logo

номаҳо

ТЕЪДОДИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД, АММО...

Солимии ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар қарор дорад ва ҳамин аст, ки тайи солҳои ахир баҳри ҷалби бештари сокинони кишвар ба тарзи ҳаёти солим, дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон, бунёди иншооти варзиш вусъати тоза касб намудаанд.

Бино ба иттилои мудири бахши варзиши раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Алишер Гулов, танҳо давоми чор моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят як маҷмаа,  28 майдонча ва 2 толори варзиш сохта ба истифода дода шудааст. Мавсуф афзуд, ки бунёди чунин иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дошта, дар маҷмӯъ, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 80 толор ва 300 майдончаи варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Вале, бо вуҷуди ин пешравиҳо, мутаассифона, баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки садди роҳи ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш мегарданд. Аз ҷумла, яке аз мушкилоти асосӣ нархи баланди истифодаи майдончаҳои варзиш мебошад. Ва ин проблема ба он иншооте дахл дорад, ки аз ҷониби соҳибкорон бунёд ёфтаанд. Чуноне зимни суҳбат бо сокинони маҳаллаҳои гуногуни вилоят маълум гашт, як соат истифодабарии онҳо аз 50 то 80 сомониро ташкил медиҳад, ки на ҳама имкони пардохти онро доранд.
Албатта, дар қаламрави вилоят майдончаҳое, ки истифодабариашон ройгонанд, ҳастанд, аммо онҳо имкони қабули ҳамаи хоҳишмандонро надоранд. Бартар аз ин, ҳоло дар баъзе минтақаҳо сохтмони чунин иншоот дар арафаи анҷомёбӣ аст. Аз ҷумла, масъули бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дӯстӣ Низорамоҳ Олимова иброз дошт, ки бо мақсади ба роҳ мондани хизматрасонии ройгон, ба наздикӣ дар маркази ноҳия майдончаи варзиш ба истифода дода мешавад. То истиқболи солгарди  Ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамзамон бунёди боз ду майдонча ба анҷом расида, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳои гуногуни ноҳия боз як толори бузург ва 11 варзишгоҳи хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Бешубҳа, ин тадбир барои то ҷое рафъ намудани мушкилии ҷойдошта мусоидат намояд ҳам, онро пурра бартараф нахоҳад кард. Аз ин лиҳоз, соҳибмулконро мебояд баҳри ҷалби бештари сокинон на танҳо нархҳои ҷориро паст фуроранд, балки барои ашхос аз оилаҳои камбизоат истифодбарии майдончаҳоро ройгон намоянд, ки ин амали хайру инсондӯстона хоҳад буд.
Анвар ҲАФИЗОВ, сокини вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2019    №: 105    Мутолиа карданд: 3527
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед