logo

иқтисод

КӮЛОБ. ШУКУФОИИ ШАҲРИ БОСТОН

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва сокинони шаҳри Кӯлоб – намояндагони касбу корҳои гуногун, соҳибкорон, инчунин, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб натиҷагирӣ шуд.

ҶАБҲАИ СОЗАНДАГӢ
Тавре дар ҷамъомад зикр гардид, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 «Оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи ободонию бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ»  имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори кишвар, аз ҷумла дар шаҳри бостонии Кӯлоб,  ҷавонмардони ободкору созанда  ва саховатпешаро баҳри саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии диёри худ ба арсаи созандагӣ овардааст. Дар маҳаллаю кӯчаҳои шаҳр корҳои созандагӣ вусъат ёфтаанд.
- Дар шаҳр бунёди 766 ишооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд. Ҳамчунин, давоми се моҳи соли равон ба ин қатор 17 иншооти дигари таъйиноти иҷтимоӣ ворид гардид ва теъдоди умумӣ ба 783 - то расид. Дар кӯчаю маҳаллаҳои маркази шаҳр 158, деҳоти Зарбдор 156, Кӯлоб 91,  Зиракӣ 208  ва Даҳана 153 иншооти ҷашнӣ бунёд мегардад. Баробари ин, 37 иншооти дигар аз ҷониби сохторҳои маҳаллӣ дар шаҳр сохта, ба истифода дода мешавад. Соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 108 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла  3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 3 китобхона, бунгоҳи тиббӣ, маркази саломатӣ, 3 майдончаи варзиш, қасри фарҳанг, 4 меҳмонхонаи хурд, 5 маркази хизматрасонӣ, ба истифода дода шуд. То охири соли равон дар шаҳр бояд 236 иншооти дигар ба истифода дода шавад. Мутаассифона, сохтмони аксари онҳо ба таъхир афтода, тайи се моҳи соли 2019 ҳамагӣ 35 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, - иттилоъ дод Абдуҷаббор Раҳмонзода.
 
ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, дар доираи ҷаласаҳои сайёри  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ бо вазорату идораҳо вобасташуда иборат аз 84 банд таҳия гардидааст. 
Ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо байни муассисаю идораҳо ва ҷалби зиёди сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди иқтисодиёти шаҳр таҳти роҳбарии Завқӣ Завқизода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо,  гурӯҳи корӣ фаъолият дорад. Вақти он расидааст, то зодагони Кӯлоб, ки дар бахшҳои соҳибкорию иқтисодӣ кору фаъолият мекунанд, дар корҳои ободонию созандагӣ низ саҳми босазо гузоранд. Боиси ифтихор аст, ки бисёриҳо иқдоми Сарвари давлатро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи шаҳр самимона дастгирӣ карда, ба таъмири роҳу мактабҳо, бунёди иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ рӯ оварданд ва дар ободу зебо гардондани шаҳр ба таври шоиста ҳиссагузорӣ доранд.  Аввалин шуда Анвар Алиев, Сафаралӣ Салимзода ва Наврӯз Комилов кӯчаҳои зодгоҳи худро ба масофаи калон таъмир карданд. Мирзо Исмоилзода 1,5 километр кӯчаи назди идораи  барқи шаҳрро мумфарш намуд. Бахтиёр ва Файзалӣ Лангариевҳо, Алишер Ализода ва Зафар Кенҷа  азм доранд, ки 9 километр кӯчаи шаҳрро таъмир намоянд. Бахусус, дар таъсису бунёди мактабҳо саҳми шахсони хайрхоҳу ватандӯст хуб мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, Шералӣ Сабзов ва Неъмат Шоҳматов таъмири ҷории муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 14 – ро имсол пурра ба анҷом мерасонанд. Ҷамшед Раҳимзода ҳамроҳи ҳамдеҳагонаш бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва маркази рушди истеъдодҳоро ба уҳда гирифтааст. Ҳамчунин, дар пешбурди корҳои созандагӣ ба муносибати пешвози сазовори ҷашни миллӣ саҳми вазирони маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Агентии омор, Хадамоти алоқа, сардорони раёсатҳои амният ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе бештар эҳсос мешавад. Вазирони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм дар бунёди мактабҳои замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳа саҳми арзанда гузошта истодаанд.  Аммо бархе аз соҳибкорону афроди тавонгари шаҳр дар ободсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти худ бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Ҳарчанд марҳила ба марҳила шароити таҳсил беҳтар мегардад, ҳанӯз як қисми биноҳои мактабҳо таъмирталабу фарсудаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2, 20, 30, 53 – и шаҳр бо сабаби нарасидани ҷойи нишаст хонандагон дар се баст дарс мехонанд. Муассисаҳои таълимии № 42 ва 49 дар ҳолати садамавианд, № 20 ва № 3 хеле куҳна шуда, ба таъмири замонавӣ ниёз доранд.  Дар баъзе маҳаллаҳои нав хонандагон барои таҳсил ҳар рӯз қариб 10  километр роҳро то мактаб пиёда тай мекунанд. Онҳое, ки мехоҳанд ибтикори Пешвои миллатро дар корҳои бунёдкорию ободонӣ ба муносибати ҷашни миллӣ дастгирӣ намоянд, метавонанд дар бунёди синфхонаю мактабҳои ҷавобгӯи талабот ҳиссагузорӣ кунанд. Ба ин хотир, дар бунёди мактабу синфхонаҳои замонавӣ соҳибкорон Абдухалил Ғуломов,  Наврӯз Комилов, Бахтиёр Назаров, Саъдӣ Саидшариф ва Қурбон Сироҷов мақсад пеш гузоштаанд. Дар кори сохтмони муассисаҳои табобатӣ аввалин шуда Ҳакимҷон Холов иқдом пеш гирифт ва  дар деҳаи худ  бунгоҳи тиббӣ  бунёд намуд.  Неъмат Шоҳматов низ ҳамроҳи бародаронаш бунёди бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳуснро ба анҷом мерасонанд, - гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ Фарида Маҳмадзода барои мардуми деҳот хати оби нӯшоӣ кашида, танқисии чандсолаи онҳоро рафъ намуд. Шералӣ Сабзов имсол ният дорад, ки ба деҳаи Панҷосиёб об оварда, аҳолии онро бо оби тозаи нӯшоию полизӣ таъмин намояд. Номбурда ва бародаронаш аз зумраи ҷавонмардонеанд, ки дар бунёди иншооти ҷашнӣ бештар ҳиссагузор мебошанд.
Ба муносибати сафари дарпешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар 25  иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ корҳои сохтмонӣ тақвият ёфтаанд. Бо дастури Сарвари давлат Вазорати молия ва Кумитаи андоз гулгаштҳои Сафар Амиршоев ва Саидҷон Назаровро навсозӣ доранд. КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бунёди боғ ва гулгашти назди вокзали роҳи оҳанро ба роҳ мондааст. Аз ҷониби ширкати алюминийи тоҷик боғи марказии шаҳр пурра азнавсозӣ гардидааст. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ якҷо бо Вазорати маориф ва илм боғи «15 - солагии   Истиқлолияти   давлатӣ»- ро таъмир менамояд. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баробари сохтмони биноҳои баландошёна маҷмааи технологӣ ва инноватсионии шаҳрро таъсис дода, 5 коргоҳ ва боғчаи бачагона бунёд намуд. Дар иншооти навбунёд барои сокинон 300 ҷойи нави кор муҳайё гардид. Таъмири коллеҷи мусиқии ба номи Кароматулло Қурбонов низ оғоз ёфтааст. Ҳамчунин, дар шафати боғу гулгаштҳои бунёдшаванда, беморхонаи касалиҳои дил ва фитнес - клуб бо номи «Модар ва кӯдак» барои бонувон мавриди истифода қарор мегиранд. Кӯчаҳои атрофи ин иншоотро Ҷамшед Касиров ва Баҳодур Кенҷаев навсозӣ доранд. 5,5 километр роҳи аз назди иншооти мазкур то варзишгоҳро бо се паскӯчаи дигар  Зафар Кенҷаев пурра мумфарш менамояд. 
Абдухалил Ғуломов, соҳибкори маҳаллӣ, гуфт, ки бо ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ҳамроҳи бародаронаш тасмим гирифтааст, ки дар бунёди иншооти ҷашнӣ мусоидат намояд. Ба ин хотир, сохтмони  муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумиро бо  1250  ҷойи нишаст дар як баст оғоз намудааст. Соҳибкор Алишер Акрамов  боғчаи бачагона барои 200 нафар ва  фурӯшгоҳи замонавӣ сохтанист. Илова бар ин, ӯ таъмири се километр роҳи маҳали зисти волидонашро бар уҳда гирифтааст. 
Тавре Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб гуфт, сифати бархе аз марказҳои хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматии бунёдшаванда ҷавобгӯи талабот  нест.
- Соҳибони манзилу иншооти дигар тавре дилашон хостааст, ҳамон тавр бунёд намудаанд. Гузашта аз ин, зарурати навсозии намои иншооти куҳна пеш омадааст. Аз ин рӯ, ҷиҳати бунёди иншооти нави шаҳр бо тарҳу усули муосир ва тавъам бо меъмории миллӣ мутахассисони варзидаю баландихтисос ба шаҳр даъват гардиданд, - иброз дошт Б. Иноятзода.  

БЕШТАР КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ БУНЁД НАМОЕМ
Аксари соҳибкорон бар ин андешаанд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ дар шаҳр, пеш аз ҳама, корхонаҳои истеҳсолӣ, хоса коркарди маҳсулоти кишоварзӣ,  бунёд гарданд. Зеро ба ин васила иқтисоди шаҳр рушд ёфта, сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Аз ҳисоби даромадҳои иловагии корхонаҳо солҳои минбаъда роҳбарияти шаҳр метавонад корҳои ободонию созандагиро боз ҳам тавқвият бахшад. Дар ин маврид, Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр кард, ки бо мақсади рушди истеҳсолоти маҳаллӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кори ҳамешагӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис ёфтааст. Ин иқдом метавонад барои дар оянда ба шаҳри саноатӣ табдил додани Кӯлоб заминаи боэътимод гузорад.  Гузашта аз ин, дар доираи бунёди иншооти ҷашнӣ дар ин ҷо сохтмони корхонаи азими парандапарварӣ ба анҷом расида истодааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2019    №: 106    Мутолиа карданд: 974
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед