logo

фарҳанг

КОШИКОРӢ. ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Кошӣ аз гилмоя ва дигар пайвастҳои ғайриорганикии омехташуда омода мешавад. Кошикорӣ аз давраҳои қадим маъмул буд. Нахуст дар Миср ва Бобул пайдо шуда, дар асри IX ба Аврупо роҳ ёфт. Он дар Осиёи Миёна, махсусан дар санъати меъморӣ васеъ истифода шудааст. Маркази истеҳсоли масолеҳи асосии кошӣ гилмояи ба он мавзеи Чӯпонотаи Самарқанд буд, ки аз ин ҷо ба дигар шаҳрҳо кашонда мешуд. Барои мустаҳкам шудани гилмоя ба он мӯй, маводи минералӣ, оксидҳо ҳамроҳ мекарданд. Гилмояи тайёршударо ба қолабҳо рехта, дар хумдонҳо бо ҳарорати баланд  мепухтанд. Пас ба рӯи порчаҳои сафол ранг (сир) медавонданд. Рангро аз алафҳои чилбанд, чоройна ва рангҳои минералӣ (оксиди мис, марганетс, оҳан, кобалт) - и дар ишқор ҳалшуда тайёр мекарданд. Одатан кошиҳоро ду - се маротиба сир пӯшонда, ҳар бор аз нав мепухтанд.
Кошикорӣ дар асрҳои XI - XII дар Осиёи Миёна хеле паҳн шуд. Дар ин давра кошиҳоро дар шакли хиштчаҳои одии сирдор барои рӯкаш кардани баъзе қисмҳои бино ва дертар дар шакли лавҳаҳои рангаву нақшин тайёр карда, барои кошикории биноҳои муҳташам  истифода мегардиданд. Мақбараи Муҳаммади Башоро намунаи олии санъати кошикорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Дар ин давра, асосан, ба ороиши рӯи иморат, яъне пештоқ диққат медоданд. Аз нимаи дуюми асри XIV сафоли нақшин ё кандакориву ҳошиякоришудаи рӯяш сирдор маъмул шуд. Бо ин гуна кошиҳо деворҳои ҳамвор,  гунбазу меҳробҳо низ оро дода мешуданд. Махсусан, кошиҳои катибадор биноҳоро боз ҳам зеботар мекарданд. Ин катибаҳо бо рангҳои сафеду зард дар рӯи  кошиҳо дар заминаи  кабуду сабз пеш аз сир давондан сабт мешуданд. Минбаъд кошиҳоро дар шакли ситораҳои шашгӯша, ҳашткунҷа ва дигар шаклҳои ҳандасӣ рехта, дар болои гач мечиданд. Асрҳои XV - XVII санъати кошикорӣ дар Бухоро дар Масҷиди Калон, Мадрасаи Мири Араб, Мадрасаи Абдуллохон ва дар асри XVII дар Хева - Қасри Тошҳавлӣ, дар Қӯқанд - Қасри Худоёрхон ба назар мерасад. Охири асри XVIII то авали асри XX ин ҳунар аз байн рафт. Дар давраи Шӯравӣ ба муҳофизати ёдгориҳои меъморӣ диққати махсус дода, тармиму таъмири онҳо зарурати аз нав зинда кардани ҳунари кошипазиро ба миён овард. Солҳои бистуми асри гузашта чанде аз устоҳо ва кулолгарон усули кошипазиро аз худ намуда, барои таъмири ёдгориҳо масолеҳ тайёр карданд. Соли 1950 дар назди устохонаи кулолии шаҳри Самарқанд лабораторияи кошиҳосилкунӣ таъсис ёфт, ки маҳсулоти аз рӯи технологияи махсус баровардашуда, на танҳо барои таъмири ёдгориҳо, балки ороиши биноҳои ҳозиразамон истифода мешавад. Кошиҳо ба ёдгориҳои меъморӣ ва биноҳои ҳозира зиннат бахшида, онҳоро аз таъсири боду борон нигоҳ медоранд.
Имрӯзҳо тазйини масҷиди калони пойтахти кишварамон - Душанбе бо кошиҳои муҷалло идома дорад. Чуноне ки Аҳмад Иброҳим, масъули коргоҳи истеҳсоли кошии шаҳри Исфаҳон иттилоъ дод, кошиҳоро дар қолабу ҳаҷмҳои мухталиф вобаста ба мавзеи истифодаи он рехта, сипас дар хумдонҳо мепазанд. Масалан, барои ороиши пештоқи биноҳо онҳоро одатан дар шакли хиштҳои мураббаи 20 х 20  омода намуда, ранги сафед медиҳанд ва мепазанд. Сипас, ба ҳар яки он рақами тартибӣ гузошта, дар сақфи коргоҳ бо ҳам зич мечинанд ва қолаби нақшҳоро, ки аз коғази махсуси пурсӯрох аст, ба рӯи онҳо паҳн менамоянд. Дар натиҷаи афшондани бастаи докаи хокаи ангиштдор ҳамон нақшҳо пайдо мешаванд, ки онҳоро ранг медиҳанд. Баъдан онҳоро мепазанд. Яъне, агар дар тазйини кошиҳо панҷ ранг истифода шавад, панҷ маротиба онҳоро мепазанд. Дар охир луоберо ба рӯи кошиҳо давонда, боз мепазанд, ки дар натиҷа он ба шишаи ҷилонок мубаддал шуда, онҳоро аз боду борон ва тобиши офтоб ҳифз менамояд. Ҳамаи корҳо дастӣ анҷом меёбанд. Назар ба гуфтаи ӯ рангҳоро аз Итолиё  ворид месозанд. Ин гувоҳи он аст, ки дар ин кишвар низ кошикорӣ ва истеҳсоли он хеле маъмул мебошад. 
Назар ба андешаи Умед Исмоилзода, сардори раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз талабот ба маҳсулоти кошӣ меафзояд. Месазад, ки ин ҳунари ниёгонамон, яъне кошикорӣ дар Тоҷикистон аз нав эҳё гардад ва дар тазйини қасрҳои фарҳанг ва гунбазҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Пеш аз ҳама, олимону меъморон ва кулолгаронро лозим аст,  ки дар ҳамкорӣ бо ҳунармандоне, ки истеҳсоли кошиҳоро ба роҳ мондаанд, табодули таҷриба намоянд ва аз асрори мустаҳкамӣ, ҷилонокӣ ва гилу ранги кошиҳои қадимӣ воқиф бошанд. Чун ин ҳунар дар асоси илм эҳё гардад, дар он сурат  гунбазу деворҳои мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар мақобири бузургону ҷойҳои муқаддас ва қасру кохҳои фарҳангӣ кошикорӣ мегарданд ва бо ҷилову ҳашамати хос таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб хоҳанд кард. Ғайр аз ин, садҳо ҷойи нави корӣ пайдо мешавад.
Мо намунаи олии кошикорӣ дар баробари санъати нотакрори кандакориро дар Кохи Наврӯз, ки бо пешкории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом шудаву чун нигини пурҷилои пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба ҷилва омадааст, дида метавонем, ки дер боз мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор гирифтааст. Ин дурдонаи санъати баланди меъморӣ далолат бар он мекунад, ки ба кор гирифтани санъати кошикорӣ дар дигар иншооти сохташаванда аз манфиат холӣ нест. Зеро он ҳам қобили таваҷҷуҳ ва ҳам воситаи ҷалби сайёҳон хоҳад буд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 956
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед