фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
НАНОЛЕМ!
Шукронаро аз мор бояд омӯхт. Ӯ ҳеҷ гоҳ наменолад, ки: «ман дасту по надораму биноиям ҳам хуб нест, на дар он ҷое таваллуд шудаам, ки мебоист, ҳеҷ кас дӯстам намедораду аз рӯзи таваллуд ғамхории падару модарро надидаам…».
Мор бо он чи қаноат мекунад, ки дорад. Ва бо ҳамаи нодориҳояш тавре ба сар мебарад, ки ҳатто мо аз ин ҷонвари «маъюб» тарсида мегардем… Пас, биёед нанолем!
Самади ҚУРБОНАЛӢ
МАВЗЕЪҲОИ ҶОЛИБИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
САРАЗМ
Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон буда, бо ёдгории беназири таърихии худ - деҳшаҳри Саразм машҳур аст. Он соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Соли 2020 5500 - солагии он ботантана таҷлил мегардад.
Нахусткашшофи Саразми бостон доктори илмҳои таърих А. Исҳоқӣ буда, дар бораи таърих, зисту зиндагии мардум, пайдоиши ҳунару ҳунармандӣ, расму оин ва шаҳрдориву шаҳрсозӣ дар ин сарзамин, маълумот додааст. Намунаҳои фарҳанги он дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Осорхонаи пойгоҳи бостоншиносии Саразм маҳфузанд. Нигораҳое, ки толорҳои ин осорхонаҳоро зеб мебахшанд, маҳсули кофтуковҳои бостоншиносии Саразм буда, зиёда аз 3000 ададро ташкил медиҳад.
Соли 2018 аз мавзеи Саразм 34800 сайёҳ дидан кардааст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ИСЛОҲИ ВАСИЯТНОМА
Овоне, ки Людвиг - бародари Алфред Нобел фавтид, расонаҳои хабарӣ иштибоҳан иттилоъ доданд, ки Нобели маъруф, ихтироъкори динамит фавтидааст.
Рӯзи дигар, вақте ки Нобел рӯзномаро варақ мезанад, бо хондани ин сатрҳо хеле мушавваш мегардад: «Алфред Нобел, даллоли марг ва ихтироъгари марговартарин силоҳи башар моро падруд гуфт».
Алфред нороҳат гашт ва ба худ андешид: «Оё хуб аст, ки маро пас аз марг ин гуна бишносанд?».
Аз ин рӯ, ба васиятномааш тағйирот даровард, ки сарваташ барои ҷоизаи сулҳ ва пешрафтҳои фаннӣ масраф гардад.
Таҳияи Умар АЛӢ
Тоҷире ҳар рӯз ба писараш як танга дода мегуфт:
– Инро бигир ва мувофиқи мақсад сарф намо, агар тавонӣ зам кун.
Аммо писар тангаҳоро ба дарё мепартофт, чун ранҷ намебурду аз ҳисоби падар маишаташро таъмин менамуд.
Падар аз ин кори ӯ хабар ёфта, мегӯяд: «Бираву дигар рӯзии хешро худ биёб!» Аз хешу пайвандон низ хоҳиш намуд, ки ба писараш пул надиҳанд.
Писар аз ноилоҷӣ ба мардикорӣ машғул шуд, то пул кор кунад. Як танга ба даст меораду онро ба падар меорад.
– Фарзандам, акнун ин тангаро ба дарё парто, - мегӯяд падар.
Писар ба шӯр омада, «падарҷон, чӣ хел пулро ба об партоям. Оё медонед, ки бо чӣ қадар заҳмат онро ба даст овардаам. Дастонам аз меҳнати сахт обила бастанд…».
«Ҳар дафъае, ки ман ба ту пул медодам, онро бепарвоёна ба об мепартофтӣ-ку. Фикр мекардӣ, ки пул муфт ба даст меояд?», - хулоса менамояд падар.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Сиёсатмадор ва дипломати машҳури фаронсавӣ Талейран, ки бо хонуми зебо Анна Стал аҳди муҳаббат баста буд, ба ҷавонзани дигар низ дилкашолӣ дошт. Инро пай бурда, хонум Стал барои санҷиш аз ӯ мепурсад:
- Азизам, агар ману маъшуқаи нават дар як вақт ғарқ шавем, аввал кадоме аз моро наҷот медиҳӣ?
- Ҷонакам, чӣ лозим фикри бад кардан? Охир, ман медонам-ку, ту дар соҳил калон шудаву беҳтарин шиноварӣ.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ
ИНТЕЛЕКТ
Масъалаҳои шавқовари математикӣ
1. Як Ар баробар аст ба 100 метри мураббаъ. Оё дар кате, ки шумо хоб меравед, 20 Ар ҷой мегирад?
2. Яку ним килограмм ҳасиб 48 сомонӣ нарх дошта бошад, 1 килограмми он чанд сомонист?
3. 1 килограмм чанд ҳиссаи сентнерро ташкил медиҳад?
Тартибдиҳанда Қувватбек Ашурбеков, сокини шаҳри Душанбе
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
НАГОРО - БИҲИШТИ ЛӮХТАКҲО
Барои аксари сокинони кишварамон аз русто кӯч бастани сокинонашу холӣ шудани онҳо шояд афсона намояд. Аммо ҳастанд кишварҳое, ки деҳоташон дар натиҷаи ба шаҳрҳои калон кӯчидани аҳолӣ ба харобазор табдил ёфта истодаанд. Ҳамин гуна ҳолат бо деҳаи Нагорои Ҷопон рух дод. Деҳи як вақтҳо хеле обод ба оҳистагӣ холӣ шудан гирифт.
Сокини деҳа Аяно Сукими танҳо монда буду дасташ ба ҳама кор намерасид. Бинобар ин, барои тарсондани зоғон хӯсае сохта, ба он либосҳои падарашро пӯшонд. Натиҷааш худи Аяноро дар ҳайрат гузошт. Ҳатто ҳамсояҳо ба хӯсааш салом дода мегузаштанд.
Ҳамин тавр, идеяи бо одамони сохта пур кардани деҳа пайдо шуд. Ҳоло саршумори лӯхтакҳои сохтаи ӯ аз садто ҳам гузаштааст. Дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии деҳа дувоздаҳ толибилми офаридааш бо устодашон машғули дарсанд. Лаби дарё моҳигирон бо шасту сатилҳояшон нишастаанд. Дар кӯчаҳои деҳа даҳҳо пирамарду пиразанҳо суҳбат доранд. Ҷуфти ошиқонро ҳам ин ҷо вохӯрдан мумкин аст. Хуллас, лӯхтакҳо дар ҳама ҷо «фаъоланд». Баъзеашон ба болои дарахтон ҳам баромадаанд.
Имрӯзҳо ба шарофати лӯхтакҳояш Нагоро дубора обод гардида истодааст. Ҳазорон сайёҳ барои ошно шудан ба тарзи анъанавии ҳаёти ҷопонҳо ва дидани лӯхтакҳои Аяно Сукуми ба ин ҷо меоянд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ
ЕЛСИН БА ДАРВОЗАБОН МАСЛАЧЕНКО ЧӢ ГУНА МАНСАБ ДОД?
Соли 1992 дастаи футболи Ҳукумати Россия ва шаҳрдории Москва бо ҳам дар сабқат шуданд. Дар дақиқаҳои охири қисми аввал дарвозабони дастаи якум ҷароҳат бардошт. Дар ҳуҷраи либосивазкунӣ Борис Елсин барои ҳимояи дарвоза Владимир Маслаченко (дарвозабони машҳури СССР ва шореҳи футбол)-ро пешниҳод намуд. Лекин Маслаченко иброз дошт, ки ӯ узви ҳукумати мамлакат нест. Елсин худи ҳамон лаҳза ӯро муовини якуми раиси Кумитаи варзиш таъйин карда, ба Гайдар супориш дод, то фармони дахлдорро таҳия созад. Маслаченко дар қисми дуюми бозӣ хеле хуб ҳунарнамоӣ намуда, ягон тӯб сар надод. Бо вуҷуди ин, баъди бозӣ аз иҷрои мансаби баланд даст кашид.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
МЕҲМОНХОНА
Ё БОШИШГОҲИ САҲРОӢ?
Иёлати Айдахои Амрико бо хоҷагидорони картошкапарвараш дар дунё машҳур аст. Сокини он Кристи Вулф бо ғояи ҷолибе хост шаҳомати иёлаташро афзояд. Ҳамин тавр, бо маблағи пасандознамудааш бинои ғалатиеро бунёд кард, ки он ба картошкаи азим монанд буд. Дар рӯзҳои аввал Кристи онро дар ядаки мошини боркаш васл карда, бо он тамоми шаҳру деҳаҳоро чарх мезад. Оқибат, аз ин шуғл дилгир шуд. Хост нақшаи аз ин ҳам ҷолибтареро амалӣ созаду мардумро ба ҳайрат орад.
Барои ин, Кристи дар майдони фарохе бинои картошкашакл сохта, онро ба меҳмонхона табдил дод. Фарқияти он аз меҳмонхонаҳои дигар ин аст, ки бино тиреза надорад. Дар фасли зимистон мисли деҳотиён ҳуҷраҳои онро ба таври табиӣ – бо ҳезум гарм мекунанд. Имрӯзҳо барои будубош дар меҳмонхонаи саҳроӣ сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори дунё ба Айдахо меоянд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
ПРОФЕССОРИ ПАРЕШОНХОТИР
Роҳбари илмии яке аз дӯстони ман топологи шинохта, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Ю. М. Смирнов буд, ки солҳои дароз дар бинои барои муаллимони донишгоҳ зиндагӣ мекард. Як рӯз дӯстам мехоҳад бо устод дар бораи вақти машғулиятҳои иловагӣ вобаста ба кори курсӣ маслиҳат кунад.
- Пагоҳ соати чор ба хона биёед,- мегӯяд профессор. - Ман дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам, бинои 2, ошёнаи 5, хонаи 16…
Чун муаллим мебинад, ки шогирдаш барои навиштани суроға қаламу коғаз мекобад, илова мекунад:
- Навистан шарт нест. Рақами 2-ро 5 маротиба зарб кунед, худаш 16 мешавад.
«Охир, 2-ро 5 маротиба зарб кунем, 32 мешавад-ку», - қариб бо овози баланд мегуфт шогирд. Вале, баъдан, фикр мекунад, ки профессор солҳои дароз шогирдонро бо ҳамин «формула» ба хона хондаасту касе ӯро ислоҳ накардааст… Ва ӯ ҳам бо ишораи фаҳмидам хомӯшона сар меҷунбонад.
Аз русӣ тарҷумаи
Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
2. Моэд Алтрад, Президенти бошгоҳи футболи «Montpellier Herault Rugby Club» ва ғолиби озмуни «Cоҳибкор - 2015».
Дороӣ: як миллиард доллари ИМА.
Ӯ дар хонаводаи бодиянишин, дар биёбони Сурия таваллуд шуда, дар айёми кӯдакӣ хеле барвақт аз модар маҳрум гаштааст. Моэдро модаркалонаш калон кард. Ӯ соҳибкори ояндаро намегузошт ба мактаби шаҳри Ракка (Ироқ) равад. Аммо, ӯ сарфи назар аз хости модаркалон ба мактаб рафт ва баъдан, ба хотири таълим дар донишгоҳ ба Фаронса омад. Он вақт ягон калимаи забони фаронсавиро намедонист, рӯзе як маротиба хӯрок мехӯрд ва ҳамин тавр, зиндагӣ мекард. Ба ин нигоҳ накарда, Моэд унвони илмиро дар соҳаи технологияи информатсионӣ дарёфт намуд ва баъдан, дар ширкатҳои намоёни фаронсавӣ кор кард. Ширкати муфлиси истеҳсоли чӯбҳои сохтмониро ба даст овард. Соҳибкори боистеъдод онро ба яке аз ширкатҳои пешрафтаи дунё табдил дод.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
10 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУСАВВАРАҲОИ РАССОМОНИ МАШҲУР
СТИВ ВИНН ВА “ХОБ”-И ПАБЛО ПИКАССО
Соли 2006 асари “Хоб”- и Пабло Пикассоро коллексионери амрикоӣ Стив Винн бо нархи 139 миллион доллари ИМА ба фурӯш гузошт, ки дар таърихи санъати тасвирӣ гаронарзиштарин арзёбӣ мешуд. Албатта, муаррифии чунин як асари нодир осон набуд, ҳатто барои Стив, ки дар кори худ соҳибтаҷриба буд. Аз ин рӯ, бештар бо ишораи даст таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб кардан мехост. Дар лаҳзаи аз ҳама пурэҳсос, ки қимати асар эълон мешуд, нохост оринҷи дасти Стив ба мусаввара бархӯрд ва онро аз миён пора кард. Новобаста аз ин, баъди таъмир мусаввара бо нархи 155 миллион доллар ба фурӯш рафт.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
АЗ ОСОРИ ҲЁТЕ
То мард хомӯш бошад, бар ӯ хатаре нест, зеро сарнавишти ӯ ба забонаш бастагӣ дорад.
***
Агар оқилӣ, бо ҷоҳилон ҷадал макун, ки худро асири ҷаҳл кунӣ ва ононро доноӣ наомӯзӣ.
***
Танҳо он кас далеронро ба ҳақ тавонад сутуд, ки худ далерона ҷангида бошад, зеро то касе сарду гарми ҷаҳон начашида бошад, қадри мардони арзандаро надонад.
***
Чаро аз душманон шиква мекунӣ? Магар умед дорӣ, ки эшон туро, ки вуҷудат худ мояи озори дили пурҳасад аст, гиромӣ доранд?
***
Анварӣ – шоири доно, ки аз рози дилу муаммои рӯҳ огоҳ буд, чунин гуфт: «Ҳама ҷову ҳама вақт дурусткору додгустару хатобахш бош!».
Таҳияи Қ. ДАВЛАТЁР
11 МУЪҶИЗАИ ЗЕРИ ЗАМИН
7. РИД ФЛЕЙТА (ЧИН)
Ин муъҷизаи табиӣ, ки таърихи миллионсола дорад, яке аз дастовардҳои беназири Гуйлин маҳсуб меёбад. Он солҳои 40 - уми асри гузашта аз тарафи як гурӯҳ гурезаҳо ошкор гардид. Ба ақидаи тадқиқотчиён ғори мазкур 180 миллион сол боз арзи вуҷуд менамояд. Масофаи он 500 метрро ташкил дода, дорои 3 баромадгоҳ мебошад. Манзараҳои нотакрори дохили ғор ҳар бинандаро мафтун мекунад. Шоҳкориҳои табиати афсункор дар якҷоягӣ бо чароғакҳои неонӣ, пули овезони сунъӣ ва шаклҳои аҷиби шӯхҳои сангину сталактикҳо ба он ҳусни тоза зам мекунанд. Дар яке аз толорҳои он кӯли начандон калоне мавҷуд аст, ки зеботарин кӯли зеризаминӣ эътироф гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ШӮХИИ «ОТАШАНГЕЗ»
Шаб басо сӯзон омад барои домоду арӯсе, ки навакак аз базми осмонкафи тарабхонаи Нюрнберги Олмон ба хона баргашта буданд. Ба ҳангоми ақди никоҳ, дӯстони шаҳу арӯс хостанд барои навхонадорон шӯхие эҷод намоянд, ки як умр дар хотирашон нақш бандад. Онҳо ваннаи домодро аз фарш то сақф бо коғаз пур карданд. Вақте ки домод чароғи ваннаро фурӯзон кард, аз лампа барқ ҷаҳид, коғаз аланга гирифт, сипас оташ ба хонаи хоб гузашт. То ана - мана гуфтана, хона пурра сӯхт. Натиҷаи шӯхӣ: хисорот ба андозаи 70 ҳазор марка ва шаби нахустини барбодрафтаи висол.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.05.2019 №: 85 Мутолиа карданд: 1240