logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЖАН-БАТИСТ ЛЕМУАН

18 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Франсия ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо аз имкони навбатии дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, доир ба нақшаву ниятҳои тақвиятбахши муносибатҳои шарикии дуҷонибаву бисёрҷониба табодули афкор намуданд.
Таҳкими муколамаи доимии сиёсии байниидоравӣ, равобити пайваста дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақавӣ, ҳифзи сарҳад, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳангӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқот буданд.
Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Франсия Эммануэл Макронро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Франсия супурд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин паёмро боз як нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти Франсия ба масъалаҳои пешбурди минбаъдаи ҳамёрии ду кишвар арзёбӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Франсия барои дастгирии доимии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ, лоиҳаҳои бахшҳои хусусӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин, ҷонибдории ташаббус ва тадбирҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, бахусус оид ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ ва мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
 Соҳаҳои сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ, энергетика, фаъолияти муҳандисию машваратӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия ва кишоварзӣ барои ҳамкориҳои ояндаи дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия муҳим шумурда шуданд.
Таъкид гардид, ки ташкили хатсайри ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин, баргузории намоишгоҳҳои нигораҳои таърихию фарҳангӣ дар баробари мусоидат ба рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ метавонанд ба афзоиши рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ва рушди сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар доираи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои давлатҳои Осиёи Марказӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Дар мулоқот  масъалаҳои вобаста ба тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллию муташаккил, мусоидат ба раванди таҳкими амнияту субот дар минтақа ва Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2019    №: 75    Мутолиа карданд: 5040
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед