logo

фарҳанг

 ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД - ҚАРЗИ АСОСИИ ВОЛИДОН

 
Олуфтабону АСКАРЗОДА,
коромӯз - судяи Маркази
таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо нигоҳи таҳқиқ назар афканем, дармеёбем, ки ниёгони мо ба таълиму тарбияи инсон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд.
Бахусус, дар асрҳои миёна масъалаи тарбияи инсон ва такомули маънавии он афзалияти вижа касб карда, дар ҳамин марҳила “Насиҳатнома” - и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» - у «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон” - и Абдураҳмони Ҷомӣ ва як идда асарҳои дигари панду ахлоқӣ эҷод гардиданд, ки саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шудаанд.
Дар марҳилаҳои минбаъдаи таърихӣ баррасии ин мавзӯъ дучанд густариш меёбад. Ҳамин буд, ки дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо худро назди наслҳои оянда масъул ва вазифадор эълон намудем. Моддаи 34 Конститутсия пурра ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд бахшида шуда, падару модаронро барои тарбияи дурусти фарзандон уҳдадор намудааст. Муқаррароти ин модда  барои дигар санадҳои  меъёрие, ки масоили таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд, сарчашмаи асосӣ ба шумор меравад.
Воқеан ҳам, дуруст ба воя расондани фарзанд яке аз масъалаҳои муҳими оилавӣ ҳисоб мешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанди нек - боғи падар, фарзанди бад - доғи падар”. Бинобар ин, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила яке аз принсипҳои танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ ба шумор меравад, ки он дар моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст. Моддаи 63 кодекси мазкур бошад, афзалияти ҳуқуқи падару модарро дар тарбияи фарзанд нисбат ба дигар шахсон кафолат медиҳад ва ба зиммаи онҳо уҳдадории тарбия ва рушду камоли фарзандонашонро вогузор мекунад.
Ба ҷуз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба камол расондани насли наврас Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” - ро қабул намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур таъкид намуда буданд, он санадест, ки “аз бисёр ҷиҳат хусусияти миллӣ дошта, ба имрӯзу оянда нигаронда шудааст”.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар баробари муқаррар намудани доираи субъектҳои ба таълиму тарбияи фарзанд вазифадор, инчунин, онҳоро барои фароҳам овардани шароити мусоиди моддию маънавӣ ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти фарзанд уҳдадор месозад.
Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, ки осори пандуахлоқии шоирону нависандагони гузаштаву имрӯза ва қонуну санадҳои меъёрии танзимкунандаи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро ҳамаҷониба омӯхта, барои насли навраси худ ояндаи неку дурахшон бунёд созанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2019    №: 97    Мутолиа карданд: 1036
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед