logo

туризм

САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ. ТАДБИРҲО ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТАНД

Сайёҳии экологӣ бахши нисбатан нав ва зудрушдёбандаи бозори ҷаҳонии сайёҳӣ буда, сол ба сол байни ҷаҳонгардон маъруфияти бештар касб менамояд. Кишварҳои дорои табиати зебо ва ҳудудҳои табиӣ дар ин самт бурд мекунанд. Вале сайёҳии экологӣ низ як қатор мушкиливу муаммоҳо дошта, муносибати оқилонаву ҳадафнокро бо экосистемаҳо тақозо менамояд.

Мутаассифона, то ҳол дар рушди сайёҳии экологии Тоҷикистон омилҳое мавҷуданд,  ки ба принсипҳои ҷаҳонии экосайёҳӣ мухолифат мекунанд. Ин омилҳо асосан набудани назорати пурраи ҳифзи табиат, таҷассум наёфтани тамоми функсияҳои сайёҳии экологӣ дар хатсайрҳои сайёҳӣ ва танҳо ҷанбаи шиносоӣ доштани саёҳатҳо мебошанд. Ҳамчунин, яке аз мушкилиҳои назаррас мавҷуд набудани воситаҳои махсуси ҷойгиронии сайёҳон аст. Дар пойгоҳҳои мавҷуда сатҳи пасти хизматрасонӣ ва инфрасохтори рушднаёфта ба назар мерасад.
Амриддин Самиев, декани факултаи географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар ин хусус иброз дошт, ки сайёҳии экологӣ яке аз бахшҳои ояндадори соҳа буда, ба рушди устувори он таъсири мусбат мерасонад. Вале ҳар як соҳа бояд барнома ва дурнамои мушаххас дошта бошад. «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», «Зоркӯл», резервати биосферии «Ромит», Парки миллии Тоҷикистон бо филиалҳояш, Парки табиии «Сари Хосор», Парки табиӣ-таърихии «Ширкент» мавзеъҳои асосии сайёҳии экологии кишвари мо маҳсуб меёбанд ва албатта, дар ин ҳудудҳо хатсайрҳои махсус таҳия шудаанд. Вале дар назар бояд дошт, ки ин ҳудудҳои муҳофизатшаванда дорои се минтақаи махсус мебошанд ва саёҳат танҳо дар минтақаи аввали онҳо мумкин аст. Дар минтақаи дуюми муҳофизатии мамнӯъгоҳҳо метавон сайёҳии экологии омӯзишӣ ташкил кард. Минтақаи буферӣ, яъне ядроӣ бояд ҳамаҷиҳата муҳофизат шавад, зеро он ҷо ҳайвоноти нодир ба сар мебаранд. Бинобар ин, ҷиҳати нигоҳдошти ҳайвоноту набототи нодиру нестшаванда ҳангоми таҳияи пайроҳаҳои сайёҳӣ ва ташкили саёҳати экологӣ бояд меъёрҳо нигоҳ дошта, тавсияи мутахассисон ба инобат гирифта шавад.
- Ҳоло байни ширкатҳои сайёҳӣ ва  маъмурияти ҳудудҳои муҳофизатшаванда ҳамкориҳо роҳандозӣ мешаванд, зеро ҷонибҳо эҳсос намудаанд, ки ҳангоми ташкили оқилона сайёҳӣ метавонад ба муҳофизати табиат, хосса табиати мавзеъҳое, ки бояд дар шакли ибтидоӣ ҳифз шаванд, мусоидат намояд. Механизми ин ҳамкорӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ҳам табиат хароб нагардад ва ҳам аз он фоида ба даст ояд, - мегӯяд А. Самиев.   
Далелҳои муносибати дағалонаи ҷангалбонҳо бо сайёҳон низ кам нестанд. Набудани ишораҳо дар даромадгоҳҳо ва дохили ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда мушкили дигарест, ки сайёҳон бо он зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Албатта, дар ин самт аз ҷониби масъулон чораҳо андешида мешаванд, вале натиҷаҳо ҳоло назаррас нестанд.
Рушди сайёҳии экологӣ яке аз ҳадафҳои фаъолияти ҳудудҳои муҳофизатшаванда ба ҳисоб меравад. Дар асоси моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 сайёҳони хориҷӣ барои воридшавӣ ба ҷангалзорҳо маблағи муайян пардохт менамоянд. Ин маблағҳо барои таъмини ҳифзи муҳити зист истифода мешаванд.
- Соли гузашта 5000 сайёҳ ба ҳудудҳои табиӣ ворид шуд, - иттилоъ дод Убайд Акрамов, муовини сардори муассисаи давлатии “Ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Шумораи умумии ташрифи сайёҳон ба кишвар бошад, 2,6 маротиба зиёд шуда, ба 1 миллиону 155 нафар расид.
Ба гуфтаи Амриддин Самиев, сайёҳии экологӣ  ба  ҷуз аз ҳудудҳои муҳофизат-шаванда бояд дар дигар минтақаҳои кишвар рушд намояд, зеро ҳар гӯшаи диёри мо зебову диданист.
Дар ҳақиқат, Тоҷикистон бо қуллаҳои барфпӯши қаторкӯҳҳои Помиру Олой, дараву доманакӯҳҳо, меваҳои шаҳдбори Хатлон, ағбаҳои зебо, дарёҳои пуртуғён, кӯлҳои сабзи зумуррадину фирӯзагун, арчазору ҷангал, ҳарорати муътадил, ёдгориҳои таърихӣ, сокинони меҳмондӯст, обуранги миллӣ барои рушди сайёҳии экологӣ иқтидори воқеӣ дорад.
Моҳира Қодирова, дотсенти факултаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дар ин бора чунин гуфт: «Бренди мамлакати мо кӯҳҳо, чашмаҳои мусаффою  кӯлҳои зебо ва ҳайвоноту набототи нодири табиати зебои мо мебошанд, ки дар шакли ибтидоӣ ҳифз шудаанд ва мо онро бояд дар ҳамин шакл нигоҳ дошта,   ба сайёҳон пешниҳод намоем. Агар мо хоҳем, ки дар соҳаи сайёҳӣ муваффақ шавем, бояд аввал камбудиҳои мавҷударо бартараф созем. Яке аз камбудиҳо он аст, ки вақтҳои охир мавзеъҳои истироҳатӣ бо истироҳатгоҳҳои шахсӣ иҳота шудаанд. Хуб мешуд, ки онҳо, бо вуҷуди шахсӣ будан, ба сайёҳон дастрас бошанд. Ғайр аз ин, истироҳатгоҳҳои қад - қади дарёи Варзоб ҳавз, ошхонаю  тарабхона доранд, аммо иншооти поккунанда надоранд, бинобар ин, ҳамаи партовҳо ба дарё мераванд».
Гуфтан ба маврид аст, ки ин ҳолат дар дигар минтақаҳои сайёҳии кишвар низ ба назар мерасад, ки оқибати ногувор хоҳад дошт. Муҳити атроф, обҳои дарёву кӯлҳо, боду ҳавои кишвари мо назар ба дигар мамлакатҳо поку беолоишанд ва ин бартариҳои табиӣ асоси таваҷҷуҳи зиёди сайёҳон аст.
Барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф мутахассисон таъсис додани полиси экологиро пешниҳод мекунанд. Зеро, агар назорати ҷиддӣ ҷорӣ шавад, Тоҷикистон низ чун яке аз кишварҳои аз ҷиҳати табиӣ ҳифзшуда шинохта ва эътроф хоҳад шуд.
Фаридун Ҳамроев, менеҷери ширкати сайёҳии «Панҷакент интур», мегӯяд, ки мавзеъҳои сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳии кишвар хеле зиёданд, аз ин рӯ, хуб мешуд, ки меҳмонхонаву чойхонаҳои муосиру миллӣ дар маконҳои зарурӣ бунёд ёфта, хизматрасонии ҷавобгӯ ба талабот ба роҳ монда шавад.
Ҳоло саноати сайёҳӣ яке аз соҳаҳои зудрушдёбанда ва сердаромадтарини хоҷагии ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Мувофиқи таҳқиқоти сомонаи амрикоии TripAdvisor, ҳамасола 30 дарсади шумораи умумии сайёҳони ҷаҳонро  экосайёҳон ташкил медиҳанд. Рушди сайёҳии экологӣ воситаи нисбатан мувофиқ ва шояд ягонаи барҳам додани таъсири манфӣ ба экосистема дар фаъолияти сайёҳӣ бошад. Тибқи пурсишҳои иҷтимоӣ, 70 дарсади сайёҳон изҳор медоранд, ки соли оянда сайёҳии аз ҷиҳати экологӣ бехатарро интихоб хоҳанд кард. Коста - Рика, Австралия, Кения, Танзания, Зеландияи Нав, Испания, ИМА ва Африқои Ҷанубӣ кишварҳое мебошанд, ки ҳамасола сайёҳони зиёди экологиро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон қабул менамоянд.
Ҷиҳати рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тарғибу ташвиқи захираҳои табииро ба таври васеъ ба роҳ монда, ширкатҳои сайёҳӣ хатсайрҳои гуногуни саёҳати экологиро ба мавзеъҳои Қаратоғ, Ҳафткӯл, Ховалинг, Сари Хосор, Чилдухтарон, водии Рашт, мавзеъҳои гуногуни Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ намудаанд. Такмили нақшаҳои кулли Боғи миллӣ, мамнӯъгоҳҳои давлатии табиӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ, иҷрои уҳдадориҳо аз рӯйи конвенсияҳо барои нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи мероси ҷаҳонии табиӣ тадбирҳое мебошанд, ки барои самаранокии ҷараёни мазкур дар Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020 пешбинӣ шудаанд. Вале барои ташаккул ва рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон ин басанда нест. Мувофиқи пешниҳоди мутахассисон, қабл аз ҳама, маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок зарур аст. Таҳияи барномаи махсуси пешбарандаи бахш ва дар асоси он андешидани чораҳои зарурӣ, аз қабили бунёди меҳмонхонаҳо дар минтақаҳои дурдаст, таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, роҳандозии хизматрасонӣ, ҳамкории ширкатҳои сайёҳӣ бо маъмурияти ҳудудҳои табиӣ, тарғибу ташвиқ, ташаккули фарҳанги экологии аҳолӣ ва ҳамаи иштирокчиёни саёҳати экологӣ, ки махсусан ба рушди сайёҳии экологӣ равона шудаанд, муҳим арзёбӣ мешаванд.
Ҳоло сарбории экологӣ дар кишвари мо кам ба мушоҳида мерасад. Вале, дар сурати пур гардидани мавзеъҳои табиӣ бо сайёҳони дохиливу хориҷӣ, масъалаи ҳифзу нигоҳдошти захираҳои табиӣ аз солҳои қаблӣ шояд шадидтар пеш ояд. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳои пешакӣ имкон медиҳад, ки экосистемаҳои нодири табиӣ дар шакли ибтидоӣ нигоҳ дошта шаванд ва ҷалби бештари асъори хориҷӣ ба кишвар таъмин гардад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2019    №: 92    Мутолиа карданд: 1172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед