logo

иқтисод

 ҚОНУНГУЗОРӢ ИСТИФОДАИ ОБРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Бо мақсади тақвият бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об, мутобиқгардонии он ба қонунгузорӣ аз байн бардоштани ихтилофот  ва номуайянӣ дар муносибатҳо байни субъектони соҳа, танзими масъалаҳо вобаста ба пардохти маблағҳои узвият, нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари шабакаҳои дохили хоҷагӣ, танзим ва дастгирии соҳа аз тарафи давлат вакилони Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» - ро дар таҳрири нав ба тасвиб расонданд
Раҳмон Холмурод, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии он иброз намуд, ки соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ мавқеи хоса дорад. Бино ба гуфти ӯ,  дар раванди таҷдиди сохтори хоҷагиҳои кишоварзии калонҳаҷм ҳоло 180 ҳазор хоҷагии хурду миёнаи деҳқонӣ ташкил гардидааст. Дар баробари ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ як қатор проблемаҳо дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ба вуҷуд омаданд, ки барои истифодаи босамари иншооти гидротехникӣ ва захираҳои об таъсири худро расонда истодаанд.
- Таҳлили иҷрои вазифаҳо аз ҷониби ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об оид ба таъмини истифодаи сарфакоронаи об ва иншооти гидротехникӣ, муносибатҳои байни аъзо ва дигар истифодабарандагони об, танзими давлатӣ, пардохти ҳаққи узвият, хидмати обрасонӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб зарурати такмили заминаи ҳуқуқии фаъолияти онро ба миён овард, - иброз дошт директори агентӣ.
Қонуни мазкур, дар маҷмӯъ, ҳамаи асосҳои ҳуқуқи ташкилӣ ва ҳуқуқи фаъолияти истифодабарандагони обро дар бар гирифтааст. Дар ҳуқуқу уҳдадориҳои дигар истифодабарандагони об, танзими давлатии фаъолияти комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо, ташкили мақоми иҷроияи мудирияти он, моликият, воситаҳои молиявӣ, таъсиси Иттифоқи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дигар масъалаҳо мушаххас баён гардиданд, ки дар қонуни амалкунанда онҳо пешбинӣ нагардида буданд.
Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии қонун гуфт, ки азбаски то имрӯз миёни истифодабарандагони об ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ  шартномаи муайян ё муносибати хуб вуҷуд надошт, қарзи ин ниҳод аз барқ ба 136 миллион ва аз ҳисоби истифодаи об  ба 121 миллион сомонӣ расидааст.
Мавсуф афзуд, ки дар лоиҳаи мазкур вазифаву уҳдадории ассотсиатсияҳо дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамчунин, бастани шартнома дар мавриди пардохти ҳаққи хизматрасониҳо аз ҷониби кишоварзон ва нигоҳдориву истифодаи босамари шабакаҳои дохили хоҷагӣ дақиқ шуд, ки минбаъд барои фаъолияти босамари ассотсиатсияҳо муҳим аст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2019    №: 97    Мутолиа карданд: 774
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед