фарҳанг
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР ТАҲКИМИ РАВАНДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Дар замони бисёр ҳассоси мо аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидани ҳунарҳои қадима тадбирест дурандешона, оқилона ва саривақтӣ. Бо ин роҳ, аз як ҷониб ҳифз ва нигаҳдошти анъана ва суннатҳои қадимаи мардумӣ роҳандозӣ гардад, аз ҷониби дигар, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён мебошад, ки аз миллати соҳибтамаддун будани мо - тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Ҳунармандон аз қадимулайём эҳтиёҷи мардумро ба ашёҳои нафиса қонеъ мегардонданд. Ҳунарҳои мардумӣ сарчашмаи муътамади таърихӣ доранд. Ҷустуҷӯҳои археологӣ дар Тоҷикистон аз таърихи куҳан доштани ҳунарҳои мардумӣ дарак медиҳанд. Ин бозёфтҳо ба монанди зарфҳои сафолӣ, дукҳои ресандагӣ, ангуштаринҳо, дастпонаҳои гулдори биринҷӣ, ҳайкалчаҳои гилӣ, кӯза, хум, намунаҳои ҳунари кандакорӣ дар чӯб ва гач бо маҳорат ва ҳунари нотакрор сохташуда, шоҳиди онанд, ки мардуми тоҷик бо ҳунар ва истеъдоди беназири худ аз замонҳои қадим маъмулу машҳур будаанд.
Мардуми тоҷик аз замонҳои хеле қадим ба ҳунарҳои заргарӣ, бофандагӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, кандакорӣ, кулолӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, намадрезӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сандуқсозӣ, ҷуроббофӣ, гаҳворасозӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, чармгарӣ, сабадбофӣ, бурёбофӣ, камзӯлдӯзӣ, кафшдӯзӣ, кордсозӣ, қафассозӣ, қуроқдӯзӣ, лӯхтаксозӣ, мӯзадӯзӣ, наългарӣ, созтарошӣ, танӯрсозӣ, хаттотӣ (хушнависӣ), ҷомадӯзӣ, шерозабофӣ, табақтарошӣ, санги осиётарошӣ, шонасозӣ, гулбандии (гулбаст) худ машҳури ҷаҳон гашта буд.
Санъати чакандӯзӣ одатан дар курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, камарбанд, рӯймол ва ғайра бо риштаҳои ранга истифода мешавад. Ҳар тасвири чакан рамз ва номи худро дорад.
Заргарӣ дар радифи дигар ҳунарҳои мардумӣ таърихи қадима дорад. Ороишоти заргарӣ, аз ҷумла гӯшвора, дастпона, гарданбанд, ангуштарӣ ва амсоли инҳо аз тилло, нуқра, мис, биринҷ ва оҳан бо ороиш аз сангҳои қиматбаҳо, ба мисли алмос, лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷвард ва ғайра сохта мешаванд.
Кандакорӣ, асосан, дар чӯб, санг, устухон, гил ва гач истифода мешавад. Дар ҳунари кандакорӣ бештар чӯбро истифода карда, аз он ашёи рӯзгор: табақ, қошуқ, сутун, дарвоза, болори хонаҳоро месозанд. Ҳунари кандакорӣ, инчунин, дар ороиши чойхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба таври васеъ истифода мешавад.
Ҳунарҳои мардумӣ падидаи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти анъанавии мардум мебошанд. Эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун муаррифигари ғановати фарҳанги моддӣ ва маънавии миллӣ, дар раванди шинохти таърихи халқи тоҷик нақши муҳим дорад. Эҳёи анъанаҳои қадима ва ҳунарҳои мардумӣ моро аз таъсири ҷараёнҳои манфии ҷаҳонишавӣ ҳифз менамояд.
Дар кишварамон бори нахуст ҳунарҳои мардумӣ аз пуштибонии давлат бархӯрдор гардиданд. Рушду такомули онҳо ба раванди худогоҳии насли ҷавон такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Э. ҲАСАНОВ,
магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2019 №: 103 Мутолиа карданд: 769