logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ

Дар ҳоле, ки ҷаҳон ба суръати кайҳонӣ пеш меравад ва муборизаи абарқудратҳо ба хотири тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ шиддат мегирад, хоҳ- нохоҳ он ба инсон ва рушди маънавияш таъсири манфӣ мегузорад. Ин вазъи ногувори сайёра ҳар инсони солимақлро водор месозад, ки ҳақиқатро возеҳу рӯшан дарёбаду дигарон, хосса ҷавононро дуруст раҳнамоӣ бинамояд.
Асри навин бо ҷангу ҷидол, моҷароҳои сиёсиву мазҳабӣ, куштору сӯхтору ғорат ва талафоти ҷонӣ аз ҳамаи асрҳои дигар ба маънии манфиаш тафовут дорад. Дар як муддати кӯтоҳ шумораи қурбониёни ин ҳодисаҳои номатлуб ба миллионҳо нафар расидааст. Илм, техникаву технологияи навтарин, иттилоот, иқтисодиёт, дин ба хотири иҷрои ғаразҳои нопок, харобӣ, зӯроварӣ, бартариҷӯӣ истифода мешаванд.
Дар бархе аз кишварҳои мусулмоннишин одамони бегуноҳ, хосса занону кӯдакон, ҷони азизи худро аз даст додаанд. Шаҳрҳову ёдгориҳои  қадима сӯхтаву хароб гардидаанд. Умед бар он намеравад, ки ин оташи афрӯхтаро дар солҳои наздик хомӯш кардан мумкин аст.
Терроризм ва экстремизм густариш ва ба василаҳои гуногун ба ҳар хона роҳ меёбад. Аз ин рӯст, ки бо таҳлилу баррасии ин ҳодисаҳои нангин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Инчунин, нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем. Ҳамзамон бо роҳнамунӣ иброз медоранд: «Мардум бояд ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия интихобкардаи худ устуворона пеш раванд».
Албатта, ба ин гурӯҳҳо, ташкилотҳо ва ҷангҳо бештар ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ҷалб мегарданд. Имрӯз шумораи нафароне, ки дар давлатҳои хориҷӣ меҷанганд, ба 1000 нафар расидааст. Ҳол он ки то ба соле пештар 675 нафар шаҳрвандони кишвари мо, ки дар ин ҷангҳо ширкати фаъол доштанд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Шумораи кушташудагон дар ин муборизаҳои мусаллаҳона 500 нафарро ташкил дод. Пӯшида нест, ки имрӯз ин гурӯҳи ифротгаро дар қаламрави Афғонистон ҷамъ омадаанд, яъне дар назди сарҳади мо қарор доранд.
Таъкиди Сарвари давлат ба падару модарон, хешу таборони ҷавонон ба он хотир аст, ки ин қишр барои напайвастанашон бо террористону экстремистон тамоми тадбирҳоро биандешанд. Воқеан, ин амал дар пай  шармсорӣ ва бадномӣ дорад, шармсорӣ ба хонадонҳо ва миллат.
Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олӣ эътироф гардидаанд. Воқеан, онҳо барои пешрафти кишвар саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Дастовардҳояшон дар ҳамаи соҳаҳо назаррас мебошанд. Қисме дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияту оромии кишваранд.
«Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя  менамояд»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Дар ҳақиқат, ин неруи тавоно воситаву имкониятҳои зиёд дорад, ки  ҳамтоёнашонро бо ҳидояти дуруст ва боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ нагузоранд, то шомили гурӯҳҳо, ташкилотҳои ифротгаро бишаванд. Дар сурати пайвастан Ватан, миллат ва дину мазҳабашонро аз даст медиҳанд. Ба яқин, гурӯҳе, ки Ватан, миллат, дину мазҳаб ва номус надоранд, ҳеҷ гоҳ бо ҳеҷ роҳ фирӯз шуда наметавонад. Вақт инро борҳо рӯшану возеҳ собит сохтааст. Танҳо нафароне, ки аз маърифати аслӣ дуранд ва ҳақиқатро  намешиносанд, онро намебинанду дар чоҳи залолат меафтанд. Оре, он қадар кӯранд, ки ашкҳо ва чашмҳои пурнами модаронашонро намебинанд. Намебинанд, ки нахустин тирҳояшонро ба сӯи волидон, пайвандону наздиконашон андохтаанд. Ва охирин тирҳоро ба синаи худашон мезананд. Поёни ин амал маҳв гардидан, нест шудан аст.
Хоҷагонашон ваъдаи биҳишти аднашон додаанд. Андешидаанд, ки хоинони Ватан, душманони инсоният, бединон, бемазҳабон ба биҳишт намераванд, балки онҳоро дӯзах интизор аст? Нафароне, ки силоҳ мегиранду меҷанганду раҳм бар ҷонҳои занон, кӯдакон, мӯйсафедон, олимон, тоҷирон намекунанду онҳоро ба қатл мерасонанд, магар бояд ба биҳишт дохил бишаванд. Дар ҳеҷ як китоби Худо ва ҳадисҳои набавӣ ин гуна пиндори дурӯғ навишта нашудааст ва Худову расулаш аз ин гуна бандаҳову умматон (аслан бандаву уммат нестанд) безор мебошанду онҳоро ҳаргиз дӯст намедоранд.
Ин гурӯҳи ифротгароён ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо - мусулмонон таҳдид мекунанд. Моро кофир хондаанд ва куштану сӯхтани амволамонро фатво додаанд. Аҷаб таҳдиду амалҳое сурат мегиранд. Фатво дигар ба дасти хоинони Ватан, душманони миллату мазҳаб афтодааст. Албатта, онҳо мехоҳанд, ки ҳамаро чун худ бинанд: раҳгумзадаву беаслу носипосу ғуломи чанд хоҷаву фирефтаи таблиғоту ташвиқоти нодуруст, узви  ҳаракату гурӯҳу равияву ташкилотҳои ифротӣ. Ва ҳам мехоҳанд ҷаҳонро саросар гирифтори ин вабои аср бисозанд. Мавҷудияти онҳо ба ҷони ҳар сокини сайёра таҳдид мекунад. Дар гӯшаҳои гуногуни дунё бар асари амалҳои номатлубу даҳшатзояшон нафарони зиёд ҷон аз даст медиҳанду маъюб мегарданд.
Онҳо фаромӯш кардаанд, ки ин ҳама подош дорад, подоши бад.
Онҳо аз ёд баровардаанд, ки бо халқи ҷаҳон ба ҷанг бархоста намешавад.
Онҳо намедонанд, ки душманони инсоният дар ҳамаи давру замон зуд маҳв гардидаанду мегарданд.
Онҳо неруи бузурги инсонҳои рӯи ҷаҳон ва давлатҳоро надидаву эҳсос нанамудаанд.
Онҳо ин ҳақиқатро дарк накардаанд, ки барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсӣ мо муттаҳид ҳастем.
Сарвари давлат барҳақ иброз медоранд: «Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем».
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2019    №: 75    Мутолиа карданд: 854
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед