фарҳанг
"ПУШИНГ"
Асари Иброҳим Пирназарзода, ки дар шакли китоби алоҳида бо номи «Пушинг» аз тариқи нашрияи «Шарқи озод» ба табъ расидааст, тадқиқоти арзишманд маҳсуб мешавад. Ҳарчанд ишора мегардад, ки ин мавод кӯшише барои раҳнамоии сайёҳону олимон ва муҳаққиқон дар кушодани асрори ин мавзеи таърихист, доираи истифодабарандагонаш, бешак, фаротару васеътар мебошад. Махсусан, китоб барои наврасон ва дигар сокинони деҳа низ маълумоти нодиру ҷолиб медиҳад. Ин дар тарбияи ватандӯстӣ, муҳаббат ба зодгоҳ, худшиносӣ ва боло бурдани ҳисси миллӣ ва ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ таъсири неки худро мегузорад.
Аз ин рӯ, иқдоми мазкур боиси дастгирӣ ва ибрат мебошад. Бисёр хуб мебуд, агар таърихи бою рангини ҳамаи деҳаҳои кишвари азизамон ба ин шаклу сифат таълиф ва нашр шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ба таъкид изҳор доштанд: «Сокинони Пушинг имрӯз низ омӯзиш ва пос доштани меросу анъанаҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгони некноми худро идомаи нек мебахшанд».Таҳқиқоту тадқиқоти мазкур дар бораи деҳа гувоҳ бар ин аст.
Воқеан, пас аз мутолиаи ин китоби ҳаҷман хурду мазмунан бузург хонанда на танҳо бо деҳае ошно мешавад, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар ноҳияи Данғара ҷойгир мебошад, балки яқин ҳосил менамояд, он як мавзеи таърихиву фарҳангии ҷумҳурии мост.
Аз рӯи нигоштаи муаллиф мардуми деҳа аз қадимулайём зирак будаанд ва барои бехатарии ин мавзеъ атрофи қалъаҳоро бо об иҳота намудаанд. Агарчанде борҳо душманон ба қалъаҳо ҳуҷум овардаву онҳоро хароб сохта бошанд ҳам, аммо табиати зебову дилрабо ва ҳавои хуррам водорашон карда, ки боз онҳоро обод намоянд.
Ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ қадимӣ будану аҳамияти таърихӣ доштани Пушингро бо қалъаҳо ва дигар нигораҳо собит сохтааст. Албатта, зарур мебошад, ки дар ин макон боз ҳафриёти бостоншиносӣ идома биёбад, то ба асрори зиёди кашфношуда муҳаққиқон дастрасӣ пайдо бикунанду мавриди омӯзиш қарор бидиҳанд.
Муаллиф, аз ҷумла дар бораи қалъаи Чилҳуҷраи дарун ё шаҳраки Пушинг чунин маълумот медиҳад: «Шаҳрак ва Қалъаи бек дар канори байни шимолу ғарбии мавзеъ ва маркази он ҷойгир шудааст. Асосан, мавзеи байни ҷӯйборча ва хати нишеби адирро фаро мегирад, ки дар шакли танӯр намоён аст. Қисми зиёди ҳудуди қадимаи аркро манзилҳои истиқоматӣ ташкил кардаанд. Дар қисми ҷанубтари арк хандақи сатҳаш тахминан 0,25 гектар мавҷуд аст, ки ҳоло дар ин ҷо корҳои бостоншиносӣ гузаронда нашудаанд».
Сурати баъзе аз бозёфтҳои таърихӣ ё худ нигораҳо дар китоби мазкур ҷой дода шудаанд, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ барои мутахассисони соҳа маълумоти ҷолибу муҳиму заруриро дода метавонанд.
Чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ба ин деҳа низ ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи деҳоти Пушинг бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди Данғара - Пушингро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дарозии роҳ 18 километрро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки роҳи мазкур ва дигар иншооти муҳим аз тарафи сокинони ватанпарвари ин деҳа сохта шудаанд.
Ҳамин тавр, деҳа соҳиби бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ иборат аз се ошёна ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир, бинои таваллудхонаи муосир, боғи фарҳангу фароғат ва майдончаи варзиш, боғи Парчам, Нишон ва варзиш бо растаи ҳунармандон гардид.
Симои деҳаи Пушинг бо чунин дастовардҳо ва дастгириҳои ҷавонмардони асилаш сол ба сол боз бештару беҳтар, зеботару дилработар мегардад.
Китобро суратҳои ин иншооти муосир ҳусни тоза бахшидааст.
Албатта, нашри китоби мазкур бо теъдоди зиёд зарур мебошад ва он бояд дастраси ҳамаи алоқамандони ин мавзеи таърихиву дилрабо бигардад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2019 №: 103 Мутолиа карданд: 930