маориф
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ.
АЗ САҲЛАНГОРӢ ТО БЕЭЪТИНОӢ
Дар ноҳияҳои минтақаи Рашт бо вуҷуди бурдани корҳои фаҳмондадиҳии мунтазам ҷиҳати ҳарчи бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дохил гардидани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла духтарон, ҳанӯз ҳам баъзе мушкилиҳо ҷой доранд. Чуноне Раҳматҷон Наботов, сардори бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳонҳои ММТ дар ноҳияи Рашт, зимни суҳбат иттилоъ дод, бо сабаби дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи матлаб ба роҳ намондани интихоби касб дар вақти хуҷҷатсупорӣ довталабон ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин аз беэътиноии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони синфҳо, омӯзгорони фаннӣ ва волидайн шаҳодат медиҳад.
Яке аз омилҳои дохил нашудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ паст рафтани сатҳи сифати таҳсилот дар таълимгоҳҳои минтақа, дуруст ҷобаҷогузорӣ накардани роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз тарафи масъулон ва нарасидани омӯзгорони ихтисосманд маҳсуб мешавад.
Омили дигар ба масъалагузорӣ ва баррасии сатҳи сифати таҳсилот дар шӯроҳои педагогӣ ва ҷаласаҳои назди директорони таълимгоҳҳо иртибот мегирад. Яъне, он ҷавобгӯи талабот нест. Қобили тазаккур аст, ки ба дониши хаттию шифоҳии хонандагон меъёрҳои муайянгардидаи баҳогузорӣ риоя намешавад, яъне аз воқеият зиёд баҳогузорӣ менамоянд.
Масъулон ба шогирдон дар ташвиқу тарғиб барои иштироки хатмкунандагон дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ вазифаҳояшонро ба пуррагӣ иҷро намекунанд.
Бо мақсади дастрас, озод ва осон намудани сабти довталабон соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Рашт нуқтаи асосии бақайдгирӣ ва барои ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шуд.
Гарчанде ки аз тарафи кормандони бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ, таблиғгарони сатҳи ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ ва мактабӣ ба падару модарон, омӯзгорон ва хатмкунандагон корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда бошад ҳам, вале шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо натавонистанд, ки қисми зиёди хатмкунандагони синфи 11 - умро ба нуқтаҳои бақайдгирӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҷалб намоянд.
Дар соли таҳсили 2018 - 2019 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи Раштро 5038 нафар, аз ин шумора 2192 духтар, хатм мекунад. Вале аз оғози бақайдгирӣ то 30 апрели соли равон 2149/463 довталаб аз қайд гузашт, ки 42,6 дарсадро ташкил медиҳад.
Шумораи довталабон барои аз қайд гузаштан, алалхусус ҷавондухтарон аз баъзе ноҳияҳои минтақа дар дараҷаи хеле паст қарор дорад. Барои мисол, дар ноҳияи Тоҷикобод шумораи хатмкунандагони синфи 11 - ум 525/218 нафар мебошад, ки аз ин шумора 251/26 нафар номнавис шудаанд, ки 48 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бошад, рафти аз қайд гузаштани довталабон қонеъкунанда набошад ҳам, масъулони шуъбаҳои маориф кӯшиш намуданд, ки шумораи аз қайд гузаштани довталабонро то ба 52 дарсад расонанд.
- Бинобар ин, кормандони дастгоҳҳои шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки дар оянда дар якҷоягӣ бо директорони муассисаҳои таълимӣ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои иттилоърасонӣ ва ҷалби бештари ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва, ҳамчунин, баҳри таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ихтисосманд чораҷӯӣ намоянд, - гуфт дар хотима Р. Наботов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2019 №: 97 Мутолиа карданд: 1550