logo

фарҳанг

 ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЕКТ
РАҚАМВОРД

А – адади чоррақамае, ки рақамҳояш аз ададҳои хурдтарини натуралии якхела иборат аст.
Б – адади чоррақамае, ки рақамҳояш аз ададҳои якрақамаи якхелаи калонтарин иборат аст.
В – соли барҳамхӯрии Давлати Шӯравӣ.
Г – соли ташкилшавии Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Тоҷикистон.
Д – соли таваллуди яке аз шоирони халқии Тоҷикистон.
Е – соли асри ХХ, ки суммаи рақамҳояш аз ҳама калонтар аст.
Ж – соли баргузории Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
З – соли саршавии ҷанги якуми ҷаҳон.
 
Ҷавоб ба муаммои «Ғунҷоиши зарфҳо муайян карда шавад», аз 10 майи соли 2019.
Ғунҷоиши зарфи якум 63 литр ва ғунҷоиши зарфи дуюм 84 литр аст.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
БУНЁДИ БОҒЧА
БИЁЕД АЗ ҶОПОНИҲО ОМӮЗЕМ!

Мардуми ҷаҳон хуб огоҳанд, ки ҷопониҳо барои таълиму тарбияи дурусти кӯдак аз тамоми усулҳои муфид истифода бурда, баъзан ба иқдомоти аҷиб низ даст мезананд. Масалан, барои бунёди боғчаи кӯдакон аз чунин усул кор мегиранд: нахуст замини мувофиқу ҳамворро интихоб ва гирди онро чанд муддат бо панҷара маҳкам мекунанд.
Вақте кӯдаконро ба ин ҷо меоранд, табиист, ки онҳо машғули бозӣ мешаванд, медаванду меҷаҳанд. Агар дуруст аҳамият диҳем, худи кӯдакон дар ин муддат ҷои бозӣ, хоначаҳо ва хоби худро интихоб ва муайян менамоянд.
Маҳз бо назардошти ҳамин, баъдан масъулон ба сохтмони боғча шурӯъ мекунанд. Масалан, пайроҳае, ки бо почаҳои худ сохтаанд, оянда пайроҳа, ҷои хобашон – хобгоҳ, бозигоҳашон – атраксион мешавад.
Пажӯҳишгарон муайян кардаанд, ки тифлон майдони магнитиро эҳсос мекунанд ва танҳо дар беҳтарин ҷойҳо мавқеъ мегиранд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
ЛЮДОВИКИ XI
Ситорашиноси дарбор ҳамсари бемори шоҳи Франсияро фол дида, пешгӯӣ мекунад, ки малика баъди 8 рӯз мемирад. Дарвоқеъ, фол рост мебарояду муаббир дар бало мемонад. Зеро шоҳ аз ӯ гумони бад мебарад ва аз дил мегузаронад, ки шояд ситорашинос аз суиқасд ба ҷони малика огоҳӣ дошту ӯро хабар накард. Аз ин рӯ, чун ба хашм меояд, тасмим мегирад, ки фолбинро ба дор кашад. Бо ҳамин ният, ӯро ба наздаш хонда, мепурсад:
- Метавонӣ пешгӯӣ намоӣ, ки аз умри худат чӣ қадар боқӣ мондааст?
- Бале, аълоҳазрат. Марги ман се рӯз пеш аз кандани риштаи умри шоҳам фаро мерасад.
Шоҳ, ки хурофотпараст буд, аз шунидани чунин посух якбора ҳайратзада шудаву лол мемонад ва дар сари тарс аз нияти қатли фолбин мегардад.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
 
 
МАРК ТВЕН
МАЛЛОҲЕ, КИ ЧУН НАВИСАНДА МАШҲУР ШУД

Муаллифи асари “Саргузашти Том Сойер” – Марк Твен дорои зеҳни тезу табъи шӯх буд. Аз ин рӯ, дар осораш ҳаҷву мутоиба ва тамасхурро зиёд кор фармудааст. Тахаллуси Марк Твенро нависанда аз номи киштӣ мегирад. Дар асл исмаш Сэмюэл Лэнгхорн Клеменс аст.
Дар ҷавонӣ Марк ба ҳайси роҳнамои киштӣ дар яке аз дарёҳои Миссисипи фаъолият мекард. Ин касб ба ӯ чунон писанд омада буд, ки агар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861-1865 намешуд, ҳеҷ гоҳ онро тарк намекард. 
Вале табиатан таваҷҷуҳи Маркро навгониҳои илмӣ ҳамеша ба худ ҷалб менамуданд ва вақти зиёдашро дар озмоишгоҳи рафиқи наздикаш - Никол  Тесла мегузаронд.
Аҷиб аст, ки чанде пеш аз фавташ рӯзномае аз марги ӯ хабар медиҳад. Марк Твен мардуми зиёдро саргарми мутолиаи “сӯгворияш” дида, бо ханда мегӯяд: “Бинед, ҳатто, овозаҳо дар бораи марги ман мароқоваранд”.
Табассум АКБАР,
донишҷӯи коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии
ба номи П. Буйдоқов
 
 
ТЕЛЕГРАФИ ГАПЗАН
Телефонро соли 1876 олими амрикоӣ Александр Белл ихтироъ намудааст.
Олим муддати тӯлонӣ кӯшиш намуд дастгоҳе созад, ки имкони бо сим барқия фиристоданро дош-та бошад. Зеро, барои ихтирои чунин дастгоҳ мукофоти калон эълон шуда буд. 
Ихтирои ӯро «телеграфи гапзан» номиданд. Телефони Белл бо навбат ҳам барои шунидани овоз ва ҳам барои расондани он хизмат мерасонд. Даъват ба телефон ба воситаи ҳуштак ба роҳ монда шуда буд. Он замон минтақаи фарогирии «телеграф» то 500 метрро ташкил медод.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Боре аз Эйнштейн пурсиданд:
-Лутфан, назарияи нисбиятро бо мисолҳои зинда шарҳ медодед?
Олим гуфт:
- Агар хонуми зебое сари зонуи шумо як соати дароз шинад, дар назаратон чун як дақиқа метобад. Вале Худо накарда болои бухории тафсон шуморо як дақиқа шинонанд, фикр мекунед, ки аз байн соатҳо гузаштааст.  Ҳамин аст моҳияти назарияи нисбият.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ
 
 

«PIANO HOUSE»
ШОҲКОРИИ САНЪАТИ МЕЪМОРӢ

Дар шаҳраки Хуайнани музофоти Анхойи Ҷумҳурии Мардумии Чин бинои аҷибе сохта шудааст. Бино  пианиноеро мемонад, ки ба он  скрипкаи бузург такя задааст.
Лоиҳаи онро донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Хефей дар ҳамкорӣ бо мутахассисони агентии дизайнерии «Decoration Project» - и Хуайнан омода намудаанд.  Новобаста аз ин, бино ба санъати мусиқӣ иртибот надорад. Дар «пианино» маркази намоиш ҷой гирифтааст. Сайёҳон ва сокинони шаҳрак дар он бо макети биноҳо, тасвирҳои сохтмонҳои минбаъда ва нақшаи кӯчаҳои Хуайнан шинос мешаванд.
Намои биноро  скрипкаи бузурге ташкил медиҳад, ки аз шишаи махсус сохта шудааст. Рӯзона он ҳамчун манбаи рӯшноӣ барои толори намоишгоҳ хизмат менамояд. Шабонгаҳ контури пианино ва скрипкаро чароғҳои неонӣ равшан намуда, биноро хеле назаррабо менамоянд.
Таҳияи Абдулло РАҶАБОВ
 
 
САРБАНДҲОИ БАЛАНДТАРИНИ ҶАҲОН
Мавосин (Швейтсария)

Ин обанбори  мисли оина шаффоф байни ду кӯҳи сарбафалаки Грам - Конбен ва Ла - Ринти давлати Швейтсария ҷой гирифта, чун кӯли афсонавӣ зебову дилрабо ба назар мерасад. Сохтмони сарбанд соли 1951 оғоз гардида, соли 1957 пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд. Дар аввал баландии сарбанд 237 метр буд. Каме дертар он ба 250 метр расонда шуд.
 Кӯли Мавосин дар баландии 1961 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, дар ҳолати обхезӣ дарғоти маҳками он обро бо суръати 107 метри мукааб дар як сония  партоб менамояд. Ғунҷоиши он 211,5 миллион метри мукааб мебошад. Баробари истеҳсоли қувваи барқ сарбанд барои пешгирии обхезӣ ва бехатаргардонӣ аз пиряхҳо кор фармуда мешавад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ГИРИФТИ МУДАВВАРИ ОФТОБ,
Ё ПАЙВАНДИ ОФТОБУ МОҲТОБ 
Ба ақидаи ситорашиносон,  гирифт  (хусуф)  – и    мудаввари  Офтоб ҳодисаи ҷолиби кайҳонист. Нуҷумшиносон  ин  рухдодро, баъзан,  пайванди  Офтобу Моҳтоб ҳам ном мебаранд.
Чунин ҳодиса замоне рӯй медиҳад, ки Моҳ пурра рӯйи Офтобро  пӯшондааст.  Аммо  фақат  як кунҷи  Офтоб берун монда,  нурҳои он   дохили Моҳро равшан менамоянд. Ин  ҳодиса  замоне  ба амал меояд, ки  Моҳ нисбат ба  ҷуссаи бузурги  доштааш,  хурд мегардад. Ин,  албатта, як воқеаи табиист, зеро Моҳ ин замон дар масофаи хеле дуртар аз Замин қарор  мегирад. Дар ин ҳолат тоҷи  Офтоб аз  назарҳо ноаёну  рӯшаниаш дар осмон боқӣ  мемонад.  
Давоми 100 сол  ба ҳисоби миёна  237 хусуфи Офтоб  ба қайд гирифта шуда, аз  он   танҳо 14 – тоаш   гирифти мудаввар  мебошад. 
Таҳияи  Иронбӣ  МӮСОЗОДА
 
 
АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
4. Говард Шулс, соҳиби ширкати  «Starbucks»

Дороӣ: 2,9 миллиард доллар.
Дар айёми кӯдакӣ Шулс бо волидонаш дар паноҳгоҳи камбағалон зиндагӣ мекард. Ба ӯ муяссар гардид, ки барандаи мусобиқаи мактабӣ оид ба футболи амрикоӣ шавад ва ин ба ӯ имкон дод, ки билети дохилшавӣ ба Донишгоҳи Мичигани Шимолиро ба даст орад. Пас аз хатми донишгоҳ, Говард дар ширкати «Xerox» ба кор оғоз кард. Андак баъдтар, соли 1997 вай сарварии шабакаи «Кофеен» - ро, ки аз 60 нуқтаи савдо иборат буд, ба уҳда гирифт. Соли 1987 ӯ директори генералии ин ширкат шуд ва нуқтаҳои шабакаашро то ба 16000 адад (дар тамоми олам) расонд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
MERCEDES - И КЛАССИКӢ
НАМУНАИ НОДИРИ ОН ЁФТ ШУД

Яке аз хабарҳои дар олами автомобилҳо ҳангомаомез ёфт шудани спорткари қадимӣ мебошад, ки коллексионерони машҳури ҷаҳонро ба ҳайрат овард.
Дар анбори фарсудае, воқеъ дар шаҳри Хартфорди иёлати Массачусетси ИМА, мошини классикии Mercedes - Benz 190 SL - и истеҳсоли соли 1962 ёфт шуд. Маълум гардид, ки мошин  давоми 44 - соли охир истифода нашудааст.
Спорткарро ба соҳиби наваш, ки дар музояда ғолиб омада буд, супурданд.
Таҳияи М. БЕРДИЁРОВ
 
 
ДАРЁҲОИ ДАРОЗТАРИНИ ОЛАМ
АМУР

Дарёи Амур дар Шарқи дур ҷорӣ гашта, бо дарозии 5052 километр (бо шохобҳояш Аргун ва Керулен) дар раддабандии дарёҳои дарозтарин ҷойи 9 - умро ишғол мекунад. Дар болооб Амур Русияро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷудо карда, дар поёнобаш минтақаҳои аҳолишин ва шаҳрҳои калон, аз ҷумла Хабаровск ва Комсомолск, қомат афрохтаанд. Дар он ягона нақби зериобии Русия бо дарозии 7198 метр ҷойгир аст, ки аз соли 1941 фаъолият мекунад. Дарёи Амур қариб тамоми сол сероб буда, ба он дарёҳои Зея, Бурей, Уссури ва Анюй ҷорӣ мешаванд.
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
11 МУЪҶИЗАИ ЗЕРИ ЗАМИН
9. ВАЙТОМО - ГЛОРМОР (ЗЕЛАНДИЯИ НАВ)

Дар наздикии шаҳри Вайтомои Зеландияи Нав ғорҳои ғайриодие ҷойгиранд. Шуҳрати ин ғорҳо аслан ба теъдоди зиёди хомӯшакҳои ҷилодоре, ки маскуни он мебошанд, вобастагӣ дорад.
 Бале, хомӯшакҳои тобони мунтазам парвозкунанда, ки бо ҷилои осмонрангу зумуррадгуни хеш дохили ғорҳоро чароғон намудаанд, ба ин макон  шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Зебогии ин маконро бо қалам тасвир намудан ғайриимкон аст, хусусан торҳои борики моеи ширешмонанд, ки дар рӯшноии хомӯшакҳо намудор мегарданд, ба назар аҷиб менамоянд. Ғорҳои Вайтомо тақрибан аз 150 мағор иборат буда, ҳар кадоми он дар алоҳидагӣ бо столоктитҳо ва сталагмитҳои шаклан аҷоибу басе нотакрор мебошанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ТАРАБХОНАҲОИ ҒАЙРИОДӢ
«NEW LUCKY RESTARAUNT»
Ё ТАРАБХОНА -  ОРОМГОҲ

Ғайриинтизори ҳама Кришан Кутти, тоҷири ҳиндустонӣ барои  кушодани  тарабхона оромгоҳи мусулмононро  интихоб кард. Ӯ гӯрҳоро ба таври хосса оро дода, паҳлуи онҳо мизу курсӣ гузошт. Кутти ҳамарӯза тозаву озода нигоҳ доштани қабрҳоро  аз кормандонаш қатъиян талаб менамояд.  Бинобар ин, барои зебу зинати дохили «New Lucky Restaraunt» кормандон болои  қабрҳоро  бо  гулҳои тару тоза оро медиҳанд.
Ҳамчунин, матои сабзеро, ки  болои гӯрҳоро пӯшондааст, ҳар саҳар иваз менамоянд.  Дар ҳоле, ки худи вай дар бораи хуфтагони гӯристон  ҳеҷ  маълумоте надорад. Ба ақидаи як муаррихи таҳҷоӣ, дар ин ҷо пайравони маслаки суфияи ба асри  XVI тааллуқдошта, хобидаанд. Дар  Ҳиндустон ин  макони фароғатӣ ҷойи дӯстдоштатарини  ҷавонон аст. 
Таҳияи  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
 
 
ДАВ
РЕКОРДИ КӮДАКИ ҲАФТСОЛА

100 метр дар 13,48 сония – чунин суръати тасхиркунандаро Рудолф - давандаи хурдакак аз ИМА нишон дод. Ин рекорди байни писарбачаҳои 7 - сола маҳсуб мешавад. Ба ин хотир, давандаи наврасро ба варзишгари сабуки достонзеб Усейн Болт баробар медонанд. Рекорди Усейн 9,58 сония буда, мақсади асосии ин писарбача фатҳи натиҷаи Болт мебошад.
- Ман ҷиддан кор мекунам то якҷо бо дастаам ба ҳадафҳои бузург бирасам,- мегӯяд ӯ.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ҲАЯҶОН, ТАРС ВА ҲИССИЁТИ ПАРВОЗ
Соли 2017 дар иёлати Аризонаи ИМА майдони тамошоеро дар баландии 1200 метр сохта, ба истифода доданд, ки сайёҳонро ба ҳайрат овард. Аҷобати сохтмон дар ин аст, ки он бо вуҷуди бениҳоят калон буданаш дар ҳолати муаллақ қарор дошта, ҳангоми ҳаракат дар болояш гӯё замин шахсро ба комаш фурӯ мебарад.
Дарозии пайроҳа 20 метрро ташкил медиҳад, ки барои одамони заифмизоҷ тавсия намешавад. Ҳангоми пайроҳаро тай кардан ба меҳмон пайафзоли  махсус медиҳанд, ки бо он шахсро ҳиссиёти парвоз кардан фаро мегирад.
Муҳандиси иншоот мегӯяд, роҳрав бардошти то 70 тонна вазнро дорад. Вале, барои эҳтиёт, дар як вақт танҳо то 120 нафарро иҷозат медиҳанд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2019    №: 94    Мутолиа карданд: 1215
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед