logo

фарҳанг

ДЕҲОТ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Тавре маълум, дар  аксари кишварҳо рушди минтақаҳо заминаи асосии рушди устуворро таъмин мекунанд. Дар Тоҷикистон низ рушди минтақаҳо яке аз масъалаҳои муҳимест, ки  дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикр шудааст. Мувофиқи таҳлилҳо, ислоҳоте, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар  тайи солҳои охир дар бисёр соҳаҳо гузаронда шуд, асосан, дар маркази вилоятҳо сурат гирифтааст. Аз ин рӯ, баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки  яке аз самтҳои афзали сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон низ мебошад, тақвият бахшидани иқтидорҳои истеҳсолию хизматрасонии минтақаҳо дар доираи ин солҳо тадбири саривақтист.
Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  рушди минтақаҳо бештар ба ҷанбаҳои  зерин алоқамандӣ дорад:  таъмини баробари аҳолӣ бо  шароитҳои асосии заминавӣ (маълумоти ибтидоӣ, хизматрасонии аввалияи тиббӣ, захираҳои энергетикӣ, оби тозаи нӯшоӣ, шабакаҳои муносиби корезӣ...), ташаккул додани сармояи инсонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии мардум ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ.
Алҳол дар минтақаҳо дар самти ба курсҳои махсуси омӯзиши ҳунарҳои кулолӣ, чӯбтарошӣ, қолин ва атласу адрасбофӣ фаро гирифтани аҳолӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омада истодаанд. Вобаста ба пешбурди соҳаҳои мазкур  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату кумитаҳо, идораву ташкилотҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидаанд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  сохта ва ба истифода додани 20149 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор намудани 376 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст. Қисмати зиёди иншооти бунёдёбанда ба минтақаҳо рост омада, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дармонгоҳҳо, сартарошхонаю ҳаммомҳо ва майдончаҳои варзиширо дар бар мегирад.
Ҳамчунин, сохта ба истифода додани корхонаҳои хурди истеҳсолию коркарди маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Вале барои афзудани дастовардҳо нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар амалӣ намудани мақсадҳо барои рушди деҳот ҳанӯз нокифоя ба назар мерасад, ҳарчанд масъалаи мазкур асоси кори ҳамарӯзаи онҳост. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” дар ин давраи муҳим дар сатҳи зарурӣ амалӣ нагардида, бинобар иттилои Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ВМКБ то ҳол барномаҳои рушди шаҳрак ва деҳот дар ягон шаҳру ноҳияи кишвар таҳия нашудаанд.
  Баробари рушди инфрасохтори деҳот саноатикунонии кишвар барои иқтисодиёт аҳамияти бузург дорад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Пешравии саноат нишонаи камолоти низоми иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Аз нигоҳи иқтисодӣ кишвари дорои сатҳи пасти рушди саноат манбаи ашёи хоми кишварҳои тараққикарда хоҳад шуд. Саноат дар ташаккули даромади аҳолӣ ва Буҷети давлатӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Хуллас, ба шарофати ташаббуси ояндасози Пешвои миллат дар роҳи вусъат бахшидани саноатикунонии иқтисоди миллӣ заминаҳои боэътимод гузошта шудаанд ва бовар аст, ки ҳиссаи ин бахши муҳим дар ММД дар ояндаи наздик ба таври назаррас меафзояд. Баробари рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии деҳоти ҷумҳурӣ рушд ёфтани саноат дар шаҳрҳои калони кишвар аз ояндаи дурахшони Тоҷикистони тозаистиқлол гувоҳӣ медиҳад.
Зокир АМИНЗОДА, муовини раиси Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2019    №: 102    Мутолиа карданд: 880
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед