logo

маориф

"НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МАКТАБҲО НИЁЗ БА ҶОЙИ НИШАСТ ДОРАНД"

“Ҷумҳурият”, 1 майи соли 2019

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маводи «Ноҳияи Фирдавсӣ. Мактабҳо ниёз ба ҷойи нишаст доранд» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дод.
Боиси зикр аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе давоми ду соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон ва бунёду азнавсозии 25 муассисаи таълимӣ барои 21198 ҷойи нишаст амалӣ гардида истодааст.
Танҳо дар соли 2018 ва 4 моҳи соли 2019 дар шаҳри Душанбе 9 муассиса барои 6452 ҷойи нишаст (4 – тои он аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр, 3 - тоаш аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 - тоаш аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ) ба истифода дода шуд.   
Моҳи марти соли 2019 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои иловагӣ барои 1560 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки аз 4 ошёна, 38 синфхона, аз ҷумла кабинетҳои фаннию озмоишӣ ва компютерӣ, шоҳмоту рассомӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, инчунин, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзиш ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2018 барои оғози сохтмони 6 муассисаи таълимии нав дар ҳудуди шаҳри Душанбе барои 7440 нафар хонанда санги асос гузошта шуд. Айни замон дар 13 муассисаи таълимӣ барои 12348 хонанда корҳои сохтмонию азнавсозӣ бомаром идома доранд. Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани ин мактабҳо дар як баст 19608 хонанда бо ҷойи нишаст таъмин мешавад.
Ҳамзамон, дар солҳои 2017 - 2018 - ум 4 муассисаи томактабӣ барои 460 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони 14 муассисаи томактабии хусусӣ аз ҳисоби соҳибкорон барои 1717 ҷой идома дорад. 
Тадбирҳои мазкур барои мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили муҳими беҳсозии сифати таҳсилот ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама, баҳри ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст ва таъмини шароити муосири таълимӣ равона гардидаанд.
Ҳамзамон, вобаста ба баргузории шанбегиҳо бо ҷалби хонандагон зикр намудан ба маврид аст, ки сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои  қарори раиси шаҳр аз 12 октябри соли 2018 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019” бо мақсади кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, пайваста ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳо, саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, инчунин, кӯчаву хиёбон ва қитъаҳои муайяне, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таълимӣ ҷудо карда шудааст, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, коллективи омӯзгорону мураббиён, коркунони хоҷагӣ ва хонандагони фориғ аз машғулиятҳои дарсии муассисаҳои таълимӣ бо сарулибоси корӣ дар ҳашари умумишаҳрӣ иштирок менамоянд. Дар ин маъракаи ободонӣ канори кӯчаю роҳҳои гирду атроф ва дохили муассисаҳои таълимӣ, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ тозаву озода гардида,  гулу буттаҳои мавсимию ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинонда шуданд.
Асомиддин БОБОЗОДА, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ
ва миёнаи умумии сарраёсати маорифи шаҳри  Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2019    №: 105    Мутолиа карданд: 1515
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед