logo

иқтисод

АШТ. СОДИРОТИ 1260 ТОННА ЗАРДОЛУ БА ХОРИҶА

Боғдорони ноҳияи Ашт бо оғози ҷамъоварии ҳосили нав тавонистанд ба маблағи беш аз 250 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар - Россия, Қазоқистон ва Беларус зиёда аз 1200 тонна зардолуи тару тозаи ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ содирот намоянд. Фаровонҳосилии бесобиқа  дар пайи ба самар расидани боғҳои нав даст дод. 
Бунёди боғҳои нав шароит фароҳам овард, ки солҳои наздик ноҳия дар миқёси кишвар ба содироткунандаи асосии зардолу ва гелос табдил ёбад. Дар ноҳия барномаи рушди соҳаи боғдорӣ барои солҳои 2016-2020  қабл аз муҳлат иҷро шуда, зиёда аз 1000 гектар боғҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кории худ ба ин ноҳия Аштро макони меваҳои шаҳдбор унвон карда, бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда кишоварзонро ба рушди бемайлони соҳаи боғдорӣ ҳидоят месозанд, ҳамзамон, таъкид мекунанд, ки дар баробари  васеъ кардани майдони боғу токзори замонавии бо такя ба технологияи интенсивию суперитенсивӣ бунёдшуда ва истеҳсоли меваи фаровон ба коркарди ниҳоии он - истеҳсоли шарбату консервҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. Қаблан бунёди боғҳо дар ноҳия дар заминаи майдонҳои обӣ ҷараён дошт ва дар ҳар мавсим ҳамагӣ 10 - 15 гектар боғ бунёд мешуд. Ҳоло бунёди боғу токзорҳо, асосан, аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо ба роҳ  монда мешавад. Дехқонон  бо дарёфти сарчашмаҳои дигари обёрӣ -  кофтани чоҳҳои амудӣ дар масоҳати калон дар талу теппаҳо, ки қисмати зиёди ҳудуди ноҳияро ташкил медиҳанд, боғ бунёд мекунанд.
Бино ба иттилои Рафтор Муҳаммадиев, сардори раёсати кишоварзӣ, имрӯз дар ноҳия 17 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, 8,5 ҳазор гектари он ба самар расидааст.   Рӯзҳои наздик дар ноҳия ҷамъоварии оммавии гелос, ки ғолибан аҳамияти содиротӣ дорад, шурӯъ хоҳад шуд.
Рушди боғдорӣ ба ҳаллу фасли масъалаи муҳими иҷтимоӣ - таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Дар мавсими ҷамъоварии мева то 10 - 12 ҳазор сокини маҳаллӣ бо кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 815
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед