logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоиров - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адвокати шаҳри Бохтар ва Сиҷоуддин Ҳаётов, адвокати кабинети адвокатӣ дар ноҳияи Рашт, ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Беш аз се сол аст, ки нигоҳубин ва таъминоти моддии фарзандонамро дар танҳоӣ бар дӯш дорам. Собиқ ҳамсарам аз иҷрои уҳдадориҳои падариаш, аз ҷумла додани алимент, қасдан саркашӣ карда, ману фарзандонамро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намекунад. Дар чунин ҳолат ман метавонам, ки ӯро аз ҳуқуқи падарии фарзандонам маҳрум созам?
МАЛИКА,
шаҳри Бохтар

- Тибқи муқаррароти моддаи 69 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои падару модарӣ, аз ҷумла додани алимент ва қасдан саркашӣ кардан аз он, имкон дорад, ки ҳуқуқи падарӣ ва ё модарӣ бекор шавад. Яъне, танҳо дар сурати рафтори гунаҳкоронаи волидайн бо асосҳои дар ин модда пешбинигардида, онҳоро аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардан мумкин аст. Саркашии волидайн аз иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба тарбияи кӯдакон мумкин аст, дар ғамхорӣ накардан ба рушду камолоти ҷисмонӣ ва ахлоқӣ, хониш, тайёр намудани онҳо ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ зоҳир гардад. Номгӯи асосҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, ки моддаи 69 Кодекси оила муқаррар кардааст, маҳдуд аст ва он ба таври васеъ маънидод карда намешавад. Ҳар як асоси номбурдаи моддаи мазкур ба таври мустақилона асос барои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ мебошад. Аз иҷрои уҳдадориҳои падарӣ қасдан саркашӣ кардани падари фарзандонатон дар он бояд зоҳир гардад, ки вай дидаю дониста ба таври доимӣ дар бораи тарбияи маънавӣ, инкишофи ҷисмонӣ, таълимгирии фарзандон ғамхорӣ зоҳир накунад. Зимнан, агар ба таври доимӣ ба тарбияи фарзандонаш машғул нашуда, кӯдаконро бо сарулибос, маводи ғизоӣ ва дигар эҳтиёҷот таъмин накунад, дар ин ҳолат шумо метавонед, ки бо талабот оид ба маҳрум кардани ӯ аз ҳуқуқи падарӣ ба суд бо даъво муроҷиат намоед. 

- Падарам мехоҳад, ки манзили истиқоматии худро ба ману бародарам туҳфа кунад. Тариқи қонунӣ гирифтани ин туҳфа чӣ гуна аст?

Сайдалӣ БЕГОВ,
ноҳияи Рашт

- Тибқи муқаррароти боби 11 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи бегона кардани амволи шахсии худро дорад, аз ҷумла падари шумо низ. Барои амалӣ кардани ин мақсадаш бояд ба идораи нотариалии давлатии ноҳияи Рашт бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ муроҷиат намояд. Баъд аз ба имзо расондани шартномаи туҳфа манзили истиқоматӣ, ки шумо дар он ҳамчун туҳфагиранда қабул мешавед, санадро дар мақомоти дахлдори ноҳия ба қайд гирифта, сипас ҳуқуқ ба моликиятро пайдо мекунед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2019    №: 83    Мутолиа карданд: 960
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед