logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – 2019

Чорабинӣ бо ибтикори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Созмони байналмилалии  инвеститсионӣ - машваратии  «Тоҷ Сармоя»  баргузор гардид. Зимни форум доир ба рушди сармоягузорию соҳибкорӣ дар шароити равандҳои муосири иқтисодӣ соҳибкорони ватанию хориҷӣ, шарикони рушд ва намояндагони дипломатии кишварҳо табодули назар намуданд. 

Масъалаҳои ҷалби сармоя барои баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, ҷустуҷӯи имкониятҳои рушди  соҳибкории муосир, баҳогузорӣ ба захираҳои мавҷуда, равнақ бахшидани тиҷорати электронӣ ва баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мавриди баррасии иштирокдорони ҳамоиш қарор гирифтанд. 
Ба гуфтаи Диловар Сафаров, роҳбари ҶСК «Тоҷ Сармоя», дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат фазои сармоягузории кишвар беҳтар гардида, бо шарикони рушд ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъсис ёфтанд. Ҳамин аст, ки давоми панҷ соли охир ба иқтисодиёти кишвар беш аз 5 миллиард доллари ИМА сармоягузории хориҷӣ татбиқ гардид ва ҳиссаи бахши хусусӣ дар рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 70 дарсад расид.
Ҷо Сеонҷеон, соҳибкори чинӣ, ҳангоми муаррифии лоиҳаи тиҷоратии кишоварзӣ   аз фазои мусоиди соҳибкории Тоҷикистон изҳори  қаноатмандӣ намуд.
- Мо аллакай барои ташкили гармхонаҳои типи нави парвариши сабзавот дар кишвар бо вазорату идораҳои дахлдор ба мувофиқа расидем. Омодаем, ки якҷо бо соҳибкорони тоҷик дар ин самт  фаъолияти муштарак ба роҳ монем. Гармхонаҳои мо бо технологияи навтарин ва тухмиҳои пурмаҳсули минтақабобшуда таъмин  буда, ба воситаи барномаи махсуси компютерӣ идора карда мешаванд. Дар натиҷаи таҳлилҳо ба хулосае расидем, ки чунин шакли гармхонаҳои парвариши сабзавот дар Тоҷикистони офтобрӯя ҳосили баландтар хоҳад дод, - изҳор дошт ӯ. 
Дар фарҷоми форум  доираҳои соҳибкорию сармоягузории ватанию хориҷӣ бо мақсади  ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташкили коргоҳҳои муштарак ва баҳравар гардидан аз таҷрибаи ҳамдигар вохӯрию суҳбатҳои озод намуданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 1111
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед