logo

фарҳанг

 ЧАКАН - ҲУНАРЕ, КИ ЗАВОЛ НАМЕЁБАД

Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии миллати тамаддунофари тоҷик мебошад, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд. Он таърихи беш аз 1800 – сола дошта, нахустин намунааш дар Тоҷикистон аз ҳудуди деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор аз тарафи бостоншиносон кашф гардида буд. Дар он нақши «Дарахти ҳаёт» бо услуби классикӣ рӯи матои абрешимӣ бо ранги бунафш тасвир шудааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо тоқиҳои домодҳоро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросимҳо куртаи чакан ба тан мекунанд.
Дар бораи равияҳои гуногуни гулдӯзӣ ва сабкҳо, офариниш ва таърихи он муҳаққиқони зиёде, аз қабили Бобринский, Винокурова, Широкова, Юнусова, Рӯзиев, Додхудоева, Аминова ва дигарон маълумот дода, изҳор намудаанд, ки дар гулдӯзиҳо бештар аз 700 намуди нақшу нигор истифода мешаванд, ки онҳо дар навбати худ боз ба се намуд - ислимӣ, ҳандасӣ ва хаёлӣ ҷудо мешаванд. Дар баробари ин, муҳаққиқон ҳунари кашидадӯзиро ба муҳити зист вобаста дониста, онро ба гулдӯзии кӯҳистонӣ ва водигӣ тақсим кардаанд.
Дар ибтидо либосҳои чаканро дарбориён - шахсони маъруфу мартабадор истифода мекарданд. Бо гузашти солҳо мардуми одӣ низ ба он дастрасӣ пайдо намуданд. Истифодаи рангубор дар ҳунари чакандӯзӣ ба табиати макони зисти ҳунарманд вобастагӣ дорад. Нақшдӯз кӯшиш менамояд, ки бо истифодаи риштаҳои гуногунранг тароват ва зебоии маҳали хешро тибқи тахайюлоти худ дар рӯи матоъ инъикос намояд. Одатан курта, сӯзанӣ, тоқӣ, болишт, чойпӯш, бардеворӣ, гаҳворапӯш, чойхалта, камарбанд, ҷойнамоз, рӯймолча гулдӯзӣ мешаванд. Ҳар нақши болои матоъ ном дорад, чунончи косагул, пайи зоғак, аштак, гули анор, барги бед, бодомак, ислимӣ, каҷак, лола, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, моҳу ситора, пайи гунҷишк ва ғайра.
Имрӯзҳо нақшу нигори пироҳани занона бештар бо риштаи абрешимӣ, ки худи ҳунарманд бофтаву ранг мекунад, дӯхта мешавад. Омодасозии либоси чакан заҳмати зиёд ва маҳорати баланди касбиро талаб мекунад. Ин ҳунар аз насл ба насл аз замонҳои пеш то ба имрӯз омада расида ва бо омехташавии фарҳангу тамаддунҳо такмил ёфтааст.
Вақте дар бораи чакан сухан мегӯянд, қабл аз ҳама бонуҳои ҳунарманди чакандӯзи шаҳри бостонии Кӯлоб пеши назар меоянд. Гарчанде ки ин ҳунар дар ҳама манотиқи Тоҷикистон роиҷ бошад ҳам, чакандӯзони кӯлобӣ маъруфияти хосеро миёни дӯстдорони ин навъи ҳунар касб намудаанд. Ва чаканҳои дӯхтаи онҳо бо зебоиву нафосати махсуси худ фарқ мекунанд.
Ҷилваи гулдӯзиҳои ин ҳунармандон дар ҷашну маърака ва чорабиниҳои расмии фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар васеъ истифода мешаванд ва ин ҳунарест, ки ҳеҷ вақт завол нахоҳад ёфт.
 
С. МИРЗОЕВ,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2019    №: 95    Мутолиа карданд: 921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед