фарҳанг
НОРАК. АЗ ҲОЛИ ТАБОҲИ КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ
Дар шаҳри Норак аз китобхонаи марказӣ, ки хеле рамзӣ - «Дӯстии халқҳо» ном дорад, дидан кардем. Аз таассуроте, ки бардоштем, ҳайрону нигаронем, зеро ин боргоҳи маърифат аз камтаваҷҷуҳии масъулон то ҳадди боварнокарданӣ ҳоли табоҳ дорад. Муассисае, ки дар 15 кишвари Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буду бузургтарин нависандагону сиёсатмадорон нусхаҳои аввалини китобҳояшонро ба ин ҷо бо соядаст мефиристоданд, имрӯз доғи фарҳангии як хуррамшаҳрро мемонад. Бино ҳанӯз соли 1984 сохта шудаву солҳост таъмирро надидааст ва Худо накардаву борони шадид борад, аз деворҳояш якбора об мешорад…
Ҳини рафтани мо, ки ба моҳи феврал рост омад, ҳаво сард буд. Вақте вориди муассиса шудем, дар чанд шуъбааш на танҳо хонанда наёфтем, балки китобдорон низ ба чашм нахӯрданд. Ба ҳар ҳол, баъди фурсате моро огоҳ карданд, ки ҳамаи кормандон дар ҳуҷраи корие сарҷамъанд. Аввал фикр кардем, ки шояд вақти хӯроки нисфирӯзӣ шуда бошад, вале соат яқинан ҳанӯз 11 - и рӯз буд. Вақте вориди ҳуҷра шудем, кормандон аз ноилоҷӣ як гармидиҳандаи чиниро дар миён гирифта, бо кӯрпачаҳо сандалӣ сохтаву поҳоро гарм карда, суҳбат доранд. Чун ин манзараро мушоҳида кардем, сабаби «сарҷамъӣ» - и онҳо аёнамон гардид. Табиист, ки моро дида, ҳама парешон шуданд, ҳарчанд ба ҳеҷ ваҷҳ хостори чунин амал набудем, зеро аз афташ ягона ҷойи мувофиқ барои суҳбат атрофи ҳамин бухорӣ метофт…
Бо вуҷуди сардии муҳит, мудири китобхона Раҷабмоҳ Пирова наздамон бо чеҳраи гарм омаду хайрамақдамамон гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, захираи умумии муассиса 183 911 нусха китобро ташкил дода, дар соли 2018 барои харидани асбоби техникӣ, адабиёти тозанашр ва зимистонгузаронӣ маблағ пешбинӣ нашудааст. Чанд асбоби гармидиҳӣ, ки барои зимистонгузаронӣ аст, на танҳо кормандонро аз сардӣ эмин намедорад, балки ба шароити нигаҳдории китобҳо, аксу ҳуҷҷатҳои нодир ва бастаи рӯзномаву маҷаллаҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Шуъбаҳо ва ҳуҷраҳо калону барҳавоянд ва танҳо бухориҳои калонҳаҷм метавонанд онҳоро гарм нигаҳ доранд.
Тавре аз суҳбат маълум шуд, муҳимтарин қисмати китобхона шуъбаи соядастҳо буда, дар он китобҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки дар онҳо шахсиятҳои бузургтарини олам, ба монанди писари Индира Гандӣ - Свим, Олек Гончар, Чингиз Айтматов, шоираи ӯзбек Зулфия, Расул Ҳамзатов, Хоҷатур Абовян, Юрий Бондарев, Евгений Евтушенко, Борис Василев ва дигар шахсиятҳои машҳур соядаст доранд.
Дар шуъбаи мазкур 25 ҳазору 734 нусха китоби нодир ҳифз мешавад ва гӯшаи «Дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо» - ро асарҳои гаронарзиш аз Амрико, Канада, Чин, Ҳиндустон, Полша, Венгрия, Россия, Украина оро медиҳанд. Агар камбудиҳои ҷойдоштаро сарфи назар кунем, шуъбаи соядастҳо бо фазои зиндаи таърихии худ барои сайёҳони дохилу хориҷ бисёр диданӣ хоҳад буд. Аммо, мутаассифона, ин ганҷи нодири фарҳангӣ кайҳо аз назари таваҷҷуҳ дур монда, ҳатто барои ҳифзу нигаҳдории он аз тарафи масъулон чораи муассире андешида намешавад. Соядастҳо ба масал чун сабзаҳо аз фишори офтоб месӯзанду дасти сояафкан мехоҳанд.
- Бо гузашти солҳо, китобҳо гоҳе аз сардиву гоҳи дигар аз гармии зиёд коставу корношоям шуда, ба махзани умумии фарҳангу маърифат зиён мерасад. Мо бисёр мехостем, ки, пеш аз ҳама шароити нигоҳдории китобҳо ва баъдан муҳити кории китобдорон низ ҷавобгӯ ба талаботи муосир муҳайё гардад, - изҳор медорад Раҷабмоҳ Пирова.
Шароити техникии муассиса низ дар ҳоли ғайриқаноатбахш аст. Бештари компютеру асбоби дигари техникӣ кайҳо боз корношояму куҳнаанд. Дар қарни интернет китобхонаи шаҳри саноатии мо ба ин шабакаи ҷаҳонӣ пайваст нест. Яқинан, масъулони шаҳр дар ин робита бемаълумотанд.
- Солҳои охир талабгорони интернет дар ҳамаи муассисаҳои фарҳангӣ афзудаанд. Як сабаби таваҷҷуҳ надоштани ҷавонон ба муассиса дар баробари сардии дохили бино дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, маҳз набудани шуъбаи электронӣ ва камчинии адабиёти тозанашр маҳсуб меёбад. Аз хонандаи имрӯз ҷои гила нест, зеро аксаран мехоҳанд китобро дар шакли электронӣ дастрас ва мутолиа кунанд. Айб дар мо – масъулон аст, ки ба ниёзҳои рӯзафзуни дӯстдорони китоб расидагӣ карда наметавонем, - мегӯяд Раҷабмоҳ Пирова.
Воқеан, имрӯз на танҳо барои муассисаҳои фарҳангии марказӣ, балки барои тамоми китобхонаҳои хурду бузурги маҳаллӣ низ технологияи нав чун обу ҳаво зарур аст. Масалан, донишномаҳои тахассусӣ ва фарҳангиву фанниро, ки нархҳои гарон ва шумораи кам доранд, нусхабардорӣ намуда, дар шакли электронӣ ба хонанда пешниҳод кунем, самаранокии кор меафзояд. Дар ин раванд фонди электронии китобҳо ҳам ташаккул меёбад.
Вале агар китобхонаи марказии як шаҳри номвар чунин ҳол дорад, чӣ ҳоҷати баён аз ҳоли китобхонаҳои маҳаллӣ?! Саволест, ки аз масъулон посух мехоҳад.
Баъзе китобхонаҳои шаҳри Норак мизу курсии шикаставу фарсуда доштаву фонди китобҳо дар ҳоли нестшавианд. Аз ҷумла, китобхонаи маҳаллаи «Братск» дар фабрикаи «Бофанда», китобхонаи маҳаллаи Чал-Чал дар вагонхона, китобхонаи маҳаллаи Лангар дар бинои боғча ҷойгиранд. Мизу курсии китобхонаи деҳаи Дуконӣ ба нобудӣ рафтаву аз боми китобхонаи деҳаи Кибил об мечакад.
Масъулонро зарур аст, ки бо назардошти Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар доираи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» барои беҳтар кардани шароити китобхонаҳои шаҳриву маҳаллӣ, нигаҳдории китобҳо, бавижа шуъбаи соядастҳо иқдоми дилсӯзонаеро роҳандозӣ намоянд. Зеро чунин асарҳои нодир фардо барои зиндадории таъриху тамаддуни халқи мо нақши калидӣ хоҳанд бозид.
Бузургмеҳр БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.04.2019 №: 82 Мутолиа карданд: 985