logo

ҳуқуқ

ПОРА. ТАМАЪҶӮӢ КОРМАНДИ ВАЗОРАТРО 11 СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА БУРД

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Аскар Нурализода, корманди масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдоро баррасӣ карда, ӯро барои гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон гунаҳгор донист. Дар ниҳоят, бо ҳукми суд Аскар Нурализода 11 сол равонаи зиндон гардид.
Рафти тафтишот муайян намуд, ки Аскар Нурализода барои дохил намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз тарафи роҳбари ҶДММ «Сохтмон - Сервис» Насимҷон Абдураҳимов пешниҳод шудааст, дар барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016 – 2020 ва дар ин замина ба ҷамъияти номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори даҳ миллион доллари ИМА, аз ӯ бо роҳи тамаъҷӯӣ ба сифати пора 10 дарсад (як миллион доллари ИМА) аз маблағи ҷудошавандаро талаб намудааст.
Ӯ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои ҷиноятиаш аз Н. Абдураҳимов дар ҳашт ҳолат 32 000 сомониро ба сифати пора гирифтааст. Баъдан А. Нурализода аз Н. Абдураҳимов талаб мекунад, ки номбурда аз бинои истиқоматии бисёрошёна дар шаҳри Душанбе, ки ба ширкати сохтмонии ҶСК «Авитсенна» тааллуқ дорад, ба номи ҳамсараш Савринисо Холиқова як хонаи истиқоматӣ ба маблағи 69 360 доллари ИМА харид кунад. Дар ин замина байни ҶСК «Авитсенна» ва шаҳрванд С. Холиқова шартномаи саҳмгузорӣ ба имзо расонда шудааст, ки дар асоси расиди даромади хазинавӣ қисми маблағи хонаи истиқоматӣ ба миқдори 115 030 сомонӣ аз ҷониби Н. Абдураҳимов ба хазинаи ҶСК «Авитсенна» аз номи С. Холиқова пардохт шудааст.
Дар идомаи амалҳои ҷинояткоронаи худ судшаванда Аскар Нурализода боз 13 сентябри соли 2017 дар ҳуҷраи кориаш аз Насимҷон Абдураҳимов ба сифати пора 10 000 доллари ИМА талаб мекунад. Мавсуф ба маблағҳои қаблан гирифтааш қонеъ нашуда, барои мусоидат намудан дар хусуси ҷудо гардидани маблағҳои грантӣ ба манфиати Н. Абдураҳимов аз ӯ боз 490 000 доллари ИМА талаб намудааст.
Ҳангоми гирифтани маблағ дар назди тарабхонаи “Афсона”- и шаҳри Душанбе А. Нурализода дастгир гардида, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд.
Инчунин, А. Нурализода моҳи январи соли 2015 барои дохил намудани лоиҳаи сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда ва анборхона барои нигоҳдории маҳсулот дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016 – 2020 ва дар ин замина мусоидат намудан барои ба кооперативи истеҳсолии «Олимзода» - и ноҳияи мазкур ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 320 000 доллари ИМА, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби роҳбари кооперативи номбурда Олимов Давлат пешниҳод шуда будааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ ба сифати пора 4000 евро талаб намудааст.
Маҳкумшуда аввалҳои моҳи июни соли 2017 барои тарҷума, таҳияву омодасозӣ ва дохил намудани лоиҳаи бунёди боғ ва обёрӣ намудани 50 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ораш» ва бо оби нушоӣ таъмин кардани зиёда аз 450 хоҷагӣ ва 3800 нафар аҳолии маҳаллаҳои 10 - солагии Истиқлолият, Зардолузор ва Меҳрободи шаҳри Панҷакент, ҳамчунин, ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016 - 2020 ва дар ин замина мусоидат намудан барои ба соҳибкори инфиродии ин шаҳр Шодмонқул Сангинов ҷудо намудани маблағи грантӣ ба миқдори 246 300 доллари ИМА аз ӯ 20 000 сомонӣ талаб кадааст.
Ин дар ҳолест, ки Аскар Нурализода дар доираи ваколатҳои мансабиаш вазифадор буд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон Н. Абдураҳимов, Д. Олимов ва Ш. Сангиновро дар барномаи сармоягузорӣ бидуни тамаъҷӯӣ ҷой намояд.
Б. ИСКАНДАРЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2019    №: 105    Мутолиа карданд: 867
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед