logo

суханрониҳо

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск, шаҳри Душанбе, 30 майи соли 2019

Муҳтарам ҷаноби Туск!
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Мо чанд лаҳза пеш бо меҳмони олиқадри худ - президенти Шӯрои Аврупо, ҷаноби олӣ Доналд Туск, ки бо нахустин сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоту музокирот ва суҳбатҳои самарабахшро ба анҷом расондем.
Равобити ҳасана ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тайи давраи соҳибистиқлолии давлати мо бар пояи усулҳои баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум, эҳтирому эътимод ба якдигар ва риояи манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, дар маҷрои созанда бомаром рушд карда истодаанд.
Имрӯз Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Сафари президенти Шӯрои Аврупо муҳтарам Доналд Туск ба Тоҷикистон боз як нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идома додани ҳамкориҳои судманду гуногунпаҳлуи худ мебошад.
Мо имрӯз атрофи тамоми масоили мавриди назари тарафайн, бахусус вазъи кунунии муносибатҳо, роҳҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи онҳо ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ муколамаи судманд анҷом додем.
Бо камоли қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки як даҳсола пеш ба имзо расидааст, робитаҳои тарафҳо тақвияту тавсеа ёфта истодаанд. Дар баробари ин, зикр шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он равандҳои нави сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ ташаккул ёфтаанд.
Ин воқеият зарурати васеътар кардани доираи рӯзномаи ҳамкориҳо ва таҷдиди заминаи ҳуқуқии онҳоро пеш овардааст. Ин аст, ки мо масъалаи мазкурро мавриди музокирот қарор дода, барои оғоз бахшидан ба раванди таҳия ва ба имзо расондани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба мувофиқа расидем.
Дар музокирот бахши иқтисодии ҳамкориҳоямон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Дар ин замина, тақвият бахшидан ба асосҳои меъёриву ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро тақозои рӯз донистем. Дар ин робита, мо оғози раванди воридшавии Тоҷикистонро ба Барномаи имтиёзҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо - "Ҷи Эс Пи Плюс" (GSP+), ки содироти молу маҳсулоти кишвари моро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархӯрдор хоҳад кард, баррасӣ намудем. Ҳамзамон, мо зарурати тақвияти нақши Аврупоро чун шарики рушди Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварамон таъкид кардем.
Бо арзи сипос таъкид карданиам, ки ҳаҷми умумии кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон танҳо барои давраи то соли 2015 зиёда аз 500 миллион евроро ташкил додааст. Айни замон дар чаҳорчӯбаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди маҳал, тандурустӣ ва маориф лоиҳаҳо бо маблағи зиёда аз 250 миллион евро татбиқ шуда истодаанд.
Стратегияи рушди миллӣ то давраи соли 2030, ки омилҳои калидӣ ва роҳу василаҳои рушди дарозмуддату устувори Тоҷикистонро муайян мекунад, бахши муҳими суҳбати мо буд.
Ҷониби Тоҷикистон иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупоро дар қатори Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид чун шарики калидии татбиқи ин стратегия дидан мехоҳад.
 Мо нигаронии амиқи худро аз хатари густариши терроризму зуҳуроти экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру қочоқи силоҳ, иброз доштем. Дар ин замина, мо бар он андеша будем, ки падидаҳои мазкур муқовимати муштараки ҷомеаи ҷаҳониро дар муқобили онҳо тақозо менамояд. Зимнан, таъкид намудем, ки ҳар ду ҷониб ҳамкориҳояшонро дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарзо тақвият хоҳанд бахшид.
Дар рафти музокирот ба амнияту суботи марзҳои Тоҷикистон ва вазъи Афғонистону минтақа дар маҷмӯъ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Дар ин росто, муколамаи амниятии сатҳи баланд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо чун абзори муҳим арзёбӣ гардид.
Мо ниёзмандии ҷониби Тоҷикистон ба мустаҳкам намудани хати сарҳад ва мусоидати Иттиҳоди Аврупоро дар ин амр, аз ҷумла тавассути тавсеаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид доштем. Ҳамзамон, мо татбиқи лоиҳаҳои минтақавиро баҳри беҳтар намудани сатҳи иқтисодию иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор омили муҳими истиқрори вазъ дар он унвон кардем.
Вобаста ба ин, мо аз Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки соли ҷорӣ қабул мешавад, истиқбол намудем.
Нақши ҳамкориҳои гуманитарӣ дар раванди рушди робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо хеле муҳим дониста шуд ва ҷонибҳо зарурати тақвияту густариши бештари онҳоро бори дигар таъкид карданд.
Ҷонибҳо ба муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омодагии худро барои идомаи он иброз намуданд.
Ҷонибҳо масоили марбут ба минтақаи Осиёи Марказиро, ки солҳои охир хислати хеле мусбатро касб кардаанд, муҳокима намуданд.
Масоили мухталифи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳаводиси ташвишовар дар мамлакатҳои Ховари Миёна низ, мавриди мубодилаи афкор қарор доштанд.
Дар ин иртибот, мо сари он ақида қарор доштем, ки мушкилоти ин кишварҳо, қабл аз ҳама, тавассути гуфтушунид ва бо роҳу василаҳои сулҳомез бояд ҳаллу фасл шаванд.
Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба муҳити зист низ дар меҳвари гуфтугузори мо қарор доштанд. Иброз гардид, ки мо дар ин ҷода назари яксон дорем ва дар иртибот ба иқдомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии пайомадҳои оқибатҳои тағйирёбии иқлим изҳори омодагӣ намудем.
Ҷониби Тоҷикистон, ки дар саргаҳи манбаъҳои обҳои минтақавӣ воқеъ аст, бори дигар изҳор намуд, ки манфиатдори истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои обии минтақа, ҳамчунин, ҳифзи муҳити зисти он мебошад. Дар ин масъала мо бо пуррагӣ ҳамдигарфаҳмии худро бо Иттиҳоди Аврупо изҳор намудем.
Мо ба Иттиҳоди Аврупо барои саҳми амалии он дар рушди Тоҷикистон арзи сипос намуда, ибрози итминон кардем, ки дар доираи стратегияи нави иттиҳод ҳамкориҳои мо равнақи тоза пайдо хоҳанд кард.
Мо ба ҷаноби президент дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият орзу намуда, изҳори умед менамоем, ки аз ин сафарашон ба Тоҷикистон таассуроти хуб хоҳанд бардошт.
Ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2019    №: 104    Мутолиа карданд: 2076
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед