logo

иқтисод

 ПИЛЛА. ЧАРО БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ МУВАФФАҚ НАШУД?

Кирмакпарварӣ ҳамчун соҳаи сердаромади иқтисодӣ даҳсолаҳо дар рушди саноати сабуки мамлакат  саҳми муносибу муассир гузошта, ҳазорон нафар аз ин ҳисоб бо ҷойи кор ва музди хуб таъмин буданд. Муҳимтар аз ин, либосҳои аз матои абрешимӣ дӯхташуда, ки аз лиҳози экологӣ ба саломатии инсон безиён ва аз ҷиҳати бадоштиву сифат, нармиву ҷилобахшӣ аз бисёр дигар матоъҳо, ҳатто пахтагин, афзалият доранд, дастрасу бозоргир ва ба буҷети давлат манфиатовар буданд.
Феълан 60 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии пилла ва маҳсулоти аз он омодашуда ба Чину Ҳиндустон рост меояд ва рушди соҳаи кирмакпарварӣ  аз муҳимтарин сарчашмаҳои воридшавии асъори хориҷӣ дар ин кишварҳо арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, равнақи соҳаи мазкурро боз дар Кореяи Ҷанубиву Кореяи Шимолӣ ва Япония мушоҳида кардан мумкин аст.
Мутаассифона, солҳои охир соҳаи мазкур дар кишвар бо сабабҳои гуногун дар ҳолати буҳронӣ қарор гирифта, истеҳсоли пилла дар қиёс ба солҳои қаблӣ  хеле коҳиш ёфт. Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди он барои солҳои 2012 - 2020» қариб пурра иҷро нагардид.
Барои мисол, дар вилояти Суғд 10 - 15 сол қабл ҳаҷми тавлиди ин ашёи хоми гаронбаҳои  саноатӣ ҳар мавсим  ба 1600- 1650 тонна мерасиду ба ин васила ҷиҳати коркарди ниҳоии он корхонаи машҳури шоҳибофии шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт, ки дар он то 5,5 - 6 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буд. Ҳоло бошад, истеҳсоли солонаи пилла дар вилоят ҳамагӣ 350 - 400 тоннаро ташкил медиҳад. Куҳнаву фарсудашавии таҷҳизоти истеҳсолӣ рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро дар қиёс бо ширкатҳои хориҷӣ ҷиддан имконнопазир кардааст. Масъулони вилоят сабабҳои ба чунин ҳолати буҳронӣ расидани соҳаро гуногун шарҳу эзоҳ медиҳанд, назири камшавии талабот  дар бозори  ҷаҳонӣ  ба маҳсулоти пиллагӣ, хароҷоти зиёдеро тақозо кардани парвариши кирмак, манфиати ночизи молиявии кирмакпарварон...    
Аммо, мушоҳидаву таҳлилҳои коршиносон собит месозанд, ки  воқеият тамоман дигар аст. Соҳаи кирмакпарварӣ феълан дар ҷаҳон  ҳамоно рӯ ба рушд буда, ниёз ба ин ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти тайёри он сол ба сол зиёд мегардад.
Оё  парвариши кирмак дар қаламрави вилояти Суғд чун дигар бахшҳои кишоварзӣ  дар шароити низоми бозаргонӣ ба мардум манфиати дилхоҳи иқтисодӣ оварда метавонад?
- На танҳо метавонад, балки шароит ҳаст, ки  ба яке аз сарчашмаҳои боэътимоди воридшавии асъори хориҷӣ табдил гардад, - мегӯяд Бобоҷон Домуллоев, собиқ сарвари ҶС «Пиллаи Суғд». - Кирмакпарварӣ дар ҳама давру замон соҳаи сердаромад ба ҳисоб мерафт ва ҳамин хел хоҳад монд. Хоҳем, ки ин соҳа дар ҷумҳурӣ минбаъд рушду нумӯ ёбад ва мақоми устувори иқтисодӣ дошта бошад, бояд нахуст аз услубу шакли куҳнаи парвариши кирмак - ба уҳдаи мардум вогузоштани он даст кашида, технологияи муосирро роҳандозӣ кунем. Бо назардошти он ки дигар аҳолӣ дар манзили худ парвариши кирмакро роҳ намедиҳанду чандон ба ин шуғл ҳавасмандиву ҳавсала надоранд, бояд аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҷаҳонӣ баҳра барем ва ривоҷу равнақи баъдии соҳаро дар заминаи бевоситаи саноатӣ ба роҳ монем. Дар саҳро, наздики майдони тутзор парваришгоҳҳои кирмак бунёд карда, бо ҷалби мутахассисон ва, албатта, коргарони кироя - сокинони маҳаллӣ вусъату равнақи соҳаро ноил шудан имконпазир аст. Ин амалия дар бисёр мамолики пешрафта: Корея, Чин ва Ҳиндустон самари хуби молиявӣ мебахшад. Афзалият, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки парвариши тухмӣ ва кирмак аз рӯзҳои нахуст таҳти назари мутахассисон буда, нашъунамо ва истеҳсоли пиллаи хушсифат кафолат дода мешавад.
Дар шаҳри Конибодом парвариши кирмак то даҳаи сеюм бевосита дар як марказ ҷараён гирифта, баъдан он миёни кирмакпарварон тақсим карда мешавад. Сарфи назар аз ҳама гуна мушкилиҳо,  дар ин ҷо нисбат ба дигар навоҳии кирмакпарвари вилоят ҳосили хуби пилла мегиранд ва то андозае ҳавасмандӣ аз ҷониби аҳолӣ низ  эҳсос мешавад. Аммо, тавре Абдурауф Бобоҷонов, сардори ҶС «Пиллаи Конибодом», ки дар маҷмӯъ, наздики чоряк аср бо ҳамин соҳа сару кор дорад, мегӯяд, дурнамои соҳа, рушди он ба бунёди кирмакхонаҳои махсуси парваришӣ дар  ҳамаи шаш ҷамоати шаҳр вобаста мебошад.
- Гузаштан ба ин шакл аз ҷиҳати таъмини хӯрокӣ, зери назорати мутахассисони ҳирфаӣ қарор доштани парвариши кирмак ва тавлиди пиллаи сифатан аъло ба манфиати кор аст, - мегӯяд А. Бобоҷонов.
Масъалаи пойгоҳи  ғизои кирмак - барги тут низ имрӯз барои рушди соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Мутаассифона, ин масъала низ тайи даҳсолаи охир аз мадди назари масъулону мутахассисони соҳаи вилоят дур мондааст. Дар ҳудуди хоҷагиҳои вилоят 25 – 30 сол қабл то 10 ҳазор гектар, соли 2011 наздики 4 ҳазор гектар ва соли сипаришуда 2 ҳазору 82 гектар майдони тутзор мавҷуд  буд. Ҳоло, бино ба иттилои сармутахассиси ҶС «Пиллаи Суғд» Муҳаббат Ғанизода, ҳамагӣ 1410 гектар тутзор мавҷуд аст, ки аз лиҳози ҳосилнокӣ ва сифат ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ, умуман, ҷавобгӯ намебошад. Аз фориғболии масъулони собиқи соҳа дар ҷараёни тақсими қитъаҳои замину таъсиси хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ҳазорҳо - ҳазор бех ниҳоли тут нобуд карда шуд. Барои эҳёи онҳо ҳам вақт даркору ҳам қитъаҳои холии замин.
Инак, мавсими нави парвариши кирмак фаро расид. Оё дар идораҳои пиллаи навоҳии вилоят ба ин маъракаи аз лиҳози иқтисодӣ муҳим ба таври бояду шояд  омодаанд?
- Бо назардошти дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва ҳадафи чоруми миллӣ эълон гаштани саноатикунонии босуръати кишвар, ки ба коркарди ниҳоии пилла низ иртибот дораду дар ин замина чандин коргоҳҳои саноати сабук фаъолият мекунанд, метавон гуфт, ки ба мавсим пурра омода ҳастем. Бо дастгирии сармоягузор - корхонаи «ВТ-Силк» аз хориҷи кишвар тухмии хушсифату кафолатнок ба вилоят ворид ва тақсим шудааст. Ҷиҳати парваришу истеҳсоли маҳсулоти хушсифати пилла мо бо зиёда аз 12 ҳазор кирмакпарвари навоҳии вилоят шартномаҳои инфиродӣ ба имзо расондем. Дар мавсими имсола ният дорем, ки парвариши 10 ҳазору 550 қуттӣ тухмиро ба роҳ монда, то 450 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол кунем, - гуфт М.Ғанизода.
Воқеан, дар самти саноатикунонии кишвар, ки аз ҳадафҳои чоруми стратегӣ маҳсуб меёбад, вилояти Суғд имрӯзҳо пешгом аст. Бо эътимод  метавон гуфт, ки ин соҳаи муҳим низ дар доираи талошҳои созандаи роҳбарияти имрӯзаи вилоят ва тадбирандешии масъулони соҳа ояндаи наздик аз рушди худ дарак медиҳад.
 
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2019    №: 95    Мутолиа карданд: 1175
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед