logo

иқтисод

 ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ТАБОДУЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ТАВСЕА МЕХОҲАД

Назарияи сиёсати иқтисоди берунӣ ҷанбаҳои мушкилотӣ низ дорад, хусусан дар масъалаи табодули маҳсулот. Равшан аст, ки консепсияи сиёсати аграрӣ ва системаи танзими давлатӣ бояд ба дарки далелҳои илмӣ асоснок карда шавад. Дар ҳамин раванд, ба андешаи мо, зарурати таҳияи Консепсияи мубодилаи маҳсулот ва ҳамгироии муносибатҳо дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба миён омадааст.
Барои фароҳам овардани шароити иқтисодии рушди босуръати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ интихоби самтҳои стратегӣ дар иқтисодиёти байни ду давлат муҳим аст. Дар мубодилаи маҳсулот ва муносибатҳои ҳамгироӣ  бояд, пеш аз ҳама, масъалаҳои интихоби шаклҳои иқтисодӣ, нархи маҳсулот дар раванди гузариш ба системаи квота, ҳаҷми хариди маҳсулот, ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ ба инобат гирифта шаванд. Зарурати таҳияи чунин консепсия боз  бо он асоснок карда мешавад, ки чунин таҳқиқот барои Чин ва Тоҷикистон дар соҳаи мубодилаи маҳсулот ва муносибатҳои ҳамгироӣ - иқтисодӣ то ҳол гузаронда нашудааст.
Барои ташкил намудани мубодилаи миқёсан калони мол ва рушди равандҳои ҳамгироӣ миёни ду кишвар бояд заминае фароҳам оварда шавад, ки барои ду ҷониб судманд бошад, назири тавассути рушди кишоварзии фарҳангӣ аз худ кардани заминҳои бекорхобида,  баланд бардоштани  маҳсулнокии рустанӣ ва чорво. Ҳамкориҳо мусоидат мекунанд, ки иншооти нави саноати коркарди маҳсулот бунёд ва рушд ёбанд. Мақсад баланд бардоштани иқтидори захираҳои истеҳсолии маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатӣ, инчунин, таъсис додани низоми босамари мубодилаи маҳсулот ва самаранокии муносибатҳои истеҳсолӣ мебошад. Фароҳам овардани шароити иқтисодӣ метавонад ба ҷалби фаъоли сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва истифодаи дастовардҳои илму техника мусоидат намояд. Ҳадафҳои асосии рӯи даст гирифтани таҳияи консепсияи иқтисодӣ ҳаминанд.
Дар консепсия равишҳои оянданигарӣ, ҳалли мушкилоти мубодилаи маҳсулот ва ҳамгироии муносибатҳо дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ байни Тоҷикистону Чин бояд равшан инъикос ёбанд. Зарурати таҷдиди соҳаҳои нави кишоварзӣ бо истифодаи беҳтари иқтидорҳои табиию техникӣ (захираҳои замин, об, воситаҳои асосии меҳнат ва қобилияти зеҳнӣ), таъмини захираи ғизоӣ, хариди маҳсулоти хӯрокворӣ бо нарху меъёрҳои мувофиқ, роҳандозии такрористеҳсол, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, муайян намудани хусусиятҳои иқлимии  минтақаҳои  алоҳида, дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ, ба назар гирифтани хусусиятҳои иқлимӣ, ҳолатҳои фавқулода ва минтақаҳои  алоҳида аз вижагиҳои оянданигарӣ дар таҳияи консепсияанд. Ҳамчунин, хеле муҳим аст, ки дар консепсия имкониятҳои ҳақиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсолот ва муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ (хусусан дар истеҳсоли пахта, меваҳои хушк, ситрусӣ, картошка, кабудиҳои барвақтӣ, пиёз, ангур, маҳсулоти шароб, спирти этилӣ, помидор, сабзавот, консервҳо, шарбатҳои мевагӣ, тамоку, равғани геран, пӯст, пашм), механизми иқтисодии ҳавасмандгардонии истеҳсолоти кишоварзӣ, муносибатҳои молиявӣ ва қарзӣ дар асоси методологияи умумӣ, дастрасӣ ба бозорҳои кишоварзӣ барои соҳибкорони ду кишвар ва масъалаҳои зиёди дигар мушаххас, равшан ва воқеӣ мунъакис шаванд.
Зарур аст, ки принсипҳои асосии ҳалли масъалаҳои номбаршуда истифодаи самараноки мубодилаи маҳсулоти кишоварзӣ, кам кардани вобастагии воридотӣ ва роҳандозии фармоишҳои давлатӣ бошанд. Муҳим аст, ки консепсия ба дигаргуншавии тадриҷии муносибат ба замин ва таъсиси бозорҳои нави озуқавории минтақавӣ мусоидат кунад ва таъмини тандурустию некуаҳволии аҳолии ду кишвар бояд меҳвари асосии онро таркиб диҳад.
 
Фаррух АБДУВОСИЕВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2019    №: 95    Мутолиа карданд: 868
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед