logo

иқтисод

 РУШДИ МИНТАҚАҲО. ЗАМИНАҲОИ ОЯНДАСОЗ МАВҶУДАНД

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни  баргузории конфронси илмию амалӣ бо иштироки васеи роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои олии таълимӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ҷанбаҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум бо истифода аз имконияту захираҳо  заминаҳои боэътимоди тараққиёти соҳаҳо гузошта шудаанд. Ҳамин аст, ки танҳо соли гузашта дар доираи татбиқи 1850 лоиҳа 47 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб гардид. Маблағҳои воридшуда бештар барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, обёрӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ сарф карда мешаванд.   Ҳоло аз модели аграрӣ – индустриалии иқтисод гузаштан ба  индустриалӣ – аграрӣ  яке аз ҳадафҳои асосии рушд қарор ёфтааст. Дар ин замина Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои миёнамуҳлати фарогири ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти мардум ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои кишвар амал менамоянд. Аммо татбиқи ҳамаи тадбирҳои роҳандозишуда, ки ба рушди минтақаҳо равона гардидааст, дар ҳолати  ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имконпазир аст.
- Бисёр масъалаҳои печидаи иҷтимоию иқтисодӣ, ки пешрафти ҷомеа ба онҳо марбут аст, танҳо бар асоси кори якҷояи ташкилоту муассисаҳо ва вазорату кумитаҳо ҳалли пурраи худро хоҳанд ёфт. Ҳолатҳои сари вақт амалӣ нагардидани баъзе ҳадафҳои гузошташуда дар ҷодаи рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо аз бетарафии бархе масъулони вазорату идораҳо нисбат ба соҳаи фаъолияти ҳамдигар сарчашма мегирад. Бинобар ин, роҳандозии  консепсияи мушаххаси миллии рушди минтақаҳо мувофиқи мақсад аст, - изҳор дошт Саидраҳмон Назризода, корманди раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии МТС.
Иштирокдорони ҳамоиш, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рушди минтақаҳо, дастгирии  соҳибкорони маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, истифодаи самараноки захираю имкониятҳои сайёҳӣ, зеҳнию меҳнатӣ ва  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониро баррасӣ намуда, барои дарёфти роҳи ҳалли онҳо пешниҳодҳои судманд манзур доштанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.05.2019    №: 84    Мутолиа карданд: 982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед