logo

иқтисод

 ТАШХИСГОҲИ ГЕОЛОГӢ БА ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР НИЁЗ ДОРАД

Истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок соҳаест, ки буҷети давлатро ғанӣ мегардонад. Ҳар як маъдан, сангу филизоти кӯҳӣ, ки аз замин бароварда мешавад, аз ташхис мегузарад. Озмоиши дуруст ва саривақтии хурдтарин ҷирми таркибии маъдан дар коркард ва истеҳсоли он аҳамияти калон дорад.
Ташхисгоҳи геологии назди Саридораи геология аз зумраи чунин озмоишгоҳҳост, ки мувофиқи дархост ҳама намуди канданиҳои фоиданокро месанҷад. Ташхисгоҳ дорои шаш ҳуҷраи озмоишӣ, аз ҷумла  ташхиси химиявӣ, рентгенӣ, маҳаккунӣ, спектралӣ – плазмавӣ ва минерологӣ буда, ҳар кадом бо хусусияти хос таркиб ва сохти маъданро муайян менамояд. Масалан, ташхиси минералогӣ сангу филизро бо ҷудокунии пешакии таҳшинҳои табиӣ ва сунъӣ ва ҷудо кардан ба магнитию ғайримагнитӣ таркиби минералии онро меомӯзад ва маҳаккунӣ бошад, намунаи кандании фоиданокро ба сангреза табдил дода, барои таҳлил омода месозад, яъне ҳар як намуди ташхис кори муайянро дар бар мегирад, махсусан таҳлили нуриҳои минералӣ, нафт, дизел, элементҳои асосии полимерҳо, ашёи химиявӣ барои муайян кардани сатҳи ифлоскунии обу хок ва амсоли инҳо, ки аз таҷҳизот ва мутахассиси баландпоя вобастагии калон доранд. Мутаассифона, алҳол таҷҳизот ва асбобу ашёи озмоишгоҳ, ки аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанд, куҳнаву фарсуда шудаанд.
Раъно Самиева, директори озмоишгоҳ, дар ин бора, иброз дошт, ки ташхисгоҳ ҳанӯз соли 1946 бунёд ёфта, дар он 300 нафар кору фаъолият дошт. Ҳоло дар ташхисгоҳ 21 нафар мутахассисони соҳа фаъолият карда, мувофиқи дархост ин ё он маъданро аз санҷиш мегузаронанд.
Ба андешаи коршиносон, таваҷҷуҳи давлатҳои тараққикарда ба захираҳои табиии конҳои кашфношудаи Тоҷикистон сол ба сол зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, ба таври зарурӣ фаъол гардондани озмоишгоҳ бо назардошти ташхис ва озмоиши ҳаҷми зиёди маъдан, ки талаботи бозорро қонеъ мегардонад, ба манфиат хоҳад буд. Махсусан, ҳоло ки ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии мамлакат эълон шудааст, зарурати навсозии озмоишгоҳ ва бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозондани он бештар шудааст.
Айни замон бо мақсади таъмини озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосир дастгирии соҳибкорону сармоягузорон зарур мебошад. Қаблан, барои беҳсозии кори ҳуҷраҳои ташхисӣ, аз ҷумла ҳуҷраи ташхиси минералогӣ бо дастгирии Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ таҷҳизоти замонавӣ насб гардида буд. Вале барои анҷом додани ташхиси намунаҳои дигари конҳои кашфношуда ва ба ин восита таъмин кардани иқтидори саноатии кишвар, ки дар солҳои наздиктарин рӯ ба афзоиш мениҳад, навсозии асбобу олоти озмоишии дигар ҳуҷраҳо низ айни муддаҳост.
Ташхисгоҳи геологӣ ҳоло имконияти таҳлил ва озмоиши элементҳои нодирро надорад ва сабаби аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ маҳз дар озмоишгоҳҳои худӣ гузарондани ташхис низ дар ҳамин аст.            
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2019    №: 94    Мутолиа карданд: 1007
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед