иқтисод
ХУҶАНД. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА АНДОЗАИ 40 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Дар шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи аввали соли равон 40 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шудааст.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида 269,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 дарсад зиёд аст. Шумораи умумии корхонаю муассисаҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба 1735 расида, теъдоди умумии кормандон 925 нафар зиёд шуд.
Дар натиҷаи дастгирӣ ва андешидани чораҳои амалӣ 9 корхонаи соли гузашта азкормонда ба фаъолият шурӯъ ва ба маблағи 186,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Ин омил барои ғанӣ гардидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам меорад.
Раванди иҷрои буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият ёфт. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр 104,1 дарсад иҷро гардид. Ба буҷети маҳаллии шаҳр ба ҷои 41,3 миллион 45,3 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешӣ 11 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар ин давра ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 50,5 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 41,1 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонда шуданд. Илова бар ин, корхонаҳои паймонкор ҳаҷми корҳои ба сомон расондашударо дар қиёс ба соли сипаригашта 41,4 дарсад зиёд намуданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.2019 №: 75 Мутолиа карданд: 1116