logo

маориф

 ВАНҶ. НОРАСОИИ КИТОБ АЗ МУШКИЛОТЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД


Дар ноҳияи Ванҷ 50 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ фаъолият менамояд, ки шумораи хонандагонашон ба  5654 нафар мерасад.
Яке аз мушкилоти соҳа таъмирталаб будани 27 бинои мактаб аст. Чанде аз муассисаҳо ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ зарурат доранд.
Ба гуфтаи Лутфулло Наврӯзов, мудири шуъбаи маориф, дар муассисаҳои таълимӣ 837 омӯзгор машғули таълиму тадрис буда, 376 нафарро занон ташкил медиҳад. Аксар дорои маълумоти олӣ ва маълумоти миёнаи омӯзгорианд. Роҳбарияти шуъбаи маориф ба  масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон диққат дода,  соли таҳсили ҷорӣ 23 нафарро бо ҷойи кор таъмин кард.
Тавре аз суҳбат бо мудири маориф аён гашт, моҳи феврал тибқи нақша тамоми мураббиёни маркази инкишофи кӯдакон ва наврасон дар шаҳри Хоруғ аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Шумораи умумии маркази инкишофи кӯдакон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 28 ададро ташкил медиҳад, ки дар он 53 мураббӣ фаъолият дорад. Дар марказҳои инкишофи кӯдакон 666 кӯдак фаро гирифта шудааст, ки 326 нафарашро духтарон  ташкил медиҳанд. Инчунин, дар ноҳия 2 боғчаи кӯдакон бо фарогирии 120 нафар тарбиятгиранда фаъол аст. Марказҳои инкишофи кӯдакон ва боғчаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ пурра таъминанд.
Дар муассисҳои таълимии ноҳия 349 компютер, 86 принтер, 23 генератори барқӣ, 9 видео - проектор мавҷуд буда, хонандагон аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Аммо дар ин самт камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва дастгоҳи шуъба 64 компютер, 17 принтер, 6 генератори барқӣ корношоям буда, таъмир карданашон ғайриимкон мебошад.
Маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия 27 феврали соли 2019 байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмуни «Шоҳмотбозӣ» гузаронд, ки дар он хонандаи синфи 8 - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 Парвини Улуғбег байни писарон, хонандаи синфи 7 - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 Латифаи Холидҷон байни духтарон сазовори ҷойи якум шуданд. Байни хонандагони синфҳои 5 - 7 ва 8 -11 озмуни донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид.
Моҳи январи соли ҷорӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни «Китобхони беҳтарин» дар 3 зина ва озмуни «Дастони моҳир» аз  рӯи бахшҳои кашидадӯзӣ, бофандагӣ, муҳрабофӣ ва дӯзандагӣ гузаронда шуданд.
Яке аз  сабабҳои пастравии сифати таҳсил дар  муассисаҳо нарасидани кадрҳои соҳибихтисос аз  фанҳои забони  русӣ, технологияи иттилоотӣ, химия  ва математика мебошад. Сабаби  дигар риоя  накардан ба  меъёрҳои  баҳодиҳӣ  ба  дониши  хонандагон мебошад. Қисми  зиёди  омӯзгорон ба  хонанда  баҳои 2 намегузоранд. Мутаассифона, ҳангоми санҷиши сатҳи дониш аз тарафи мутахассисони шуъбаи маориф маълум гардид, ки қисме аз хонандагон  аз  уҳдаи иҷрои корҳои тестӣ, диктант ва корҳои санҷишии хаттӣ намебароянд. Яке аз роҳҳои асосии баланд  бардоштани дониши  хонандагон бо  китобҳои  дарсӣ таъмин  кардан аст. Таъмини муассисаҳо бо  китоби  дарсӣ сол ба сол беҳтар шуда, тайи  5 соли охир ба шуъбаи маориф  38 номгӯй китобҳои дарсию бадеӣ бо теъдоди 42314 адад ворид  гардид, ки  ин 13 дарсади таъмини китобҳои дарсию  бадеиро ташкил медиҳад. Аммо, норасоии китобҳои  дарсӣ то  ҳол дар муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои химия, биология, забони англисӣ, забони  русӣ, забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ ба  назар  мерасад. Ин ҳам яке  аз  омилҳои асосии пастравии сатҳи дониши  хонандагон дар  муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳисоб  меравад.                                     
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2019    №: 96    Мутолиа карданд: 1342
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед