logo

мулоқотҳо

 МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО НАМОЯНДАГОНИ ВОЛОМАҚОМ

17 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СҲШ, масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, илм, иртиботи оммавӣ, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангии давлатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, инфрасохтори сохтмон, телекоммуникатсия, технологияи олӣ ва инноватсия, рушди бахши кишоварзӣ ба манфиати кишварҳои аъзо, табодули андеша карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори азнавсозии платформаи иқтисодии СҲШ, татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”, таъсиси хатсайрҳои нақлиётӣ - логистикии пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ба воситаи Чин ва Россия бо бозорҳои ҷанубу шарқии Осиё ва давлатҳои Аврупо, бунёди институтҳои молиявии - Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ва таъсиси Маркази зидди мухаддиротии СҲШ мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе минтақаҳои Афғонистон, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм ва роҳҳои маблағгузории он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

17 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимаи масъалаҳои конфронси имрӯза, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосири ба амнияти кишварҳои минтақа таъсиргузор, иброз доштанд, ки танҳо ҳамгироии кишварҳо ва муборизаи муштарак имкон фароҳам меорад то ин вабои аср аз байн бурда шавад.
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани кори конфронс, пешсафии кишвари мо дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос кард.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда истодааст ва ҳукумат ва мардумони ду кишвар аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.

17 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбековро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар ва иштироки ҷонибҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кишварҳои мо тавассути иштироки фаъол дар тадбирҳои муштарак метавонанд дар таъмини амну субот дар давлатҳои худ ва минтақа саҳми фаъол дошта бошанд.
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили бомуваффақонаи ҳамоиши сатҳи баланд ва меҳмоннавозии самимӣ баҳои баланд дод.
Дар ҷараёни мулоқот робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар тамоми соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, инчунин, муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, СААД ва ИДМ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

18 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамқуловро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушду густариши муносибатҳои шарикӣ бо Қазоқистон ҳавасмандем ва мулоқоти имрӯза дар доираи муколама имкони дигари муҳокимаи самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад.
Ҷонибҳо робитаҳои судманд дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноат, илму маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишварро баррасӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таъмини амният ва мушкилоти глобалӣ дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ муҳокима гардид ва ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо табодули андеша карданд.

18 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коноро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон  хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушду таъмиқи робитаҳо бо Япония таваҷҷуҳи хосса дорем ва барои густариши ҳамкории судманд дар ҳама сатҳу ҳайат талош меварзем.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмии сарони давлатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави робитаҳо дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва туризм табодули андеша карданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония”, Агентии байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ “Ҷайка” ва дигар барномаҳои ояндадори муносибатҳо баррасӣ шуданд.
Таъсиси маркази бизнес - инкубатор, Фонди японии сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ зарур шумурда шуданд.
Содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳои хуштамъи Тоҷикистон ба бозори Япония, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдан, фармасевтика, таъсиси корхонаҳои коркарди пахта, пилла, истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз онҳо самтҳои дигару судманди ҳамкорӣ маънидод гардиданд.
Масъалаҳои ҳамкории амниятӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буданд, ки ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2019    №: 95    Мутолиа карданд: 5107
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед