logo

иқтисод

САНОАТИ САБУК. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ 15 ДАРСАД АФЗУД

Дар раванди амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар саноатчиён мекӯшанд, ки ҳаҷми истеҳсоли молҳои содиротӣ ва воридотивазкунандаро зиёд, ҳамзамон, корхонаҳои нави саноатӣ бунёд намоянд. Давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук (бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ) 373,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 миллион сомонӣ ё 15 дарсад зиёд аст.
15 марти соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии ҶДММ “Бисот” дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, дарҳои байниҳуҷравӣ, мебел барои коргоҳу идораҳо ва маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ машғул мебошад. Дар корхона дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Олмон ва Италия насб шуда, 80 нафар бо кори доимӣ таъминанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда афзоиш ёфта, дар ин давра корхонаҳои соҳа 7797,5 тонна ришта, 3327,5 ҳазор метри мураббаъ матои пахтагин, 49,8 ҳазор метри мураббаъ адрас, 6,6 ҳазор метри мураббаъ  атлас, ба маблағи 77,7 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, 15,6 миллион сомонӣ мебел, 1368 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ, 2253,3 ҳазор ҷуфт ҷуроб ва 336,5 ҳазор ҷуфт пойафзоли гуногун истеҳсол намудаанд. Коркарди пӯст дар ин давра қариб ба 150 ҳазор дона расид.
Саноати дӯзандагӣ қисми таркибии саноати сабук ба ҳисоб рафта, дар корхонаҳои соҳа, асосан, таҷҳизоти наву замонавии истеҳсоли Чин, Корея, Чехия, Олмон ва Россия насб шудаанд, ки ин ба беҳсозии сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Дар корхонаю коргоҳҳои соҳа маҳсулоти дӯзандагии таъйиноти гуногун, аз қабили либосҳои низомӣ, кории махсус, бачагона, мардона, занона, мактабӣ, варзишӣ, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, хаймаҳои артишӣ, сумкаҳо, сарпӯшҳо, парчам, чарчинворӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ нисбат ба соли қаблӣ барзиёд истеҳсол гардида, қисми маҳсулот ба хориҷа содирот шудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра дар корхонаҳои соҳа намудҳои нави маҳсулоти воридотивазкунанда, аз ҷумла уребча, гирдакҳои пахтагин, чӯбчаҳои нафис, пахтаи тиббӣ, риштаи полипропиленӣ ва матои абрешими наддофӣ, истеҳсол шудааст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 939
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед