иқтисод
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.ГАРМХОНАҲО ОМИЛИ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТ
Сокинони шаҳри Турсунзода дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи хуби корӣ дошта, баҳри таъмини фаровонии бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз усули парвариши зироатҳо дар гармхонаҳо васеъ истифода менамоянд. Деҳқонони шаҳр дар натиҷаи истифодаи оқилонаи замин ва рӯёндани ҳосили баланд ҳамасола бозорҳои истеъмолиро бо сабзавоти тару тозаи барвақтӣ таъмин мекунанд.
Тибқи иттилои раёсати кишоварзии шаҳр, имсол дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда 17,25 гектар ва гармхонаҳои мавсимӣ 375 гектарро ташкил дод. Дар аксари онҳо парвариши сабзавот, мева ва гул ба роҳ монда шудааст. Аллакай деҳқонон дар қисме аз гармхонаҳо ҳосили аввали сабзавоти барвақтӣ, бахусус помидору бодирингро ҷамъоварӣ карда, ба бозор бароварданд. Онҳо аз имкониятҳои мавҷуда ва усулҳои нави кишт васеъ истифода бурда, кӯшиш доранд, ки маҳсули бо ранҷ парваридаашонро беталаф ҷамъоварӣ намоянд. Аз ин гармхонаҳо то ҳол 22 тонна маҳсулоти барвақтӣ истеҳсол ва ба истеъмолкунанда пешниҳод шудааст.
Деҳқонони соҳибтаҷрибаи шаҳр бо мақсади устувории бозори истеъмолии кишвар вазифаи пурмасъулро бар дӯш гирифта, баҳри ҳар чи бештар истеҳсол намудани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ аз ҳар ваҷаб замин пурмаҳсул истифода менамоянд. Ин аст, ки онҳо дар ин самт сол аз сол ба дастовардҳои бештар ноил мегарданд. Хусусан, дар ин ҷода хоҷагиҳои деҳқонии “Саховат”, “Маъмурҷон 2011” ва “Доно” муваффақиятҳои бештарро соҳиб гаштаанд.
Хоҷагии деҳқонии “Маъмурҷон 2011”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, 8 сол инҷониб фаъолият дошта, аллакай шуҳратёр гаштааст. Масоҳати замини хоҷагии мазкур аз 1,4 гектар иборат буда, дар 30 садяки гектар гармхона ташкил карда шудааст. Ҳосили 15 садяк помидори навъи “Мадина” рӯзҳои наздик пухта мерасад. Дар 15 садяк бодиринги навъи “Милен” ва “Игел” кишт шудааст, ки алҳол ғарқи ҳосил аст. Тавре иттилоъ доданд, ин навъҳоро аз Ҳолланд дастрас менамоянд, ки сифати хеле хуб дошта, ҳосилнокиашон низ баланд аст.
Чунонки Акмал Қамбаров, сардори хоҷагии “Маъмурҷон 2011” иброз дошт, қариб 1 моҳ боз бодиринги гармхона ба фурӯш бароварда мешавад. Рӯзҳои аввал то 100 килограмм ва айни ҳол то 350 килограмм, ҳамарӯза, маҳсулоти тару тоза ҷамъоварӣ мегардад. Мизоҷон аз бозори “Деҳқон” - и шаҳри Душанбе бодиринги аълосифати хоҷагиро бо нархҳои дастрас харидорӣ ва пешкаши истеъмолгарон менамоянд. Дар мавсими ғунучини ҳосили сабзавот то 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, ба ин васила сатҳи зиндагии худро беҳтар месозанд.
Деҳқонони Турсунзода тамоми фасли сол ба кори соҳаи кишоварзӣ машғул мебошанд, ки ин амал баробари афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҳамчунин, барои бо шуғл таъмин будани сокинони шаҳр мусоидат мекунад. Алҳол дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳоти шаҳр баробари кор дар гармхонаҳо, ҳамчунин, корҳои саҳроӣ вусъати тоза гирифтаанд. Онҳо ба кишти зироатҳои дигар, аз қабили пахта, картошка, пиёз ва полизиҳо машғуланд. Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳр баҳри рӯёндани 2 ҳосил дар як сол аз як замин аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.2019 №: 82 Мутолиа карданд: 904