logo

иқтисод

ДАНҒАРА. ТУХМИИ ХУШСИФАТ - ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Пахтакорӣ бахши муҳиму пешбарандаи соҳаи кишоварзии ноҳияи Данғара ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, майдони кишти ин соҳаи сердаромад ҳар сол зиёд карда, истеҳсоли он афзоиш дода мешавад. Мусаллам аст, ки пахтакорӣ соҳаест, воқеан ҳам, барои таъмини саноати сабук бо ашёи хоми саноатӣ ва таъмини мардуми деҳот бо ҷойи кор шароит муҳайё месозад. Ҳамзамон, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Тавре Орзу Неъматов, иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Данғара, зимни суҳбат гуфт, мусоид омадани боду ҳавои баҳори имсола имконият дод, ки то имрӯз 80 дарсади кишти пунбадона ба анҷом расонда шавад. То ҳол дар майдони 3 ҳазору  400 гектар тухмии навъҳои аълосифати «Флора», «Ирам», «Флеш» ва «Хатлон – 2014», ки ба иқлими ноҳия мусоид мебошанд, кишт карда шуд. Имсол мувофиқи дурнамо бояд дар майдони 4 ҳазору 370 гектар пумбадона кишт карда шавад, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 370 гектар зиёд аст. Мувофиқи маслиҳати  мутахассисони соҳа бояд дар ин миқдор замин зиёда аз 400 тонна тухмӣ кошта шавад. То имрӯз ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ тухмии навъҳои хушсифат харидорӣ шудааст.
Пахтакорони ноҳия дар мавсими киштукор аз 190 техникаи гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла 40 тухмипошак, самаранок истифода бурда, рӯзе дар 150 - 200 гектар чигит мекоранд. Онҳо мақсад доранд, ки киштро дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонанд. Барои гирифтани ҳосили хуб кишоварзон аз усулҳои босамари агротехникӣ истифода менамоянд.
 - Пахта зироати нозук ва заҳматталаб буда,  ҳосили хуб ба даст овардан танҳо бо роҳи риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ имконпазир аст. Ҳамзамон, мувофиқи маслиҳати мутахассисони соҳа баъди пайдо шудани ҳашароти зараррасон (шира, тортанаккана ва ғайра), ки боиси талаф ёфтани ҳосил мегарданд, бояд бар зидди онҳо заҳрхимикатҳои мувофиқ истифода бурда шаванд,- гуфт Орзу Неъматов.
Ҳоло кишти пунбадона дар 225 хоҷагии деҳқониву кооперативҳои истеҳсолии ҷамоатҳои деҳоти Оқсу, Лолазор, Сангтӯда, Корез ва Исмат Шарифов бомаром идома дорад. Пахтакорони зафарпешаи ноҳия мақсад доранд, ки соли равон истеҳсоли ин ашёи хоми муҳими саноатиро ба 7 ҳазор тонна расонанд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2019    №: 73    Мутолиа карданд: 963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед