logo

туризм

 СУҒД. ОМИЛҲОИ ТАЪСИРРАСОН БА РУШДИ САЙЁҲӢ

Вилояти Суғд бо мероси пурарзиши таърихиву фарҳангӣ, табиати пурасрор, иқлими гуворову муътадил ва манзараҳои нотакрору урфу анъанаҳои қадимаи мардумаш аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар аст, ки дер боз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ кашида, миёни онҳо маҳбубияти хосса дорад. Барои мисол, соли гузашта ба Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиону 155 ҳазор сайёҳ ташриф овард, ки беш аз 850 ҳазори он тариқи вилояти Суғд ворид гашт.
Воқеан ҳам, вилоят барои ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, ба монанди таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳию деҳот ва илмиву мардумшиносӣ захираҳои зиёд дорад.
Дар ин росто, водии Зарафшон бо ёдгориҳои нодире чун Саразми бостонию Панҷакенти Қадим ва манзараҳои ҷолиби кӯҳҳои Фону кӯлҳои Марғузор, Аловиддин, Кӯли Калон ва Искандаркӯл дӯстдорони таъриху фарҳанг ва табиатро шефтаву мафтун кардааст. Ба ҳавзаи Кӯли Калон кӯлҳои Душоха, Бибиҷаннат, Сиёҳ, Ҷангал дохил мешаванд, ки аз манзараҳои дилкаши водиянд. Табиати афсункори кӯлҳои Аловиддин ва атрофи он ҳар бинандаро тасхир месозад. Дар водии дарёи Шинг бошад, кӯлҳои Марғузор ҷойгиранд, ки ҳар кадом бо ранг ва зебоии хоси худ фарқ мекунад. Ин кӯлҳо дар ҳақиқат муъҷизаи пурасрори табиатанд ва дар мавсими гармо ба мавзеи писандидаи сайёҳони пиёдагарду кӯҳгарди дохиливу хориҷӣ табдил меёбанд. Ҳамчунин, яке аз объектҳои ҷолиб Искандаркӯл мебошад, ки дарозиаш 5 километр ва жарфиаш 90 метрро  ташкил медиҳад. Қариб ду километр поёнтар аз кӯл, аз байни шахҳо, шаршарае аз баландии 30 метр ҷорист, ки ҳар сайёҳ дар орзуи дидани он аст. Ҳамаи ин дороиҳо имкон фароҳам овардаанд, ки Зарафшон на танҳо дар дохил, балки берун аз ҷумҳурӣ ҳамчун беҳтарин минтақаи туристӣ шинохта шавад.
Омӯзиши захираҳои туристӣ нишон медиҳад, ки вилоят барои ривоҷ бахшидани туризми табобатӣ - беҳдоштӣ иқтидори бузург дорад. Бо вуҷуди он ки осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил”, “Зумрад”, “Хавотоғ” ва “Авис - сити” миёни сайёҳони дохилию хориҷӣ шуҳрат доранд, мутахассисон барои равнақи бештари ин бахши сайёҳӣ дар минтақаҳои рекреатсионии обанбори Қайроққуму Искандаркӯл, бунёди табобатгоҳҳоро ба манфиати кор медонанд.
Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир дар обанбори Қайроққум осоишгоҳҳо бо беҳтарин шароит қомат афрохтанд, аммо вазъи инфрасохторию хизматрасонӣ дар Искандаркӯл беҳбудӣ мехоҳад. Ин мавзеъ бо табиати ҷаззобу иқлими гуворояш кайҳост, ки таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро ҷалб менамояд, аммо набудани инфрасохтори зарурӣ садди рушди туризм дар ин минтақа гаштааст. Ба бовари коршиносон, бо фароҳам овардани шароити созгор Искандаркӯл метавонад дар чор фасли сол сайёҳонро қабул намуда, ба яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёбад.
Дар баробари ин, дар шаҳру ноҳияҳои Суғд беш аз 60 меҳмонхона, 13 осоишгоҳ, 44 осорхона фаъолият мекунанд ва баҳри  афзоиши теъдоди иншооте, ки  барои ҷалби бештари туристон мусоидат менамояд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Чуноне мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилоят А. Раҳимов иброз дошт, имтиёзҳои андозиву гумрукии  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат додашуда самараи дилхоҳ ба бор оварданд. Ҳамин буд, ки соли гузашта якчанд иншооти нав мавриди истифода қарор гирифт. Маҷмааи хизматрасонии меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент” бо тарҳи зебо дар соҳили дарёи Сир қомат афрохта, дар осоишгоҳи “Баҳористон” меҳмонхонаи нав бо шароити муосири истироҳату табобат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ноҳияи Зафаробод меҳмонхонаи “Ситора” ба истифода дода шуда, сохтмони иншооти нави осоишгоҳи “Зумрад” ва осоишгоҳи деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 нафар идома дорад.
Сардори ширкати сайёҳии “Панҷакент интур” Муҳаммадшариф Шарифбадалов гуфт, ки солҳои ахир вазъи инфрасохтори сайёҳии вилоят бамаротиб беҳтар гашт. Меҳмонхонаҳо бо беҳтарин шароитҳо бунёд ёфтанд. Роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо низ таъмир гаштаву ҳолати хуб доранд. Аммо, боз ҳам мақомоти маҳаллиро мебояд дар ин ҷода ҳамкориро бо соҳибкорон тавсеа бахшанд. Масалан, дар ҷангалзоре, ки хатсайрҳои туристӣ аз он мегузаранд, сохтани иншооти инфрасохторӣ, барои ҷалби сайёҳон муосидат мекунад. Зеро фазои ороми ин мавзеъҳо писанди сайёҳони кӯҳгард аст. Ва дар ин амр ба муҳити зист диққати ҷиддӣ бояд дод, то он олуда нагардад. Ҳамзамон, дар мавзеъҳои барои сайёҳии экологӣ пешбинигардида, гузоштани партовгоҳҳо ва муайян намудани ҳудуд барои будубоши сайёҳон аз манфиат холӣ нест.
Илова бар ин, вақти он расидааст, ки ба рушди агротуризм таваҷҷуҳ намоем. Зеро аксари аҳолии кишвар дар деҳот ба сар мебаранду ба кишоварзӣ машғуланд. Агар агротуризм хусусияти оммавӣ касб намояд, ҳам деҳот рушд мекунаду ҳам сатҳи зиндагии сокинони он боло меравад. Гузашта аз ин, ба тарбияи кадрҳо диққат бояд дод, то роҳбаладони тасодуфӣ аз байн раванд. Онҳое бояд ба кор ҷалб гарданд, ки ҳам донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанду ҳам аз таъриху фарҳанги миллат огоҳ.
Боиси ёдоварист, ки айни ҳол дар вилоят 27 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Онҳо дар самти сайёҳии экологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ, тиҷоратӣ, табобатию этнографӣ ва экскурсионӣ фаъолият намуда, барои гирифтани раводид, шиноснома ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймо хизмат менамоянд. Вале, ҳоло ҳам шумораи ширкатҳои сайёҳӣ кифоят намекунад. Масалан, агар дар шаҳрҳои Панҷакент 15 ва Хуҷанд 6 ширкат мавҷуд бошад, шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ ҳамагӣ 1 ё 2 ширкат доранду дар дигар минтақаҳо ҳатто ягон ширкат фаъолият намекунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо сохторҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо баҳри рушди соҳа ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба имконият ва захираҳои сайёҳӣ, ҳавасмандсозии субъектҳои хоҷагидор ва омодасозии мутахассисони соҳа тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Интизор меравад, ки ин омилҳо ба рушди сайёҳии вилоят мусоидат намоянд.
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2019    №: 95    Мутолиа карданд: 1921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед