logo

ҳуқуқ

 ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ПОРА ДУ КОРМАНДИ СУДРО БА ҶАВОБГАРӢ КАШИД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ду корманди мақомоти судиро анҷом дода, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, Муродҷон Ҳамзаев -  пристави суди ноҳияи Деваштич ва Фурқат Исроилзода, котиби суди ноҳияи Шаҳристон, барои бекор кардани ақди никоҳ аз як шаҳрванд 3000 сомонӣ талаб кардаанд. Дар ин бора 31 январи соли ҷорӣ шаҳрванд «А» ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуда, хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба  Фурқат Исроилзода шудааст. Ба навиштаи манбаъ Ф. Исроилзода  маблағи зикршударо ба воситаи пристави суди ноҳияи Деваштич Муродҷон Ҳамзаев талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузарондани амалҳои фаврӣ - тафтишотӣ М. Ҳамзаев баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 3000 сомонӣ дастгир шуда, нисбат ба кормандони суд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

ҚАЛЛОБӢ
БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 8 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва ҳайратангез  хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, Шаҳром  ном шахси номаълум бо роҳи фиреб ба боварии марди 48 - солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, дар давоми моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ аз ӯ барои тиҷорат 8 миллиону 839 ҳазору 960 сомонӣ гирифтааст. Ин мард вобаста ба қазияи мавриди назар ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат кардааст.
Дар пайи муроҷиати шаҳрванд кормандони милитсия марди 21- солаи сокини ноҳияи Варзобро бо гумони қаллобӣ дастгир карданд. Ҳоло нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ТАНЗИМ.
БОЗ ЯК ҚОНУНШИКАН ҶАЗО ГИРИФТ

Чанде қабл суди шаҳри Турсунзода нисбат ба шаҳрванд Дилафрӯз Иргашева барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷазо дар намуди ҷарима таъйин намуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, Дилафрӯз Иргашева, сокини шаҳри Турсунзода, бархилофи талаботи моддаи 10 қисми 1 – и қонуни мазкур амал намуда, маъракаи чойгаштаки духтарашро дар тарабхонаи «Ширкент» - и маҳаллаи 2 - и ҳамин шаҳр доир намудааст.
Вобаста ба ин ҳолат суд бо дастрасии моддаи 481 қисми 1 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Иргашеваро ба андозаи 5500 сомонӣ ҷарима кард.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2019    №: 91    Мутолиа карданд: 805
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед