logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Асъори миллӣ
Бо истифода аз асъори миллии баъзе давлатҳои дигар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёбед.
Тартибдиҳанда: Қувватбек АШУРБЕКОВ, сокини шаҳри Душанбе

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru


КӢ ГУФТ, КИ ГУРБА МОДАР НЕСТ??!
30 марти соли 1996 дар яке аз гаражҳои  бекорхобидаи Бруклини ИМА оташ сар зад. Кормандони хадамоти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ҳангоми хомӯш кардани оташ гурбаеро диданд, ки гурбачаҳои навзодашро аз миёни сӯхтор кашолакунон мебаровард. Гурба худ сахт осеб дида бошад ҳам, аммо бачаҳояшро ба даҳонаш гирифта, берун меовард. Онҳоро мелесид, навҳа мекашид, вале ба тани сӯхтаистодаи худ эътибор намедод.
Баъди он ки 5 гурбабачаро ба ҷойи бехатар кӯчонд, аз ҳуш рафт. Одамон гурбаи қаҳрамонро ба клиникаи ветеринарӣ бурданд. Он ҷо ба гурба Скарлетт ном гузоштанд. Вайро давоми 3 моҳ табобат карда, шифо бахшиданд, вале биноияш, ки бар асари сӯхтор аз даст дода буд, дигар барқарор нашуд.
Қиссаи Скарлетт дили одамонро такон дод. Ба дармонгоҳ 7000 нома омад,  ки хоҳиши ба Скарлетту бачаҳояш додани паноҳгоҳро  доштанд.
Гурба боз 7 соли дигар бо соҳиби наваш зист. Ба шарафи вай ҷоизаи қаҳрамонӣ ба номи Скарлетт таъсис дода шуд. Он ба ҳайвонҳое дода мешавад, ки барои наҷоти  одамон ё ҳайвоноти дигар саъю талош меварзанд.
Таҳияи  Мафтуна НУРИДДИН


МАВЗЕЪҲОИ ҶОЛИБИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
«БАҲОРИСТОН» ОСОИШГОҲЕ, КИ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ КАМНАЗИР АСТ
Осоишгоҳи «Баҳористон» калонтарин макони истироҳатии минтақаи Суғд ба ҳисоб меравад. Он 22 майи соли 2011 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст. Масоҳаташ 22 гектар мебошад. 
Осоишгоҳ аз 6 бино иборат буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Табиати зебоаш тасхиркунанда буда, бо дарахтони зебову нодир, гулу буттаҳои назаррабо диққати ҳамагонро ҷалб мекунад.
Дар варзишгоҳ ва толорҳои варзиши «Баҳористон» барои бозии футбол, баскетбол, теннис ва шиноварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин аст, ки дар соли 2018 аз ин осоишгоҳи машҳури кишварамон 20853 сайёҳи дохилӣ дидан намуд. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ


АВВАЛИН АКСИ СӮРОХИИ СИЁҲ МУАРРИФӢ ШУД
Чанде пеш дар 6 конфронси матбуотие, ки як вақт баргузор гардид, аввалин акси сӯрохии сиёҳ (чёрная дыра) - ро ба аҳли олам намоиш доданд.
Дар акс сӯрохии сиёҳе, ки дар маркази Галлактикаи Элиптикии М87 (МЕССЕ 87) - и аз сайёраи мо дар масофаи 55 соли нур воқеъ аст, тасвир шудааст. Ин объект дорои ченакҳои боварнокарданӣ мебошад. Вай аз Офтоб 6,5 миллиард маротиба, аз сӯрохии сиёҳи Галлактикаамон ҳазор маротиба калонтар аст.
Тасвири  он дар доираи лоиҳаи «Event Horizon Telescope» бо 8 радиотелескопи пурқувват гирифта шуд. Он исботи мавҷудияти объектҳои астрофизикии мазкур мебошад.
Тасвири воқеии сӯрохии сиёҳ, ки барои физикҳои бузург Алберт Эйнштейн ва Стивен Хокинг мавзӯи беохир буд, ба ҳақиқат табдил ёфт. Дар онҳо ҳамаи қонунҳои физика амал намекунанд, вақт меистад, материя ва нур гум мешаванд.
Мушоҳидаи сӯрохии сиёҳ баҳори соли 2017 сар шуда буд, вале барои коркарди суратҳои гирифташуда ба олимон ду соли дигар лозим омад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Зиндагӣ дар дӯзах
Пиронсолӣ ҳам, аз бадбахтӣ ҳимоя намекардааст: дар Полша як ҷуфт ҳамхона ба суд аризаи ҷудошавӣ доданд. Ҳар ду арз карданд, ки: «Зиндагии мо – дӯзахи ҳақиқӣ. Мо дигар наметавонем зери як бом ҳаёт ба сар барем». Ин ҳангом зан 87 ва мард 88 сол дошт. 
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


ШАРОФАТ Ё ПЕШГӮӢ
Дохил шудан ба донишгоҳҳои ҳунарӣ худ як маҳорат аст. Зеро ҷавҳари ҳунар дар ниҳоди довталаб ниҳон буда, ҳоло рӯ назадааст ва муайян намудани он ҳам кори саҳл нест. Танҳо устодони забардаст онро аз нигоҳи аввал пайхас менамоянд.
Барои мисол, довталаби Консерваторияи машҳури Москва Сергей Рахманинов, ки ҳунарашро дигар устодон танҳо чун "техникаи хуб" баҳо дода буданд, устоди имтиҳонгиранда Петр Илич Чайковскийро ба ваҷд овард. Ӯ бо исрор талаб намуд, ки ба Рахманинов баҳои 5 бо 4 – то + (5++++) – аш гузошта шавад. Он замон ҳамкорон танҳо ба эҳтироме, ки ба маэстро доштанд, ба ин кор розӣ шуданд. Пасон, собит шуд, ки П. Чайковский ҳақ будааст. Ҳоло барномаи ягон оркестри бонуфузи ҷаҳонӣ бе асарҳои С. Рахманинов мукаммал шумурда намешавад.
Таҳияи Абдулло РАҶАБЗОДА


УҚОБИ 61 - МЕТРА
Ҳиндустон мамлакатест, ки бо манзараҳои ҳайратангез, таъриху фарҳанги қадима ва маъбадҳояш машҳур мебошад. Он дар рӯйхати хатсайрҳои ҷаҳонӣ мақоми хос дорад. Ҳоло хоҳишмандон метавонанд барои дидани ҳайкали аҷоиби уқоб низ ба ин ҷо оянд.
Ҳайкал дар қарибии Керала ҷойгир шуда, бар эпоси машҳури «Рамаяна» асос ёфтааст. Уқоби асотирӣ дар муҳорибаҳо бо Равана барои наҷот додани олиҳаи ҳиндӣ Сита ҳалок мешавад.
Айни замон, офаридаи Раҷив Анчал калонтарин муҷассамаи паранда дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки дарозии он 61 метрро ташкил медиҳад. Муаллиф ин асари худро муддати 10 сол омода намудааст. Чуноне худи Раҷив Анчал мегӯяд: «Вақте бори аввал намунаи муҷассамаро ба департаменти сайёҳӣ пешниҳод намудам, онҳо ин лоиҳаро афсонавӣ ва амалинашаванда ҳисобида буданд».
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


САРБАНДҲОИ БАЛАНДТАРИНИ ҶАҲОН
Сарбандҳо дар тамоми гӯшаю канори олам вуҷуд доранд. Бояд гуфт, ки аксари ин иншооти бузург натиҷаи заҳмати инсоният набуда, бар асари ҳодисаҳои табиӣ, ба мисли заминларза, обхезӣ ва боришоти сахту сар задани сел пайдо гаштаанд. Танҳо дар гузаштаи на чандон дур одамон бо мақсади истеҳсоли қувваи барқ ба сохтани сарбандҳои сунъӣ шурӯъ намуданд. Инак, саҳифаи «Шоми шанбе» чанд намунаи ин эъҷози инсониятро ба хонандагон пешкаш менамояд.

Ингури (Абхазия)
Сарбанди мазкур дар болооби дарёи Ингури, ки аз қалби кӯҳҳои Қафқоз ҷорӣ мегардад, бунёд ёфтааст. Баландии неругоҳ 226 метр ва тавоноияш 1300 МВТ- ро ташкил меҳад.
Он аз ҷиҳати бузургӣ дар миқёси кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи дувумро ишғол намуда, нисфи аҳолии Гурҷистонро бо барқ таъмин менамояд. Неругоҳи Ингури соли 1970 дар ҳудуди Гурҷистон сохта шуда, ҳоло ба Абхазия тааллуқ дорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СИГОРКАШӢ ОН ҲАМ ОМОРИ ХУДРО ДОРАД
Майлу рағбат ба сигоркашӣ миллионҳо одамро дар ақсои олам ба ҳалокат мерасонад. Бо дарки ин матлаб солҳои охир мубориза бар зидди он пурзӯр гардидааст. Дар натиҷа, шумораи сигоркашон дар ҷаҳон рӯ ба камшавӣ ниҳодааст. Агар соли 2000 - ум байни ашхоси аз 15 - сола боло сигоркашҳо 27, 7 дарсадро ташкил дода бошанд, ин нишондиҳанда дар  соли 2016 ба 20,5 дарсад баробар буд.
Кишварҳое, ки дар онҳо аз ҳама бештар сигор мекашанд (ба ҳисоби 1 дона сигор дар 1 сол ба ҳар сари одам) инҳо мебошанд:
1) Андораа – 6398; 2) Люксембург – 6331; 3) Беларус -2911;
4) Македония – 2785; 5) Албания – 2492; 6) Белгия – 2441; 7) Чехия – 2428; 8) Урдун – 2306; 9) Россия – 2295; 10) Сурия – 2292.
Кишварҳое, ки дар онҳо аз ҳама кам сигор мекашанд, инҳоянд:
 1) Бруней – 10; 2) Гвинея – Бисай – 25; 3) Мавритания – 41; 4) Гана – 41; 5) Антигуа ва Барбуд – 89; 6) Ҳиндустон – 89; 7) Свазиленд – 92; 8) Эквадор – 93; 9) Руанда – 94; 10) Перу – 98.
Таҳияи Умар АЛӢ


GITA ВА KILO РОБОТҲОИ ҒЕЛОН
Ширкати «Piaggio» роботи ғайриодии GITA - ро муаррифӣ намуд, ки ба нақора монандӣ дошта, аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳо мебарояд.
GITA аз забони итолиёвӣ гирифта шуда, «саёҳати кӯтоҳ» гуфтан аст. Роботи доно аз пайи соҳибаш бо суръати 35 километр дар як соат ва бо 18 килограмм бор равон мешавад.
GITA ҳаҷми хурде дорад, аз ин сабаб тангкӯча ва пайроҳаҳоро ба осонӣ мегузарад. Он дорои камерае мебошад, ки роботро аз дуздӣ эмин нигоҳ дошта, харитаи роҳро барояш нишон медиҳад. Робот бо нуқтаҳои дар харита нишондодашуда ҳаракат намуда, ба дилхоҳ ҷой роҳ меёбад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Сеҳри Ҷон Непер
Кашшофи логарифмҳо Ҷон Неперро миёни омма ҷодугар ҳам мегуфтанд. Боре чунин иттифоқ афтод, ки ҳамин «инъом» ба ӯ дар ҳалли муаммое кумак кард. Вақте дар хонаи Непер дуздӣ мешавад, пай мебарад, ки гунаҳгор яке аз хизматгорон аст, вале кадоме аз онҳо дузд буд, ӯ инро аниқ намедонист. Дар ин ҳолат, ӯ аз айёрӣ кор гирифта, ҳамаи хизматгоронро даъват мекунад ва эълон медорад, ки хурӯси сиёҳи ӯ дилу нияти одамонро хонда метавонад ва бо ин каромоте, ки дорад, аз миёни шумо дуздро бемалол кофта меёбад.
Сипас, Непер фармон медиҳад, ки ҳар як хизматгор бо навбат ба хонаи торик дарояд ва ба пушти хурӯси сиёҳ, ки дар он ҷо хоб аст, даст расонад.
 - Вақте дасти дузд мерасад, хурӯс ҳатман фарёд мезанад,- якбора хизматгоронро тарсонда, таъкид мекунад Непер.
Хизматгорон пайи ҳам «ба қабул» даромадаву мебароянд, вале ҳеҷ не ки хурӯси «соҳибкаромот» фарёд занад. Аммо, бо вуҷуди ин, вақте Непер хизматгоронро баъди «имтиҳон» аз назар мегузаронад, дуздро ба осонӣ пайдо мекунад. Дастони одамони бегуноҳ чанги хокистар доштанд, ки хоҷаи айёр пешакӣ ба пушти хурӯс пошида буд. Дузд бошад, аз тарси «хурӯси фолбин» ҳангоми ба хона даромадан, ба ӯ даст нарасондааст. Аз ин рӯ, дастони ӯ дар қиёс бо виҷдонаш тоза буданд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


11 МУЪҶИЗАИ ЗЕРИ ЗАМИН
Поко Энкантадо
Дар боғи Шапада Диамонтинаи Бразилия як гӯшаи табиати зинда дар шакли чоҳ ҳифз гардидааст.
Чоҳи афсуншуда, ё худ Поко Энкантадо дар асл чоҳ не, балки ҳавзи азимест, ки обаш хеле поку мусаффост. Оби он чунон шаффоф аст, ки дар чуқурии 37 метр тамоми рустаниҳо ва кундаҳои дарахтони ҳазорсола баръало ба чашм мерасанд.
Дар фасли гармо, вақти нисфирӯзӣ, ҳангоме ки нурҳои Хуршед ба дохили ғор ворид шуда, ба сатҳи ҳавз бармехӯранд, об ранги худро иваз мекунад ва як манзараи аҷиби сеҳрангезро ба вуҷуд меорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Луи Пастер ва шарти дуэл
Димоғи як ҷаноби олирутбаи сарватманд бо кадом коре аз Луи Пастер, олими машҳури фаронсавӣ сӯхту ӯро ба дуэл даъват кард. Вақте секундант (шоҳид ё ҳаками дуэл) ин хабарро мерасонад, Пастер мегӯяд:
- Азбаски хоҷаи ту маро ба дуэл даъват мекунад, ман ҳақ дорам, ки барои ҳар ду ҷониб яроқро интихоб кунам. Дар байн ду зарфи якхеларо мегузорем, ки яке оби тоза дораду дигаре заҳролуд. Ҷаноби шумо аввалин шуда, аз якеи онҳо, интихобан, об нӯшад, ман аз дигараш менӯшам. Таваккали ҳардуямон ба Худо…
Вақте шарти Пастерро ба хоҷа мерасонанд, ӯ аз раъйяш мегардад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


ФУТБОЛБОЗИ ШӮРАВӢ МАЙМУН – ДАРВОЗАБОНРО КУШТ?
Дар миёнаҳои асри гузашта аксари мухлисони футбол таърихи гӯё кушта шудани дарвозабон – маймунро аз ҷониби футболбози шӯравӣ шунидаанд.
Виктор Понеделник - бозигари мунтахаби шӯравӣ қисса мекунад, ки соли 1963 ӯ дар ҳайати дастаи СКА (Ростов) дар дидор бо мунтахаби Мали (Африқо) ҳузур дошт. Бозӣ дар пойтахти ин кишвар сурат гирифт. Вақте дастаҳо ба майдон мебаромаданд, дарвозабони африқоӣ маймуни хурдакакеро низ ҳамроҳ дошт. Ин ҳолатро дида футболбозони шӯравӣ дар тааҷҷуб монданд. Дарвозабони Мали маймунчаро ба болочӯби дарвоза гузошта, ба сутуни он баст.
Бозӣ оғоз гардид. Дар яке аз ҳамлаҳо футболбози шӯравӣ ба сӯи дарвозаи ҳариф зарбаи нишонрас зад. Тӯб ба болочӯби дарвоза ба он ҷое, ки андак онсӯтар «маймун – дарвозабон» менишаст, бархӯрд. Дар зимн, Понеделник таъйид менамояд, ки тӯб ба маймун барнахӯрдааст.
Бо вуҷуди ин, ғайричашмдошт маймунча ба замин уфтод. Мухлисони дастаи африқоӣ аз ҷой бархеста, бо сару садо табл мезаданд. Дарвозабон маймунчаро рӯи даст гирифта, ба самти ҳуҷраи либосивазкунӣ шитофт. Пас аз ин, ҳамаи бозигарони мунтахаби Мали низ ба он тараф осемавор давиданд.
Ба гуфтаи Виктор Понеделник ба ӯ ва рафиқонаш пешгӯӣ намудани оқибати ин ҳодиса хеле мушкил буд. Намояндаи Сафорати ИҶШС низ нигаронӣ дошт ва мегуфт, ки агар маймун бимирад аз  майдон саломат берун рафтани онҳо басо душвор хоҳад шуд. Хушбахтона, пас аз 20 дақиқа ҳайвон ба ҳуш омад. Дарвозабони африқоӣ бо маймун ба майдон баромада, вайро боз ба болочӯби дарвоза шинонд.
Ҳайати мураббиён барои вазъиятро муташанниҷ нагардондан ба футболбозони СКА гуфтанд, ки аз зарбаҳои сахт ба сӯи дарвоза худдорӣ намоянд ва ба болочӯби дарвоза зарба назананд. Ба ҳамин хотир бошад ки, бозӣ бо натиҷаи 1:1 ба анҷом пазируфт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


АФРОДИ КАМБИЗОАТЕ, КИ САРВАТМАНД ШУДААНД
6. Опра Уинфри,
ровии телевизиони амрикоӣ
Дороӣ: 3 миллиард доллари ИМА
Уинфри дар оилаи камбағал дар иёлати Миссисипи таваллуд шудааст. Бо вуҷуди ин, вай гирандаи стипендия барои таътил дар Донишгоҳи Тенесси шуд. Дар 19 - солагӣ Уинфри аввалин бонуи сиёҳпӯст – хабарнигори телевизиони Амрико гардид. Соли 1983 ба хотири лоиҳаи хусусии худ ба Чикаго омада, бо номи «Шоу Опри Уинфри» машҳур гардид.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


АНТАРКТИДА - ҚИТЪАИ ХУШКТАРИНИ ЗАМИН
Антарктида қитъаест, ки   дар он  элементҳои асосии табиӣ – барф, об, ях ва  кӯҳ  ҷой доранд.  Ҳарчанд дар Арктика  хирсҳо ҳокими мутлақанд, бошандагони  ин қитъа  аксаран пингвингҳоянд. 
Антарктида қитъаи аз ҳама хушктарини кураи Замин буда,  соле ду маротиба  дар самти  ҷанубии  он  борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар он дарёҳо  низ  ҷорӣ мешаванд,  ки  Оникс  яке аз онҳост. Дарозии  он   40 километрро ташкил  дода,  шохобҳояш   ба  кӯли Ванда,  воқеъ дар  доманаи  Райт, мерезанд. 
Антарктида ягона   қитъае дар   ҷаҳон аст, ки ҳеҷ кишваре онро   ба  тобеияти  худ надаровардааст.  Ҳарчанд одамон дар ин ҷо  зиндагӣ намекунанд,  тобистон  теъдоди олимону   муҳаққиқони ба  экспедитсия омада то 5000 касро ташкил  медиҳад.  Аз ин ҳисоб    1000   таҳқиқгар дар   зимистон мемонаду  бо  корҳои омӯзишӣ машғул мешавад.  
Таҳияи  Иронбӣ  МӮСОЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2019    №: 104    Мутолиа карданд: 913
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед