logo

ҳуқуқ

ЗАМИН. НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини сокинони кишвар бо манзили зист дар замони Истиқлолияти давлатӣ 135 ҳазор гектар заминро ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо намудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини некуаҳволии мардуми кишвар дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 - ум 50 ҳазор гектар ва аз 1 декабри соли 1997 - ум 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон тақсим гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30 ноябри соли 2012 зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҳар як ваҷаб замини корам бояд ҳамчун омили таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон ба ҳисоб меравад, истифода шавад.
Бояд дар назар дошт, ки 93 фоизи  ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳо ва танҳо 7 фоизи онро заминҳои ҳамвор ташкил дода, риояи бемайлон ва бечунучарои қонунгузории истифодаи замин яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Ин ҳолат дар навбати худ аз ҳар як шахси масъул иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва муносибати дилсӯзонаро ба замин тақозо менамояд.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат аввали соли ҷорӣ дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин ва дар як қатор прокуратураҳои поёнӣ, аз ҷумла дар прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, воҳидҳои махсус оид ба назорати қонунгузории замин ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Раёсати мазкур дар ҳамбастагӣ бо зерсохторҳои поёнӣ фаъолияти худро пеш аз ҳама ба фаҳмондадиҳии талаботи қонунгузории замин, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт, баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон ва шахсони мансабдори масъули соҳа, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо равона кардааст.
Дар ин самт прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ корҳои муайянро ба сомон расондааст. Масалан, прокуратураи ноҳия дар давоми соли 2018 ва се моҳи соли 2019 дар ин самт 29 санҷиш гузаронда, аз натиҷаи он баҳри фавран бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда 68 амр, 12 пешниҳод  ирсол карда, 91 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 39 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Бо натиҷаи санадҳои эътиноии прокурор 1,19 гектар замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати аввалааш баргардонда шудаанд.
Яке аз мушкилоти имрӯза дар ин соҳа ғайриқонунӣ ишғол кардани заминҳо ва сохтмонҳои худсарона дар онҳо мебошад. Бинобар ин, прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар ин замина назорати прокурориро боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва сари вақт бартарафсозии чунин қонунвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Наргис САНГИНЗОДА, коромӯз - ёрдамчии прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2019    №: 92    Мутолиа карданд: 822
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед