logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

НАШЪАҶАЛЛОБ
10 сол паси панҷара рафт
Суди вилояти Хатлон шаҳрванд Муниршоҳ Ибодовро бар асоси моддаи 200 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри ин хабар навиштааст: «Муниршо Ибодов ба муомилоти маводи нашъадор машғул шуда, барои ба даст овардани фоида дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба шахси ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда бо номи шартии «Тӯра» 30,9 грамм маводи нашъадори навъӣ афюнро фурӯхта, дар ҷои ҳодиса дастгир шуд».
Моддаи 200 - и Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарӣ барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар доданро пешбинӣ мекунад, ки М. Ибодов дар ҳолати такрорӣ (банди «а») ба ин амал даст задааст.

РАШК
сабаби ҷиноят
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд зани 38 - солаеро боздошт намуданд, ки бар асари рашк ҳамсарашро бо зарбаи корд маҷрӯҳ кардааст.
Тиқби иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ: «номбурда, 8 апрели соли ҷорӣ дар ҳавлии истиқоматиашон аз сабаби рашк бо шавҳараш, марди 37 - сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш задааст». Дар натиҷа ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Айни ҳол, нисбат ба ин зан  бо моддаи 120 (таҳдиди куштан ё расондани зарари вазнин ба саломатӣ) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

РИШВА
ин навбат устоди донишгоҳро ба ҷавобгарӣ кашид
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати ришваситонӣ аз ҷониби Алиҷон Набиҷонов, омӯзгори риштаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, омӯзгор бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд Р. Мамуров даромада, аз ӯ барои ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил намудани ҷиянаш Ҷ. Салимов ва дар оянда интиқол додан ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров 1600 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Ҳоло нисбат ба Алиҷон Набиҷонов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» (қаллобӣ ба миқдори калон) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2019    №: 76    Мутолиа карданд: 779
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед