туризм
ВАРЗОБ. РӮ БА РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ навори манзараҳои зебои табиати ноҳия, аз ҷумла кӯҳу пирях, кӯлу дарё, фаввора ва манбаъҳои оби шифобахши мавзеъҳои Хоҷа Обигарму ҳайвонҳои нодири он дар дискҳои таблиғотӣ сабт шудаанд. Акнун, ҳамарӯза аз тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мавзеъҳои сайёҳӣ, тамошобоб ва табиати дилангезу нотакрори ин минтақаи рӯҳафзои кишвар пайваста намоиш дода мешаванд.
Ҳамзамон, дар шабакаҳои интернетӣ маводи таблиғотӣ ирсол мегардад ва дар сомонаи www.varzob.tj, varzob-turism.tj оид ба минтақа, истироҳатгоҳҳову мавзеъҳои таърихии ноҳия маълумот мегузоранд. Айни замон ду ширкати сайёҳӣ - ҶДММ «Роҳи сафед сайёҳӣ» дар деҳаи Кондараи Ҷамоати деҳоти Варзоб - Қалъа ва ҶДММ «Варзоб - сайёҳ» дар деҳаи Ҷангалаки Ҷамоати деҳоти Чорбоғ фаъолият менамояд, ки мутахассисони ин ширкатҳо корҳои мушаххасро вобаста ба таблиғоти минтақаҳои сайёҳӣ ва ҳайвоноту набототи он ба сомон мерасонанд.
Бино ба иттилои Маҳтоб Қосимзода, муовини раиси ноҳия, дар ноҳия мувофиқи ҳисобот, 923 минтақаи истироҳатӣ сабт гардидааст, ки аз инҳо фаъолияти 65 - тоаш ба фароғатгоҳҳои мавсимӣ - оммавӣ мансуб мебошад. Фаъолияти як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди мавзеъҳои фароғатии «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб - Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» доимӣ буда, барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ дар онҳо тамоми шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шудаанд. Соли 2018 бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ се меҳмонхона барои сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта шуд. Дар назди осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” маркази савдо ва нуқтаҳои фурӯши молҳои маҳсули дастони ҳунармандони маҳаллӣ ташкил гардидааст, ки аз онҳо сайёҳони хориҷиву дохилӣ барои хеш чун армуғон туҳфа ва ҳадияҳои хотирмон метавонанд дарёфт намоянд.
Роҳбарияти ноҳия дар баробари тақвияти инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамчунин, бобати ёфтани роҳҳои ҳалли бо шуғл ва зиндагии шоиста таъмин намудани ҳар як сокини деҳот тадбирҷӯӣ менамояд. Дар ноҳия зиёда аз 70 нафар ҳунарманд, аз ҷумла зардӯз, дӯзанда, оҳангар, ҳайкалсоз, сабадбоф, табақтарош, попурзан, адрасбоф машғули ҳунарофарӣ мебошад.
Бо мақсади амалӣ намудани дастури Сарвари давлат баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа давоми семоҳаи аввали соли равон беш аз 100 сокини бешуғл бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, ки 40 нафари онҳо занонанд.
Бобати ҳарчи бештар ҷалб намудани аҳолӣ, бахусус ҷавонон ва занону духтарони хонашин ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои «Дастархонороӣ», «Ҷавондухтари ҳунарманд» ва «Кадбонуи беҳтарин», даврҳои аввали фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз», “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” ва «Сад ранги чакан» баргузор гардиданд. Дар баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Дастони моҳир” дар байни маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ки дар он намояндагони 19 шаҳру ноҳияи кишвар ширкат варзиданд, ноҳияи Варзоб ҷойи дуюмро ишғол намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қадр гардид.
- Ният дорем дар муассисаи таҳсилоти иловагии назди раёсати маорифи ноҳия 24 маҳфил таъсис дода, омӯзиши ҳунарҳои сабадбофӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, чевари либоси миллӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, коркарди чӯб, гулдӯзӣ ва муҳрабофиро бо фарогирии 712 хонанда, аз ҷумла 452 духтар роҳандозӣ намоем, - иброз дошт М. Қосимзода.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2019 №: 103 Мутолиа карданд: 1410