logo

иқтисод

ВОРУХ. АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара навсозии қасри фарҳанг, сохтмони кӯдакистон, мактаби замонавӣ ва иншооти дигар бомаром ҷараён дорад.

Тавре Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, ба муносибати ин ҷашни бузург дар ҳудуди вилоят дар маҷмӯъ бунёди беш аз 6500 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 366 иншоот ба шаҳри Исфара рост меояд.
Айни замон дар Ҷамоати деҳоти Ворух бунёд ва таъмири 7 иншооти ҷашнӣ, аз қабили майдони парчам бо фаввораҳо, ҳавзҳои маҳаллаи Хушобод ва кӯчаи Боло, бинои ҷамоат ва чойхона бо маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Исфара, ки 9 апрел сурат гирифт, дар маҳаллаи Қалъачаи Ҷамоати деҳоти Ворух ба сохтмони толори варзишии дорои 200 ҷойи нишаст санги асос гузошт. Бунёд ва азнавсозии иншооти ҷашнӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва соҳибкорон роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми қасри фарҳанги ҷамоат бунёди хонаи ақди никоҳ, китобхона, толори маҳфилҳо ва кошонаи ҳусн ба нақша гирифта шудааст. Барои азнавсозии қасри фарҳанг маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, алҳол корҳои сохтмонӣ вусъати тоза пайдо кардаанд.
Иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бобати бунёди кӯдакистон дар маҳаллаи Қалъача муҳим арзёбӣ гардида, дастгирӣ ёфт. Ҳоло корҳои омодагӣ ба сохтмони кӯдакистон идома доранд.
Сохтмони мактаби нави деҳаи Сангтӯда бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сурат мегирад. Мувофиқи лоиҳа, бинои мактаб аз 3 ошёна ва 12 синфхона иборат буда, барои таҳсили 720 таълимгиранда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ҷамоат бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи дӯзандагӣ ва корхонаи бандубасти мева, ғайр аз ин, чароғонкунӣ ва мумфаршсозии роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 990
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед