logo

иқтисод

15 000 ҶОЙИ НИШАСТ ИҚТИДОРИ ВАРЗИШГОҲИ ЯК НОҲИЯ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку деҳоти ноҳия бунёду таъмири 172 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 11 - тои онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

- Бунёдкориҳо ба шарофати ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни миллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳадаф аз ин иқдомҳо, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ба ин васила, таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кор мебошад, - гуфт Сайдалӣ Маҳмуродов, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия.
Соли равон дар шаҳраки Балх ошхонаи замонавӣ,  деҳоти Узун синфхонаи иловагии муассисаи таълимии №28, деҳаи Асадулло коргоҳи дӯзандагӣ, фурӯшгоҳи замонавӣ, чойхонаи замонавии дуошёна, деҳаи Ленинград мағозаи хӯрокворӣ ва деҳаи Лоҳутӣ маркази саломатӣ ба истифода дода шуданд.
Баробари ин, дар деҳоти Маданият бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ то Ҷашни Ваҳдати миллӣ сохтмони корхонаи бандубасти семент -  ҶДММ “Моҳир Семент” бо иқтидори шабонарӯзии 2 ҳазор тонна семент ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Арзиши сохтмон 360 миллион сомонӣ буда, ба ин васила 120 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ  ва маоши хуб таъмин мегардад.
Дар деҳоти Навобод ва Фрунзе сохтмони меҳмонхонаи чорошёна, кошонаи ҳусн, сартарошхона, чойхонаи замонавӣ ва майдончаи варзиш дар ҳоли анҷомёбист.
Дар шаҳраки Балх барқарорсозии шабакаи оби нӯшоӣ, корҳои сохтмонии бинои чорошёнаи осорхонаи таърихӣ, китобхона, матбаа, хонаи истиқоматии чорошёна, бинои нави прокуратура, деҳоти Навобод коргоҳи дӯзандагӣ барои 200 ҷойи корӣ, майдони варзиш, деҳоти Калинин беморхонаи № 1 ва деҳоти Узун навсозии қасри фарҳанг идома доранд.
Сохтмони маҷмааи варзиш бо 15 ҳазор ҷойи нишаст дар деҳоти Ҳалевард иншооти калонтарин дар доираи корҳои созандагист. Бунёди ин маҷмаа дар 11 гектар замин бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 36 миллион сомонӣ, тибқи нақша, соли 2020 дар арафаи Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба анҷом мерасад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2019    №: 75    Мутолиа карданд: 914
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед