logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. ДАРДЕ, КИ МОТАМ ДОРАД

Дар поёни асри 20 ва ибтидои асри 21 ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди зуҳури ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ҷараёнҳоест, ки талош доранд, асосан бо истифода аз эътиқодоти диниву мазҳабӣ афкори мардумро ба сӯи худ ҷалб созанд. Ин гурӯҳҳои радикалӣ бо низоми дунявият, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мутеи онанд, ҳамеша дар ҳоли ихтилоф қарор дошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки арзишҳои дунявиро дар зеҳну шуури мардум камранг созанд.
Ба мардуми огоҳи тоҷик намунаи чунин ҳизбу гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар мисоли ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ маълум аст, ки замоне дар Тоҷикистон рӯзгори мардумро тираву тор намуда буд. Ба иллати тахрибкориҳои ин ташкилоти террористии зархарид кишвари тозаистиқлоли мо барои солҳои тӯлонӣ аз рушд бозмонд ва иқтисоди мамлакат зарбаи сахт дид.
Ҳоло  бо сад далелу арқоми тасдиқ-шуда, маълум гардид, ки саркардагони наҳзат чи дар гузашта ва чи имрӯз таълимоти ифротгароёнаи худро дар назди институт ва урдугоҳҳои гурӯҳҳои даҳшатноки террористии ҷаҳон гирифтаанд. Натиҷаи таълимоти террористии онҳо ба ҳама маълум шуд. Замоне андӯхтаҳои ифротгароёнаи худро дар хоки Тоҷикистон ба ҳукми амал бароварда, мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷикро, ба монанди мардумони имрӯзаи Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои ҷангзада сияҳрӯзгору тирабахт карда буданд. Онҳо бо истифода аз ноогоҳии мардум дар либоси арзишҳои динӣ баромад намуда, аҳолиро ба гумроҳӣ мебурданд.
Натиҷаи амалҳои тахрибкоронаи ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ, ки, асосан, аз берун тарҳрезиву идора мешуд, беш аз 150 ҳазор қурбонии ҷангро боқӣ гузошт, ки ҳанӯз ин ҷароҳати сангини таърих фаромӯш нашудааст. Пӯшида нест, ки тарғиботи наҳзатиҳо ҳамон солҳо то ҷое таъсиругзор буд ва қисмате аз мардуми ноогоҳ кӯр – кӯрона ба сафи онҳо пайвастанд. Аммо, вақте мафкураи миллӣ дар роҳи шинохти арзишҳои воқеии дунявият боло гирифт, мардуми фирефташуда худ ба худ аъмоли норӯшани худ ва маънои сенарияҳои наҳзатиро дарк карданд. Гузашта аз ин, раванди воқеот худ парда аз чеҳраи асливу моҷароҷӯёнаи наҳзат бардошт ва тамоми талошҳои бадхоҳонаи ташкилоти террористӣ ба нокомӣ анҷом ёфт.
Ба ҳама маълум аст, ки наҳзат ва хоҷагону сарпарастони хориҷии он дар сар ҳавои ташкили ҳокимияти теократӣ дар Тоҷикистонро доштанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба таҳқиқотҳои анҷомшуда низоми теократӣ дар таърихи мавҷудияти башар ба манфиати ҳеҷ қавму миллат хизмат накардааст. Дар чунин вазъ талоши саркардагони ТТЭ ҲНИ бо роҳи густариши таассубу хурофот дар ҷомеа даст ёфтан ба манофеи шахсиву гурӯҳӣ аст, на бештар аз ин.
Мо дар таҷрибаи судии парвандаҳои вобаста ба терроризму экстремизм дарёфтем, ки аксари шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, бинобар ноогоҳӣ, дур будан аз арзишҳои дунявию донишҳои ҷаҳоншиносӣ ба доми гурӯҳҳои террористие чун ҲНИ гирифтор мешаванд. Табиатан чунин афрод дорои ҳассосияти баланди динӣ – мазҳабианд, ки мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгаро маҳз ба ҳамин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳ намуда, онҳоро ба осонӣ пойбанди худ месозанд.
Тавре дар конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» 16 - 17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таъкид шуд, бо вуҷуди шикасти бархе гурӯҳҳои террористӣ ҳанӯз ҳам таҳдидҳо аз байн нарафта, терроризму экстремизм метавонад ҳар лаҳза ба ҷони инсонҳову суботи ҷомеа хатар эҷод намояд.
Пас, рисолати ватандориву қарзи инсонист, ки дар чунин вазъият ҳар фарди худогоҳ, бахусус ҷавонон, ки ояндасози миллатанд, дар ҳифзу пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд.
Назрулло ШУКУРЗОД, муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2019    №: 105    Мутолиа карданд: 951
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед