор ҳисобкунаки барқиро аз дохили манзилҳои зист ба ҷойҳои намоён кӯчонданд. Ин кор ҳоло ҳам дар тамоми кишвар идома дорад. Мақсад аз ин иқдом пешгирии истифодабарии ғайриқонунии неруи барқ аст. Коҳишдиҳии талафоти неруи барқ сарфи маблағҳои зиёдро талаб мекунад. Аммо бартарафсозии ин мушкилот, яъне сарфи маблағҳои калон қарзҳои бе ин ҳам зиёди ширкатро бештар менамояд.
- Яке аз роҳҳои асосии бартарафсозии афзоиши қарзҳои дебитории ширкат аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ва талафоти он беҳтар намудани ҳолати техникии системаи энергетикӣ, марҳила ба марҳила гузаштан ба системаи нави баҳисобгирии барқӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани системаи биллингии ҳисоб (пардохти автоматӣ), таъмини тавозуни неру дар зеристгоҳҳо, баланд бардоштани касбияти кормандони соҳа ва ҷорӣ намудани низоми автоматикунонии ҳисоби барқ аст. Аммо амалӣ намудани ин иқдом бе ҷалби сармояи хориҷӣ ғайриимкон мебошад, - гуфт М. Исмоилзода.
Ширкат чунин системаро дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он бо ҷалби зиёда аз 30 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ амалӣ намудааст. Таҷрибаи мазкур нишон дод, ки дар шабакаҳои барқии шаҳр нисбати се соли пешӣ талафи неруи барқ аз 18,4 ба 9,6 дарсад коҳиш ёфта, ҷамъоварии маблағ пурра таъмин гардид. Инчунин, шумораи нозирони барқ аз 97 нафар ба 8 нафар кам шуда, дахолати фардӣ ба низоми ҳисоби неруи барқ аз байн рафт. Дар доираи ин иқдом аз соли 2014 то ҳол дар манзилҳои зисти сокинони шаҳри Хуҷанд ва маҳаллаҳои атрофи он 97 ҳазор ҳисобкунаки нав насб карда шуд.
Пӯшида нест, ки як ҳиссаи неруи барқ аз ҷониби баъзе афроди бевиҷдон дуздида, бо «мусоидат» - и бархе масъулони бемасъулияти соҳа расман талафот ҳуҷҷатгузорӣ мешавад. Танҳо соли сипаришуда беш аз 1 миллиард кВт - соат барқ талаф ёфтааст. Яъне, дар қисмати аъзами қонуншиканиҳо баъзе кормандони соҳа даст доранд. Дуздӣ низ яке аз омилҳои талафот аст. Мавридҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки нозир кӯшиш мекунад, ки ба муштарӣ расид надиҳад. Ҳамчунин, миёни онҳо «гуфтушунид» - ҳо барои бо роҳҳои ғайриқонунӣ кам ҳисоб кардани барқ сурат мегирад.
Исмоил Маликов, сардори шуъбаи танзими қарзҳо ва созишномаҳои ширкат, гуфт, ки соли сипаришуда аз тарафи муштариён 28 ҳазор ҳолати ғайриқонунӣ гирифтани барқ ба маблағи 43 миллион сомонӣ (дар ҳаҷми 150 миллион кВт - соат) ошкор шудааст. Танҳо давоми се моҳи аввали соли равон бошад, 8650 чунин ҳолат ба маблағи 7,6 миллион сомонӣ ошкор гардид.
- Ширкат ду маротиба аттестатсия гузаронд ва 823 нозири барқ барои бемасъулиятӣ аз вазифа сабукдӯш шуд. Ҳоло дар 63 шабакаи барқии кишвар системаи биллингӣ роҳандозӣ гардидааст. Инчунин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо муштариён ба ҳисобкунакҳои корти пардохтӣ пайваст шудаанд ва маблағи истифодаи барқро пешпардохт менамоянд. Ин иқдом талафотро коҳиш медиҳад. Аммо барои пурра ноил шудан ба ин ҳадафҳо маблағгузории бештари соҳа лозим аст, - гуфт И. Маликов.
Аз ин бармеояд, ки бо вуҷуди дастгириҳои Ҳукумати кишвар, дар системаи энергетикии кишвар талафоти неруи барқ ва сари вақт ҷамъоварӣ нашудани маблағи истифодаи он ҳамоно мушкили рақами як боқӣ мемонад.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.04.2019 №: 72 Мутолиа карданд: 1069