logo

ҳуқуқ

 ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО


ПОРА ИН НАВБАТ МАЙОРИ ХИЗМАТИ
ДОХИЛАРО БА ТОЛОРИ СУД БУРД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Алишер Алибоев, муовини сардор оид ба ҳайати шахсии Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/5 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, майори хизмати дохила Алишер Алибоев барои гирифтани пора (моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Ӯ аз шаҳрванд «А» барои аз Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/5 ба муассисаи ислоҳӣ нагузарондани маҳкумшуда «Б» 8000 сомонӣ талаб намудааст.
Моҳи феврали соли ҷорӣ Алишер Алибоев ҳангоми гирифтани маблағи мазкур ба сифати пора дар ҳудуди шаҳри Истаравшан дастгир гардид.

АВБОШӢ. СУД АБДУМУТОЛИБРО 5 СОЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ КАРД

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ аз ҳабси нафаре хабар дод, ки дар содир намудани авбошӣ айбдор шуд.
Абдумутолиб Абдураҳмонов барои лату кӯби шаҳрвандон Маъруфа Амонова ва Зарифа Рӯзиева дар ҳузури ом бо ҳукми  суди шаҳри Ҳисор 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Маҳкумшуда ин амали ҷинояткоронаро аз ҳиссиёти авбошӣ дар шафати бинои «Илҳомбонк», воқеъ дар маркази шаҳри Ҳисор, анҷом додааст, ки дар натиҷаи он Маъруфа Амонова ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ба ин амали  Абдумутолиб Абдураҳмонов тибқи муқаррароти моддаи 237 қисми 3 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

МАРДУМФИРЕБӢ. БОЗДОШТИ РИШВАСИТОНЕ, КИ ШАҲРВАНДОНРО ГУМРОҲ НАМУДААСТ

Кормандони мақомоти милитсияи ноҳияи Мастчоҳ бар асоси муроҷиати як гурӯҳ шаҳрвандон нафареро боздошт намудаанд, ки даст ба фиреби мардум зада, ба онҳо зарари молиявӣ расондааст.
Тибқи иттилои ВКД, Мунаввар Пирӯзов бо ваъдаи дохил намудан ба муассисаҳои олии мамлакат аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ ба даст оварда, барои эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Аз ҷумла, давоми солҳои 2017 - 2018 бо ваъдаи бе монеа дохил намудани довталабон ба муассисаҳои олӣ аз сокинони ноҳияи Мастчоҳ ва Зафаробод аз 3500 то 14500 сомонӣ гирифтааст.
Ҳоло нисбат ба ӯ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
                
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2019    №: 97    Мутолиа карданд: 727
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед