logo

иқтисод

 АЛАФИ ФАРОВОНИ ЧАРОГОҲҲО. АЗ ИМКОНИЯТҲО БОСАМАР ИСТИФОДА БАРЕМ


Чорводорӣ яке аз бахшҳои афзали маҷмаи агросаноатист, ки барои аҳолӣ  маҳсулоти серғизои гӯшту ширро фароҳам оварда, дар таъмини  амнияти ғизоии кишвар саҳми босазо дорад. Истифодаи самараноки чарогоҳҳо ва захираи кофии хӯроки чорво омилҳои асосии таъсиррасон ба рушди чорводорӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза барои беҳбуд бахшидани ҳолати чарогоҳҳои кишвар андешидани тадбирҳои зарурӣ тақозо мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,8 миллион гектар чарогоҳ, аз ҷумла 2031283 гектар тобистонаи баландкӯҳ ва кӯҳӣ,  қариб 700 ҳазор гектар зимистона, беш аз 675 ҳазор гектар баҳорию тирамоҳӣ  ва зиёда аз 400 ҳазор гектар  чарогоҳи ҳамафасла, мавҷуд аст. Боиси хушҳолист, ки соли равон бо фароҳам омадани боду ҳавои муносиб, хусусан дар пайи боронҳои саривақтии мавсимӣ, алафҳои гуногуннавъи серғизо - гиёҳу рустаниҳои табиии барои чорво зарурӣ дар чарогоҳҳо ва тамоми талу теппаҳои ҷумҳурӣ хуб сабзиданд.
Тавре мониторинги чарогоҳҳои зимистонаю баҳории хоҷагии «Кангурт» - и ноҳияи Темурмалик ва мавзеъҳои Шаштабақу Оби Гӯр муайян намуд, нисбат ба соли гузашта, ҳосилнокии алафзори чарогоҳӣ имсол ба ҳисоби миёна аз 3 то 3,5 маротиба баланд аст. Бар асоси ин ҳисобҳо, дар 1 гектар алафи хушки хӯрданибоби чорво 8 - 12 сентнерро ташкил менамояд, ки нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. Инчунин, наздики 11 ҳазор гектар чарогоҳи зимистонаю баҳории мавзеъҳои хоҷагии ба номи С. Сафарови ноҳияи Балҷувон  санҷида шуд. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки ҳосилнокии алафзори чарогоҳ ва заминҳои алафдарави мавзеъҳои Зардолудашт, Узнохӯр ва Дарвозакан нисбат ба соли гузашта тақрибан 1,5 – 2 баробар афзуда, ҳосилнокии миёнаи алафи хушк 6 - 7 сентнерро ташкил медиҳад.
Ҳосилнокии заминҳои алафдарави мавзеи Лолазори ноҳияи Данғара аз 1 гектар ба ҳисоби миёна 300 сентнер, массаи сабз ё вазни умумии алафи хушк 100 - 120 сентнер, аз ҷумла массаи хӯрданибоб ба ҳисоби миёна 55 - 65 сентнер - гектар ё 22 - 26 воҳиди хӯрок аз як гектарро ташкил  медиҳад ва захира кардани он барои зимистонгузаронии чорво имконпазиру судманд аст.
Олимони соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагидорону кормандони соҳаи чорводорӣ тавсия медиҳанд, ки ҳар чи бештар аз ин имконияти мувофиқ истифода бурда, хӯроки чорворо аз ҳисоби алафҳои табиӣ барои 2 сол захира намоянд. Имконияти пурраи ба воситаи техника даравидани алафзор ва тойбанд кардани алафи даравидашуда мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар ҷойҳои махсуси парвариши чорво, аз ҷумла дар хонаҳо низ, барои  таъмини чорвои худ бо хӯроки дурушти табиӣ захира намудани хӯроки чорво лозим аст.
Барои ҷамъоварии алафи табиӣ бояд ҳашарҳо ташкил карда шаванд. Бо ҳашар алафи талу теппаҳоеро, ки имконияти бо техника ҷамъовари кардани он мавҷуд нест, дастӣ даравида, захира намудан мувофиқи мақсад мебошад.
Барои нигоҳ доштани ҳаҷми алафҳои табиӣ ва таназзул наёфтани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ технологияи чарогоҳгардонро истифода намудан зарур аст. Масалан, чарогоҳро ба чор ҳисса тақсим намуда, як ҳафта ҳиссаи аввал ва баъд ҳиссаҳои боқимондаи чарогоҳро дар вақти муайянгардида чарондан манфиатнок мебошад. Бо ин усул мо метавонем қитъаҳои чарогоҳро аз хатари таназзулёбӣ эмин дорем.
Ҳоло мавсими ба чарогоҳҳои тобистона рондани чорво оғоз гардидааст. Аз ин фурсат истифода бурда, дар назди кашарҳо алафи табииро барои зимистонгузаронии чорво захира (ғарам) намудан, нақшаи пешакии таъмир ва истифодабарии кашарҳоро барои зимистонгузаронии чорво тартиб дода, сари вақт амалӣ кардан аз вазифаҳои муҳими рӯзмарраанд. Инчунин, дар назди кашарҳо ташкил кардани нуқтаҳои об мувофиқи мақсад мебошад.
Хулоса, чорводоронро зарур аст, ки давоми баҳору тобистони соли равон аз имкониятҳои фароҳамовардаи табиат оқилона истифода бурда, барои зимистонгузаронии солҳои 2019-2020  тайёрии комил бинанд. Чорводорон бояд хуб донанд, ки чунин имконияти табиӣ ҳар сол даст намедиҳад.
 
Файзулло АМИРШОЕВ,
директори Институти чорводории
Академияи   илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, 
Давлат КОМИЛЗОДА, мушовири АИКТ,  
Толиб ИРГАШЕВ,  сарходими илмии
Институти чорводории АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2019    №: 97    Мутолиа карданд: 772
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед