фарҳанг
КИТОБДОРӢ. МУШКИЛОТЕ, КИ МОНЕА ЭҶОД МЕКУНАНД
Мусаллам аст, ки яке аз минбарҳои муҳими тарғиботӣ дар радифи воситаҳои ахбори омма, садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо, марказҳои иттилоотӣ – муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо шинохта шудаанд. Аз замони пайдоиши нахустин китобхонаҳо инсоният барои хеш сарчашмаи такондиҳандаи ақлу маънавиётро ба даст овард. Аз боигариҳои зеҳние, ки гирдоварӣ, коркард ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегардид, барои рушди оянда мақсаднок истифода менамуд. Ҳамчунин, китобдорон шахсияти шинохтаи замон буданду китобдорӣ касби пурифтихор ҳисобида мешуд.
Китобхонаҳои имрӯза аз китобхонаҳои қарнҳои гузашта бо хусусиятҳои хос, хадамот ва таҷҳизоту технологияи муосир фарқ мекунанд ва барои китобдор шудан имрӯз танҳо соҳибсавод ва ё олим будан кифоя нест. Китобдори имрӯза бояд аз равандҳои гуногуни омодагардонӣ ва пахши иттилоот дар шаклу намуди ба худ хоси он баҳравар бошад. Ба эҳтиёҷмандон маълумоти саҳеҳ ва пурра расонда, аз уҳдаи таъмини эҳтиёҷоти иттилоотии хонандагон барояд, хадамоти иттилоотӣ, методӣ ва библиографиро тавассути васоити анъанавӣ ва электронӣ ба роҳ монад, роҳбарии корҳои методӣ ва библиографии китобхонаро ба дӯш гирад, иттилооти арзишмандро интихоб намояд, ба хониши наврасон ва ҷавонон роҳбарӣ карда тавонад.
Назарсанҷиҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ду тамоюли носолим дар кори китобдорӣ дар ҷумҳурӣ реша медавонад. Тамоюли аввал рӯйи кор омадани шахсони ғайритахассус мебошад. Ин нафаронро танҳо барои ба ягон мансаби дигар гузаштан дар китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба вазифаи роҳбарӣ таъйин менамоянд. Онҳо бошанд, кӯшиш мекунанд, ки ҳамкасб ва шиносонро ба кор ҷалб намоянд ва мутахассисони касбӣ хоҳу нохоҳ зери роҳбарии онҳо наметавонанд пурра уҳдадории тахассусии хешро ба сомон расонанд. Аз ин гуна таъйиноти кадрӣ зерсохторҳои китобхонаҳо низ зарар мебинанд. Мисол, китобхонаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ имрӯз аз адабиёти илмию методӣ ва библиографию иттилоотие, ки пеш аз Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Фирдавсӣ таъмин мегардиданд, бо таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ин кумакҳо бебаҳра монданд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази илмӣ ва методии китобхонаҳои ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, назорати китобхонаҳои ҷумҳуриро ба уҳда бояд дошта бошад. Натиҷаи тадқиқот нишон медиҳад, ки китобхонаҳои оммавии ҷумҳурӣ зери тобеияти Вазорати фарҳанг ва китобхонаҳои илмӣ, соҳавӣ, макотиби олӣ ва миёна берун аз назорати Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор дошта, аз ёрии илмию методӣ ва библиографӣ бебаҳраанд.
Тамоюли дуюми манфие, ки имрӯз роиҷ гардидааст, ба тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо даровардани китобхонаҳои деҳот мебошад, ки онҳоро ба мушкилии зиёд, аз қабили таъмини китоб, матбуот, таҷҳизот, таъмир, хариди технологияи нав, тайёр намудани кадрҳои китобдорӣ, бозомӯзии мутахассисон, пардохти маош, иштирок дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра мувоҷеҳ гардондааст.
Барномаҳои давлатии қаблӣ бештар ба рушди китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нигаронда шуда буданд. Зарур аст, ки минбаъд таваҷҷуҳи бештар ба рушди муассисаҳои фарҳангии деҳот зоҳир шавад. Инчунин, барои ҷалби сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ шароит муҳайё гардад, то дар бунёди иншооти фарҳангӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо технологияю таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ ва тайёрнамоии мутахассисони соҳавӣ саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, ба кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобдорони ҷавон, дар пардохти андоз, таъмин намудан бо ҷойи зист имтиёз муҳайё кардан ба манфиати кор хоҳад буд, чунки бархе аз мутахассисони касбӣ баъди хатми факултаи китобдории ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода тарки касби асосӣ менамоянд.
Қ. БӮРИЕВ, директори Агентии миллии созмони байналмилалии
рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.04.2019 №: 77 Мутолиа карданд: 782