фарҳанг
КИТОБ: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ОЯНДА
Китоб. Онро варақ мезанем. Варақ мезанему роҳи нуру зиё кушода мешавад, олами дигар бо ҳазор оҳанг, ҳазор ранг пеши назарҳо ҷилвагар мегардад. Беҳтарин мунис, беҳтарин ҳамсуҳбат аст.
Ин вожа моро ба андеша мекашад, моро водор мекунад, ки аз забони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бигӯем:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Бувад бемузду миннат устоде,
Зи дониш бахшадат ҳар дам кушоде…
Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,
Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дур.
«Китоб… Ҳарфҳо… Сатрҳо, саҳифаҳо. Дар назар як варақ қоғази одӣ. Аммо ин варақ таронаи сухан, таровати забону баён ва афкори одамон аст. Ин варақ манам, ки навишта пураш кардаам, ин варақ онҳоеанд, ки худ дар ҳаққи худ навиштаанд, ин варақ тобистони тафсон, зимистону бӯрон, воқеоти дирӯза, орзуҳои имрӯза, кору бори оянда», - мегӯяд Расул Ғамзатов. Вале мо - халқи тоҷик, вақте ки «китоб» мегӯем, таърих варақгардон мешавад. Аввалин навиштаҷоти рӯйи сангҳо пеши назарҳо меоянд. Аввалин китоби тоҷик варақи санг буд.
Вақте ки «китоб» мегӯем, пӯсти говҳое ба назар ҷилвагар мешаванд, ки бо оби зар навишта шуда буданду аз таърихи миллати ориёинажод ҳарф мезаданд, қисса мекарданд. Рашки адӯ, камхирадии душманон чандин ҳазор аз ин навиштаҷотро ба коми оташ андохт. Вале чанд пӯсти китобатшуда гувоҳӣ доданд, аз ниёгон, аз халқи нурпарвару донишманд. Имрӯз китоби «Авасто» шоҳиди он рӯзҳост.
Китоб. Моро ба гуфтугӯ мекашад, ба сӯи озодагию покизагӣ мебарад, ба роҳи росту кори ҳақ ҳидоят мекунад.
Онҳо чун мо инсонҳо ҳазор озору ҳазор ҳодисаро аз сар гузарондаанд. Онҳо гоҳе дар коми оташу гоҳе дар зери хоку чанг мондаанд.
Онҳо ҳазор бор аз дасти кӯрдилон, ноодамон, душманон ба нестӣ расидаву боз аз забони дигар олимон, шоирон, таърихнигорон, алломаҳо, гӯяндагон умри дигар ёфтаанд.
«Таърихи ҷаҳонро, ба мисли тақдири ҳар инсон, ба ду давра тақсим кардан лозим: пеш аз пайдоиши китоб ва пас аз пайдоиши он. Давраи якум – шаби тор, давраи дуюм – рӯзи равшан. Давраи якум – давраи тираву танг, давраи дуюм – ҳамвору фарох ё теғаи кӯҳ…», - меоварад Расул Ғамзатов.
«Бузургтарин сухани бузургонро аз китоб бишнавед», - мегӯянд.
«Ҳар халқе, ки бо мо шинос шуд, ҳикмат бурд, илм бурд, дониш бурд, ҳатто шоир бурд», - таъкид мекунанд.
«Ҳар китобе, ки ба хона мебаред, донишмандест, ки ба хидмати худ мегуморед», - бо насиҳат изҳор медоранд.
Ш. ҲАҚНАЗАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.05.2019 №: 96 Мутолиа карданд: 763