logo

ҳуқуқ

 ТААССУБ - ОМИЛИ АСОСИИ НООРОМӢ ДАР ҲАР ҶОМЕА


Таассуб ҳадди ниҳояти сахтгирӣ дар ҳар амал буда, риояи эътидолро барои соҳиби амал барбод медиҳад ва ҳар инсонро дар коркардҳову ақидаҳояш эътидолситез мегардонад. Эътидолситезӣ – ин рахна кардани марзи муайян ва муқарраршудаи ҳар чиз аст. Инсоният ҳар гоҳ мутеи таассуб шавад ва эътидолро дар давоми ҳаёташ маҳаки эътибор қарор надиҳад, ин амали вай сабаби аз ҳам гусастани силсилаи ваҳдати ҷомеа ва риштаҳои дӯстӣ мегардад. Агар чун силсилаҳои пайванди ҷамъӣ миёни афроди ҷомеа гусехта гарданд, ваҳдати куллӣ, ки аз рукнҳои аввалдараҷаи ягонагии сиёсиву иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад, халалпазир ва мӯҷиби бадбахтӣ мешавад.
Дар ҷомеаи мутамаддини асри XXI барои ҳар давлат ва кишвар роҳи асосӣ барои дастбурд бар истиқлолият - ин ваҳдати куллии мардуми он ба ҳисоб меравад. Рукнҳои устувору побарҷои бинои ваҳдати кулл барои ҷомеаи мутамаддин, пеш аз ҳама, вуҷуди шахси содиқи мубаллиғ ва ташвиқкунандаи миллат дар шоҳроҳи сиёсати сулҳпарваронаву ваҳдатҷӯёна, ҳамчунин, хиради азалии худи мардуми кишвар, ки хамираи фитраташ бо майлу рағбат ба сӯйи ин шоҳроҳ сиришта шуда бошад, ба ҳисоб хоҳанд рафт. Аммо, иллатҳои вожгуншавии ин бино эҷоди нифоқу нафрати байниҳамдигарӣ миёни ҷомеаи ҳар кишвар хоҳад буд, ки бо роҳҳои гуногун аз ҷониби нақшаҳои пешакӣ матраҳшудаи душманони хориҷӣ ва тавассути афроди гумроҳу беномуси миллат роҳандозӣ мешаванд.
Вуҷуди мубаллиғи дараҷаи якуми ваҳдати миллӣ - ин мояи мавҷудияти идеяи миллии мардуми он кишвар ба ҳисоб хоҳад рафт. Идеяи миллӣ асоси устувори зербинои ваҳдат ва шаҳсутуни побарҷойи он ба шумор меравад. Дар ҳар ҷомеае, ки асоси ваҳдати сиёсии он ба василаи ҳамин зербино ва шаҳсутун қоим нагардида бошад, он ҷомеа мубаллиғи дараҷаи якуми худро надорад ва ё ниёзи сахт бар вуҷуди ҳамчунин мубаллиғе дорад. Тарғибгарони миллати тоҷик дар собиқаи сарнавишти чандинасрааш шахсиятҳои гуногуни марбут бар касбу пешаҳои мухталиф буданд.
Агар ба давраҳои то истиқлолияти сарнавишти миллати тоҷик дида дӯзем, мубаллиғони дараҷаи якуми миллат - инҳо Абӯмуслими Хуросониву Муқаннаъ дар даврони ҳуҷуми аъроб, Исмоили Сомонӣ ва устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асрҳои IX - X, Абулқосим Фирдавсӣ, Асадии Тӯсӣ ва Носири Хусрав дар асрҳои X - XI, Темурмалик ва Ҷалолиддини Балхӣ дар даврони ҳуҷуми муғул, Аҳмади Дониш ва Шамсиддин Шоҳин дар давраи ҳукумати манғитиён, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар даврони ИҶШС ба ҳисоб мерафтанд. Ҷуз аз абармардони зикршуда, албатта, афроди зиёди сарсупурдаи миллат буданд, ки ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ тааллуқ доштанд ва тавассути кору пайкори хеш бо қалам ва ё теғу сипар ҳимоя аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон мекарданд.
Хидмати бузурги абармардони мазкур иборат аз он буд, ки ҳар кадом дар даврони худ нисбат ба таассубот нафрати беандоза доштанд ва дар муқобили ақоиди мутаассибонаи роиҷи замони худ сахт истодагарӣ карда, дар роҳи пуршарафи дифоъ аз Ватан ва забони тоҷикӣ аз касеву чизе бим надоштанд. Бо баракати ин қабил абармардони ҷонфидо, миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ то ба ҳол зиндаву ҷовид аст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушо, ки Эзади меҳрубон боз як мубаллиғи дараҷаи якумро барои мардуми тоҷик арзонӣ дошт, ки вуҷуди шарифи он кас дар саҳнаи сиёсати бузурги кишвар мӯҷиби пайванди дубораи силсилаҳои азҳамгусехтаи миллати тоҷик гардид. Ин шахс, бегумон, Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ки идеяи миллиро пас аз инқирози дудмони Сомониён дубора эҷод карданд, идеяе, ки ба муддати зиёда аз ҳазор сол аз ҳар хонадони тоҷик дур афтода буд, идеяе, ки маҳрумият аз он барои мардуми тоҷик то вуруди ӯ ба саҳнаи сиёсӣ боиси парокандагиву бегонашавӣ ва ба кӯҳистониву ғайрикӯҳистонӣ ва шимоливу ҷанубӣ тақсим шудани он гардида буд. Вуҷуди ҳамин мубаллиғи дараҷаи 1- и миллат - ин вуҷуди идеяи миллӣ, дақиқтар идеяи ягонаи миллӣ гардид.
Эҷоди идеяи миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути гузоштани асосҳои сулҳу ваҳдати куллии миллати тоҷик роҳандозӣ шуд. Зимнан, бояд қайд кард, ки гузоштани ин асосот бар мабнои таҳаммулгароӣ ва муборизаи беамон бар зидди таассубот дар маънои кулл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Якпорчагӣ ва ваҳдати куллии миллати тоҷик танҳо ва танҳо ба василаи муборизаи беамони ин абармард бар зидди таассубот амалӣ гардид. Бинобар ин, шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро метавон барҳақ муборизи сарсупурда алайҳи ҳама гуна таассубот дар асрҳои XX - XXI сарнавишти миллати тоҷик эътироф кард.
Дар саҳнаи мубориза бар зидди таассуботи фарогирифтаи сарнавишти миллат Пешвои муаззам, пеш аз ҳама, ба кушодани рагҳову шараёни карахтшудаи ҷисми миллат кӯшиш ба харҷ дод ва ҷиҳати  нест кардани зангу масмумоти ин таассубот идеяи миллиро фароҳам кард. Бар ин боварам, ки агар Ҳаким Фирдавсӣ дар ин давра мебуд, дигар барои ҳалокати Суҳроби миллат, ки киноя аз фарзандони ҷавонмарги миллат аст, фиғон барнамедошт ва бо афсӯс намегуфт: “Нӯшдору, ки пас аз марг ба Суҳроб диҳанд” ва, баръакс, барои Пешвои тоҷикон нидои “Аҷам зинда кардӣ”- ро арзонӣ медошт.
Пешвои миллат дар шараёни тоҷикон хуни ваҳдати куллиро ҷорӣ сохт ва тани миллатро аз фалаҷшавиву нестӣ наҷот дод. Тамоми маҳалҳои сарзамини тоҷиконро, ки қабл аз даврони истиқлолият ё бо роҳи табиӣ, ё сунъӣ аз якдигар канда шуда буданд, бо ҳам пайваст, роҳҳоро, ки баҳри ҳар кишвар ҳукми шараёнро доранд, миёни ҳама минтақаҳо ва вилоятҳо дубора барқарор сохт ва ё аз сари нав эъмор намуд. Барои ҳар шахсе, ки дар садри кишвар қарор дорад, эъмори роҳ – ин эъмори миллат аст, табобати ҷисму равони мардум аст. Наҷоти миллат – ин, пеш аз ҳама, барқарор сохтани муомилот ва муносиботи ҳасана миёни афроди гуногунмаҳал ва гуногунқавми миллат буда, дар ниҳояти худ, омезиши хуниву табории ҳама афроди маҳалҳои кишвар бо якдигар аст. Дар ҳақиқат, омезиши мардуми тоҷик бо якдигар - ин тавлиди фарзандони барӯманди миллат, тавлиди Суҳробҳои нав ва бо нӯшдоруи ваҳдат парасторишуда хоҳад буд.
Аз сангинтарин анвои таассуботи муосир, ки таъсири манфии он беш аз ҳар навъи дигари таассубот, ҳатто заҳрогинтар аз таассуби маҳаллӣ аст, ин таассуботи диниву мазҳабӣ мебошад, ки вуҷуди он дар ҳар ҷамъият ва давлате мӯҷиб бар тирабахтии фарогири мардум, бемории рӯҳонии афроди ҷомеа, сарсониву бехонумонӣ, аз даст рафтани бегуноҳон, аз даст додани наздикон, нобоварӣ ба ҳама - ба дӯстону наздиктарин нафарон, ҳатто, аъзои хонавода, қаҳтии шадид ва ниҳоят, мӯҷиби куфр мегардад. Дар ҳақиқат, таассуботи динӣ ба душмании шадид миёни афроди ҷомеа, фаротар аз он, миёни аъзои як хонавода, азҳамгусастагии занҷираи пайванду ваҳдати оилаҳову хонаводаҳо ва  вайрон гаштани ваҳдати оилаҳо, дар ниҳоят, ваҳдати куллии ҷомеа мебарад.
Бинобар ин, ҳар фарди солимақли Тоҷикистон, агар ояндаи орому осуда ва неку хуҷастаи Ватани азизамонро бихоҳад, бояд барои тоза кардани заҳри таассубот аз мағзи наврасону ҷавонон ба ҳеҷ ваҷҳ саҳлангорӣ ва бетарафӣ накунад. Зеро танҳо дар сурати мубориза бар зидди таассубот оромишу рифоҳи кишвар ва хушбахтиву фараҳмандии модарону кӯдакони мо фароҳам оварда мешавад. Миллати тоҷик миллати хирадниюш буд, ҳаст ва хоҳад монд ва ин бузургтарин силоҳест бар зидди ҳама гуна таассубот, ки ояндаи дурахшонеро дар пай хоҳад овард.
 
Озод САИДҶАЪФАРОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии
молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2019    №: 96    Мутолиа карданд: 722
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед