logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар соли 2018” ва Дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022” ҳисоботи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босамари барномаи рушди сайёҳӣ, беҳбудии инфрасохтори соҳа, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Барои ба ҷаҳониён шиносондани сарзамини аҷдодӣ, ҷойҳои таърихӣ аз нав эҳё гардидаву ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид гардад. Бо таҳияи барномаҳои махсус табиати зебову нотакрори кишвар, обҳои мусаффои чашмаҳо, рӯду дарёҳо, меваҳои хуштамъ, гулу гиёҳҳои шифобахш, сайёҳии шикорӣ, таомҳои миллӣ, расму оинҳои бою қадимаи миллати тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ, ба таври васеъ ташвиқу тарғиб карда шавад.
Сипас, дар кори маҷлис масъалаҳо дар бораи тартиби баргардондани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” муҳокима гардид.
Аъзои Ҳукумати мамлакат баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ”, дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парандапарварӣ”-ро ирсол карданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар масъалаҳои дигар, аз ҷумла дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ ва дар бораи Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти маҷлис, ҳамчунин, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба ҷараёни тадбирҳои ободонӣ дар пойтахти кишвар, вусъати корҳои созандагӣ дар иншооти ҷашнии 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини фаровонии маводи ниёзи аввал дар бозорҳои шаҳр, аз қабили меваю сабзавот, орд, равған, гӯшт, танзими нарх дар бозорҳо бо ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, расондани кумакҳои яквақтаи хайрия ба сокинони ниёзманд, омодагии пойтахт ба чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, ҳисобот дод. 
Дар охир, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатӣ ва амалӣ кардани дигар дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳо барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба давраи зимистон, захираи кофии маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии моддии табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар моҳи шарифи Рамазон, дар рӯзи ид ба эҳтиёҷмандон расондани фитри рӯза дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2019    №: 104    Мутолиа карданд: 7859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед