logo

ҳуқуқ

 ТАЪМИНИ АМНИЯТ. БО МАҚОМОТ ДАР ҲАМКОРӢ БОШЕМ!

 
Тайи солҳои ахир хатари терроризму экстремизм беш аз пеш доман паҳн менамояд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз хавфи афзояндаи онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳову суханрониҳояшон пайваста изҳори андеша намуда, аз ҳамагон даъват ба амал меоваранд, ки бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда шавад. Аз ҷумла, зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2018) ба ин масъала дахл карда, иброз доштанд: «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона,  имрӯз ҳам паст нашудааст». Бо баёни ин матлаб, Сарвари давлат бори дигар таъкид сохтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бо ин таҳдидҳо тақвият бахшанд.       
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, дар баробари дигар ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Махсусан, барои фаҳмондани оқибатҳои ногувори терроризму экстремизм бо сокинони ноҳия, инчунин, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии дар ҳудуди ноҳиябуда, мунтазам вохӯриҳову мулоқотҳо гузаронда мешаванд. Зимни онҳо, диққати асосӣ ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, омӯхтани касбу ҳунар, сайқал додани савияи дониш, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва гузаштагони пурифтихори халқи тоҷик дода мешавад. Зеро шахсе, ки соҳибмаърифату бофарҳанг аст, ҳаргиз ба доми фиреби нафарони ақидаҳои ифротгароидошта нахоҳад афтид. Боиси зикр аст, ки дар ин вохӯриҳо намояндагони дин низ ҷалб мегарданд ва онҳо бо мисолҳо аз Қуръони карим, аҳодиси набавӣ ва панду андарзҳои ниёгон ба иштирокдорон моҳияти дини мубини исломро мефаҳмонанд. Чунки ҷавҳари дини ислом на зӯроварӣ, балки таҳаммулпазириву накукорӣ ва покизагиву росткорист ва ҳар касе аз ин маънӣ бархӯрдор бошад, ҳеч гоҳ фирефтаи тазвири риёкорон нахоҳад шуд.
Прокуратураи ноҳияи Сино корро дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб беш аз пеш тақвият мебахшад, зеро таъмини амният ва оромиву осудагии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратӣ ба ҳисоб меравад. Ва дар ин ҷода аз ҷониби кормандони прокуратура тамоми чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд, то ки дар ҷомеа волоияти қонун ва суботу оромӣ ҳукмфармо бошад.
 
Акмал АЗАМЗОДА,
ёрдамчии прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2019    №: 97    Мутолиа карданд: 725
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед